Нашрияи Омӯзгор

Фаридун Каримов – ғолиби озмуни «Беҳтарин  кабинети технологияи иттилоотӣ»

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» бори нахуст даври минтақавии озмуни «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» байни омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар озмун аз 13 шаҳру навоҳӣ 11 довталаб иштирок намуданд. Нахуст директори Маркази ТИК Киромуддин Назаров дар хусуси моҳият ва ҳадафи озмун сухан ронд. Шартҳои озмун аз таъминоти меъёрию ҳуқуқии фаъолияти кабинети технологияи иттилоотӣ, ҷиҳозонидан ва ороиш додани кабинети мазкур, барномаи дурнамои мақсадноки рушди муассисаи таълимӣ, таъминоти корҳои ташкили методӣ ва фаъолияти инноватсионӣ иборат буд. Омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Шаҳринав Фирӯзҷон Баҳромов перомуни таъминоти меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти кабинети технологияи иттилоотӣ ва уҳдадориҳои вазифавии мудири кабинет маълумот дода, тариқи тахтаи электронӣ гӯшаҳои ташкилкардаи худро, ки дар онҳо китобҳои дарсӣ, дастуру васоити ёрирасони таълимӣ ва дигар асноди ҳуқуқии марбут ба фанни технологияи иттилоотӣ ҷой дода шуда буданд, муаррифӣ намуд. Аз нақли довталаб маълум гардид, ки дар кабинети технологияи иттилоотии мактаб 15 адад компютер мавҷуд буда, боз 14 компютери дигар низ ҳаст. Аз ин рӯ, маъмурият тасмим гирифтааст, ки кабинети дигарро низ ташкил намояд. Мактаб бо почтаи электронӣ таъмин ва ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Маълум гардид, ки дар мактаби №45-и ноҳияи Шаҳринав китобхонаи электронӣ таъсис дода шуда, маҳфили вижаи «Компютерчиёни ҷавон» амал мекунад. Ҳарчанд К.Баҳромов ихтирооту дастоварди намоён надошта бошад ҳам, аммо 3 мақолаи илмӣ – методӣ иншо ва дар саҳифаҳои нашрияҳо чоп намудааст.

Омӯзгор аз мактаби №33-и ноҳияи Файзобод Дӯстмурод Сафаров дар боби корҳои анҷомдодааш маълумот дода, қайд кард, ки дар муассисаи таълимии онҳо 192 хонанда ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба 12 хонанда 1 компютер рост меояд.  Довталаб аз мактаби №20-и шаҳри Ваҳдат Фаридун Каримов иттилоъ дод, ки дар кабинети технологияи иттилоотии муассиса 15 компютер мавҷуд буда, зиёда аз 40 номгӯй дастуру китоби таълимӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст, Омӯзгор дар фаъолияти худ маҷмӯи саволҳои тестиро истифода мебарад, ки дар компютер таҳия ва ҷой дода шудааст.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни дигари озмун Ҳайдарҷон Ҳусейнов, Фахриддин Шарифов, Насим Бегматов, А.Файзизода ва Ҳаким Ғанизода бо омода намудани наворҳои видеоии кабинети технологияи иттилоотӣ ва намоишу муаррифии фаъолияти худ баромад карда, маҳорату малакаи баланд нишон доданд. Раванди баргузории озмун собит намуд, ки омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар гардидаву тибқи нақшаи дурнамои таълимгоҳҳо дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо ба омӯзгорони фанҳои дақиқ курсҳои кӯтоҳмуддати истифодаи тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор низ ташкил карда шудааст.

Дар ҷамъбасти озмун омӯзгори технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Ваҳдат Фаридун Каримов сазовори ҷойи якум, довталаб аз мактаби рақами 45-и ноҳияи Шаҳринав Фирӯзҷон Баҳромов ҷойи дуюм ва омӯзгори мактаби №33-и ноҳияи Файзобод Дӯстмурод Сафаров ба гирифтани ҷойи сеюм ноил  гардиданд. Ғолибони озмун аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш