Омӯзгорони пешқадам барои пурмазмун гузаштани дарсҳо методҳои гуногунро истифода мебаранд. Яке аз омилҳои самаровари таълиму тарбия дар замони муосир истифодаи низоми салоҳиятнокӣ мебошад. Дар дарсҳои забони модарӣ аз бозиҳои грамматикӣ истифода кардан айни муддаост.
Бозиҳои грамматикӣ яке аз намудҳои кори мустақилонаи хонандагон буда, барои таҳкимбахшии диққат ва тафаккури кӯдакон кумак мерасонанд, шогирдонро аз хасташавӣ боздошта, шавқмандии онҳоро ба ҷараёни омӯзиш афзун мекунанд. Бозиҳои грамматикӣ гуногунанд. Масалан, мавзӯи “Овоз ва ҳарф”-ро гирем:
1. Ҳарфи аввалини калимаи «чой»-ро иваз намуда, калимаҳои нав созед:чой, сой, той, пой, ҷой.
2. Ҳамсадои аввали кали-маи ”дар”-ро иваз намуда, калимаҳо созед ва маънои онҳоро муқоиса намоед: дар, сар, шар, бар, ҳар, кар, ҷар, тар, пар. Ба калимаи “дар” садонокҳои гуногунро гузошта, калимаҳои нав созед ва мазмунашонро шарҳ диҳед:дар, дор, дур, дер.
3. Садонокҳои калимаҳои зеринро бо садоноки ”ӯ” иваз намуда, калимаҳои нав офаред ва аз ҷиҳати мазмун ташреҳ бахшед: бур-бӯр, гул-гӯл, куш-кӯш, сум-сӯм.
4. Калимаҳои аломати сактадорро нависед. Бар ин бозӣ ҳамон кас ғолиб меояд, ки миқдори калимаҳои ӯ зиёд бошад. Барои бозӣ 7 дақиқа вақт дода мешавад: шеър, навъ, аъзам, таъм, шуъба, шуъла, наъра, таълим.
5. Калимаҳое нависед, ки онҳо бо садоноки “Э” сар шуда бошанд: Эркин, Эргаш, эътибор, элак, Эгам, эзоҳ, эрка, эрод.
6. Бозии охир ба аввал. Калима (гул, пахта, духтар, доно) интихоб карда мешавад. Калимаҳои минбаъда бо охирин ҳарфи калимаи дар пешбуда сар мешавад:
Гул, лола, анор зебо, Обид, даҳ дона нок, каду, Умрӣ.
Дар ин бозӣ низ миқдори калимаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад ва вақти бозӣ 7 дақиқа мебошад.
7. Номҳои асбобҳои хонишро номбар карда, ба тартиби алифбо нависед.
8. Номҳои меваҳоро ба тартиби алифбо гузошта, ба дафтаратон нависед: ангур, анҷир, анор, бодом, гелос, зардолу...
9. Номҳои сабзавотро ба тартиби алифбо гузошта, ба дафтаратон нависед.
10. Мақолҳоро нависед, маънои онҳоро нақл кунед:
Дониш чароғи ақл аст.
Нест бе ранҷ роҳати дунё.
11. Ҷавоби чистонҳоро ёбед:
Чӣ бепо мегардад? (соат)
Чӣ танга барин ҷойро мегирад? (асо)
Чӣ одам нею гап мезанад? (радио)
Ғайр аз ин, намудҳои бозиҳои грамматикии хомӯ-шонаро низ истифода намудан мувофиқи мақсад мебошад. Масалан: муаллима ҷадвалро тайёр намуда, дар тахтаи синф овезон мекунад. Дар он ҷадвал расми ашё ва миқдори ҳиҷоҳои онҳо навишта шудааст. Хонандагон хомӯшона миқдори ҳиҷоҳоро муайян менамоянд ва ба дафтарашон менависанд;моҳӣ-2 ҳиҷо, мурғобӣ-3 ҳиҷо, гов-1 ҳиҷо ва ғайра. Истифодаи ин гуна бозиҳои грамматикӣ шавқи бачаҳоро нисбат ба фанни забони модарӣ бештар мекунад.
Насиба ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби №10-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр