Китобро хазинаи дониш, ганҷи маърифат, дӯсти беғараз, раҳнамои имрӯзу фардо, равшании ақл, покии дил, олами маонӣ меҳисобанд, ки барҳақ аст.
Чӣ ҷойи дурӯғ гуфтан? Гарчанде хондани китобҳои гуногунро дӯст медоштам, хеле кам мутолиа мекардам. Шояд китоби дилхоҳ ба дастам намеафтид, кӣ медонад. Баъдҳо, вақте дар хона ҳама кор мерафтанду танҳо мемондам, фаҳмидам, ки чӣ қадар «дӯстон»-и зиёдеро холаам, ки бароям ҳаққи модарӣ доранд, «ҳамроҳ»-и ман мондаанд. Ана, ҳамон вақт фаҳмидам, ки китобро беҳуда аниси кунҷи танҳоӣ намегуфтаанд. Мисли ташнагон китоберо ба даст мегирифтам, ҳанӯз хондани онро тамом накарда, ба дигараш даст мезадам.
Рӯзе холаам аз кор баргаштанду мисли ҳарвақта китоберо дар ҷевон гузоштанд. Китоб-ро аз назар гузарондам. Номаш «Ранҷиш», муаллиф Шодӣ Раҷабзод будааст. Росташ, ҳисси кунҷковӣ безобитаам кард: кӣ аз кӣ ранҷида бошад? Бинам, «Ранҷиш» номи яке аз ҳикояҳои он будааст, маҷмӯаи ҳикояҳо, оне, ки ман мехостам. Ҳикояи аввалро, ки дар бораи падари қаҳрамон буд, ба зудӣ ба итмом расонидам, хеле хушам омад. Қаҳрамон падарашро дар хоб мебинаду субҳ изи пояшро дар ҳавлӣ. Гӯё филмеро тамошо доштам, намехостам аз он канда шавам. Мазмуни ҳикояи дигар, ки дар бораи тути ҷавон ва маҷнунбед буд («Ғамкушта»), аз хотирам намеравад. Ва ё ҳангоми мутолиаи «Рустоӣ» худро дар русто медидаму зиндагии оилаеро аз боло тамошо мекардам. Дар ҳикояи «Тавба» бошад, дар бораи модари худро ранҷонидани як мард сухан меравад. Ба фикрам, он ҳеҷ як хонандаро бе таъсир намемонад. Хуллас, ҳамаи ҳикояҳо олӣ буданд. Ман ба он китоб чунон дил бастам, ки мехостам онро чун дафтарчаи кисагӣ бо худ гардонам. Аммо… дар ҳикояи “Ҳайфи пули халқ”, ки ман онро трансформатор мегӯям, як чиз бароям номаълум монд: Раиси Калон кӣ буд? Халқи камбағали деҳа, ки ба осонӣ барои ҷамъ кардани 600 сомонӣ розӣ нашуда буданд, чаро дар будани Раиси Калон хомӯш монданд? Магар касе ҷуръати бо Раиси Калон сухан гуфтанро надошт? Агар не, чаро? Ва ё бо ҷеғ задани муфаттиш чаро қиссаи трансформаторро ба ӯ нагуфтанд?
Ҳадияи МУЗАФФАР,
донишҷӯи ДСТДТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр