Нашрияи Омӯзгор

Табиат ғамхорӣ мехоҳад

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар моддаи 44 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст: «Ҳифзи табаит, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Аз ин рӯ, ҳар фард вазифадор аст, ки олами табиатро донад ва барои донистани асосҳои донишҳои экологӣ кӯшиш намояд.

Маҳз табиат инсониятро дар ҳолати мувозинат нигоҳ медорад. Мо як қисми таркибии табиат ҳастем. Одам бо табиат зинда аст. Табиати офтобрӯя, гулбандии дарахтон, болафшонии парандагон ба кас рӯҳи тоза ва ҳаловат мебахшад. Бояд ҳар як шаҳрванд табиати диёри худро дӯст дорад, ҳар сол камаш 3 – 4 ниҳол сабзонад, то он диёреро, ки бештар аз ҷон дӯст медорад ва дар оғӯшаш худро озод ҳис мекунаду хеле хушбахт аст, ба ҳодисаҳои нохушоянд гирифтор нашавад.

Бояд ҳар як шаҳрванд дар обод намудан, хурраму сарсабз гардондани маҳали худ саҳмгузор бошад, Дар маҷмӯъ, кишварамон боз ҳам ободу зебо мегардад. Ин хеле хуб аст, чунки ҳар як растании сабз аз худ дар натиҷаи фотосинтез оксиген хориҷ мекунад ва гази карбонро фурӯ мебарад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки табиат қонунҳои худро дорад ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки бо табиат бепарвоёна  рафтор намояд. Дар акси ҳол, табиат ба инсон таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин, ба табиат ғамхорӣ намудан, ҷангалзорҳоро муҳофизат кардан, обу рӯдҳоро тоза нигоҳ доштан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди солимфикр мебошад.

Зиёвиддин Абдуназаров,

омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш