Нашрияи Омӯзгор

Омили асосии тарбияи ахлоқию маънавӣ

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар тарбияи маънавии хонандагон ҳамкории мактаб ва оила нақши ҳалкунанда мебозад. Домани тарбияи ахлоқӣ хеле фарох аст. Ба ҳар як рафтори хонандагон аҳамият додан, хусусияти фардии онҳоро омӯхтан ва муносиби феълу атвори ҳар кадоме муносибат кардан боиси баланд шудани маданияти ахлоқии онҳо мегардад.

Вазифа ва мазмуни меъёрҳои ахлоқ дар тарбия аз он иборат аст, ки мактаббачагонро муттасил дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва миллатдӯстӣ тарбия намоем. Амалӣ кардани принсипҳои ахлоқӣ дар асоси талабҳои ҷамъиятӣ дар раванди ташаккули рафтору кирдори шогирдон дар заминаи коллективизм, ёрии ҳамдигарии рафиқона такомул меёбад. Ин кор ба таври стихиявӣ не, балки дар натиҷаи кори босуботи омӯзгорон ва падару модарон ба даст оварда мешавад. Вазифаи муҳими мураббиён ва падару модарон дар тарбияи ахлоқии хонандагон аз он иборат аст, ки ҳисси садоқат ба халқу ватан, дӯст доштани аҳли меҳнат, тайёр будан ба корнамоию фидокориҳо дар онҳо мунтазам талқин карда шавад. Омилҳои таъсири тарбияро дар ду ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, онҳо аз таҷрибаи ҳаёт гирифта мешаванд, ки ба он оила, аҳли ҷамъият, хонандагон ва муҳити зист дохил мегарданд. Омили дуюм, тарбия дар мактаб аст, ки он бевосита аз рӯи нақшаву барномаи муқаррар шуда таъсири тарбиявии худро мегузорад. Дар олами маънавии ҳаёти хонандагон на ҳама вақт хислатҳои нек аз бад фарқ карда мешавад, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ботамкинӣ, худдорӣ, қавииродагӣ барин сифатҳои ахлоқиро ба онҳо хотиррасон намудан зарур аст. Маънои некӣ ва бадиро на ҳама дуруст мефаҳманд. Муносибати наврасон ба меҳнат гуногун аст. Як гурӯҳи онҳо бештар табиати дилраборо дӯст медоранд, дигаре ба меҳнати бунёдкорона шавқу завқи зиёд дорад, дар ду ҳолат ҳам наврасон бештар ба калонсолон тақлид мекунанд, симои аҳли оиларо дар меҳнату ҷамъият инъикос менамоянд. Бояд падару модарон, бародару хоҳарон бо рафтори неки худ ба бачагон ибрат нишон дода, онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ бой гардонанд. Аз ин рӯ, хушахлоқӣ дар ҳама гуна рафтори калонсолон шарти муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Қайд кардан лозим аст, ки фарзанд бояд самимияти оиларо доимо ҳис намояд. Таъсири тарбия дар он вақт пурзӯр мегардад, ки мураббӣ дар назди тарбиятгирандагони худ мақсадро мушаххас гузошта тавонад. Агар кори тарбиявӣ талаботи рӯҳии бачагонро қонеъ гардонад, онҳо симои худро дар маҳсули кори худ дарк намуда, оқибат устоди худро дар ин роҳ комёб мекунанд. Дар тарбияи ахлоқии хонандагон анъана, ибрати шахсӣ аҳамияти калон дорад.

 

Воҳид МУЛЛОХОЛОВ,

роҳбари иттиҳодияи методии

роҳбарони синфҳои литсейи

инноватсионии “Душанбе”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш