Таълими санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ хусусияти амалӣ дошта, ба хонандагон имконияти ташаккули одитарин малакаю маҳорати корӣ ва рассомиро медиҳад. Вазифаи асосии таълиму омӯзиши фанни санъат ва меҳнат ба зебопарастӣ омода кардани хонандагон мебошад ва ин аз тадбирҳои аввалини таълими политехникӣ дар ин синну сол ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи мақсаднок ва бошуурона омӯхтани ин фан хонандагон ба машғулиятҳои амалии синфҳои минбаъда тайёр мешаванд.
Вазифаи ниҳоӣ ва муҳимтарини ин фан омода намудани шогирдон ба меҳнат, расм кашидан, фаҳмиши рангҳо, сохтани шакли ашё аз қисмҳои додашуда, зарурати омӯзиши амалиёти корӣ, эҷод намудан, иҷрои амалҳо ва арзёбӣ мебошад.
Санъат ва меҳнат ҳамчун ҷузъи зебопарастӣ ба хонандагон бояд эҷодкорӣ биёмӯзад, онҳоро ба дарки нозукиҳои фаъолияти эҷодию созандагӣ водор намуда, шавқу рағбаташонро ба навъҳои гуногуни санъат бедор кунад. Ҳангоми омӯзиши фанни санъат ва меҳнати хонандагон, инчунин, бояд қобилияти рассомӣ ва ҳунармандии худро такмил дода, кӯшиш намоянд, ки дар машғулиятҳои эҷодӣ – маҳфилҳои бофандагӣ, рассомӣ, моделсозӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, тарроҳӣ, кандакорӣ, суробсозӣ ва ғайра иштирок кунанд.
Маҳтоб Шарифова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр