Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор намунаи ибрати шогирдон

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки илм бо суръати рӯшноӣ пеш меравад. Хонандагони замони мо зираку доно ва серталабанд. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд пайваста омӯзад, донишашро сайқал диҳад, ботаҳаммул бояд бошад, шогирдро шунида тавонад, нисбат ба шогирдон дағалона рафтор накунад.

Ҳар як омӯзгор бояд рӯҳшинос (психолог) ҳам бошад. Вай  вазифадор аст, ки хусусиятҳои синнусолӣ, физиологӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди зеҳни хонандаро ба назар гирад.  Педагоги бузург Макаренко мегӯяд, ки ҳар як омӯзгор бояд пагоҳӣ аввал ба синф даромада, ҳар як хонандаро бодиққат аз назар гузаронад, ҳолати рӯҳии ӯро ба эътибор гирад.

Омӯзгор бояд дорои ҷаҳон-бинии зарурӣ бошад, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, инкишофи босуръати илму техника сар задани мушкилиҳои гуногун ногузир аст. Шогирдон бо саволҳои ғайричашмдошт муроҷиат мекунанд ва омӯзгорро лозим аст, ки ба посухи шогирдон дар масъалаҳои ҳархела суҳбат карда тавонанд.

Омӯзгор дар тамоми давру замон шахси соҳибэҳтиром буда, барои насли ояндасози ҷамъият намунаи ибрат аст. Намунаи ибрат будани омӯзгор барои ташаккулёбии шахсияти хонанда хеле муҳим ва муайянкунанда аст. Росткорӣ, ростқавлӣ, ростравӣ, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ, наку-корӣ, одамгарӣ, хушахлоқӣ, суханронӣ, одоби муошират ва ғайраҳоро дар навбати аввал хонанда аз омӯзгор меомӯзад.

Бинобар ин, омӯзгор дар куҷое, ки бошад (хона, мактаб, синф, кӯча, бозор, театр, варзишгоҳ, нақлиёт) бояд намунаи одобу ахлоқ бошад ва дар асоси фалсафаи “Пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек” рафтор кунад.

Омӯзгор бояд ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо бошад. Тарзи либоспӯшӣ, нутқ, суҳбатороӣ, муносибат, нишастан, роҳ рафтан, дар умум, ҳамаи рафтори омӯзгор барои хонанда, ҳамкорон, билохира, барои атрофиён боиси ибрат бошад.

 

Рудоба Сиддиқова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МДТ “Литсей

барои хонандагони

болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш