Бо нияти гузаронидани дарс-экскурсия бо шогирдонам ба сӯйи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” роҳ пеш гирифтем, ки ҳадаф аз он пайвастани дониши назариявӣ бо амалӣ дар мавзӯи “Селексияи микроорганизмҳо” буд.
Бояд гуфт, ки литсейи «Раҳнамо» бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, огаҳӣ ёфтан аз меҳнати калонсолон ва мусоидат барои интихоби касби онҳо бо комбинати мазкур шартномаи ҳамкорӣ дорад. Вақте бо 25 хонанда вориди корхонаи мазкур гаштем, зани қоматбаланди кушодачеҳра Н.Назарбекова моро гарму ҷӯшон қабул намуда, ба бачаҳо хилъатҳои сафед пӯшонид ва моро роҳбаладӣ карда, дар бораи корхона маълумоти муфиди зиёд дод. Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки Комбинати шири Душанбе аз соли 1964 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Айни замон 50 тонна ширро ҳамарӯза коркард менамояд. Ҳадафи корхона истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз шири табиӣ ва ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ҳоло шуморо ба озмоишгоҳ мебарам, ки дар он ҷо мутахассисон сифати шири хоми воридшударо санҷида, бо маҳлули махсуси химиявӣ безарар менамоянд ва барои омода кардани маҳсулоти тайёр иҷозат медиҳанд…
- Чи хеле ки мебинед, дастгоҳҳо пӯшида буда, шир дар қубурҳои гуногунандоза ҳаракат менамояд ва тақсим мешавад. Тоза будани муҳити корхона ва пӯшида будани дастгоҳҳо хеле муҳим аст, зеро маҳсулоти ширӣ бисёр нозук аст. Корхона 84 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда, ба фурӯш мебарорад. Муҳлати истифодаи маҳсулот дар борҷома тавассути асбоби лазерӣ гузошта мешавад. Дар коргоҳе, ки ворид шудем, қаймоқ, сметана, кефир, биокефир, ҷурғот ва творог (шири бурида) бастабандӣ мешавад. Баъди бастабандӣ ин маҳсулот муддати 10 соат дар яхдонҳо нигоҳ дошта мешаванд, то барои истифода омода гарданд, зеро ба онҳо ба миқдори гуногун мойнӣ ва ба биокефирҳо биоактив ва бифидобактерияҳо, ки барои организми инсон ва раванди ҳазми хӯрок зарур аст, илова карда мешавад. Ях кунонидани шир ва маҳсулоти ширӣ сифати онро гум мекунад, бинобар ин аз яхкунии маҳсулоти ширӣ бояд пешгирӣ кард. Баъди анҷоми кор дастгоҳҳоро бо маҳлули махсус 4 соат шуста, безарар мегардонанд ва пагоҳӣ низ аввал 2 соат онҳоро шуста, сипас ба кор оғоз менамоянд. Аз ин сабаб, бештари вақти кормандон барои шустушӯи дастгоҳҳо сарф мешавад.
Дар коргоҳи дигар маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон бастабандӣ мегардад. Дар ин коргоҳ панирҳоро (сырок) бо истифода аз творог, гандуми бирёншуда, мураббои мевагӣ, шир бо какао ва ғайра омода менамоянд, ки барои кӯдакон ғизои солим ва беҳамто аст ва ҷиҳати барқарор шудани микрофлораи рӯдаи кӯдакон мусоидат менамояд. Ин ҷо озмоишгоҳи мобайнӣ аст, ки мавҷудияти коккҳо, диплококкҳо, барангезандаи бруселлёз ва силро муайян мекунад. Агар маҳсулот аз ин микроорганизмҳо орӣ бошад, он гоҳ ба озмоишгоҳи асосӣ фиристода мешавад. Озмоишгоҳи асосӣ маротибаи дигар маҳсулоти тайёрро санҷида, баъдан барои фурӯш иҷозат медиҳад. Шири босифатро мо аз фермаҳои корхона, ки яке дар ноҳияи Хуросон ва дигаре дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд ва ҳамчунин, аз ҳисоби говҳои мардуми деҳот дастрас менамоем. Бо ин амал бо як тир ду нишон зада мешавад; аз як тараф корхона бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мешавад, аз тарафи дигар, як қатор занон ва ҷавонон бо ин васила бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд. Корхона барои дар ҳолати хуб ворид шудани шир мошинҳои махсус харидорӣ намудааст. Дар фермаҳо зотҳои сершири гов, аз қабили «Симменталии германӣ», «Симменталии шведӣ» «Голдштейни франсавӣ» парвариш карда мешаванд. Ба ҳар як гов микрочип гузошта шудааст ва вақте ки гов ба дастгоҳи говдӯшӣ наздик меояд, оид ба вазъи саломатии он дар компютер маълумот пайдо мегардад. Чунин тарзи нигоҳубини говҳо имкон медиҳад, ки шир бо сифати баланд ва харҷи ками қувваи корӣ ба даст оварда шавад.
Дар анҷоми экскурсия аксари хонандагон, аз ҷумла, Мафтуна Назарова, Бузургмеҳр Ҳалимов, Хосият Гулова ва Райҳона Ёрова ба Н. Назарбекова чунин суолҳо доданд:
- Кадом намуди маҳсулоти корхона ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содирот карда мешавад?
- Айни ҳол ба ҷумҳурии Ӯзбекистон ду намуди равғани маска содирот карда мешавад.
- Дар таркиби маҳсулоти корхона кадом консервантҳо илова карда мешавад?
- Дар маҳсулоти корхона ягон намуди консервантҳо илова карда намешавад, аз ин лиҳоз, муҳлати истифодааш 10-12 рӯз аст.
- Истифодаи шир ва маҳсулоти ширӣ барои организми инсон чӣ аҳамият дорад?
- Аз сабаби он ки дар таркиби шир моддаҳои органикии барои фаъолияти муътадили организм зарур, аз қабили сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо, кислотаҳои органикӣ, вита-минҳо ва микроунсурҳои муҳим мавҷуданд, инсон бояд дар як рӯз аз 150 то 300 грамм маҳсулоти ширӣ истеъмол намояд. Ба наврасон ҷиҳати сабзиши мушаку устухон, мӯй, нохун, мустаҳкамию солимии дандонҳои онҳо чун манбаи намаки Са ва маҷмӯи аминокислотаҳои ивазнашаванда муфид аст.
- Корхона барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ки ин ҳадаф дар Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, кадом нақшаҳоро амалӣ мегардонад?
- Мо нақша дорем, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба маротиб афзуда, барои боз ҳам баланд шудани сифати моли истеҳсолшаванда, истифодаи пурраи иқтидори корхона ва ҷалб намудани бештари мутахассисони соҳибкасб талош намоем ва дар таъмини мардум бо маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва босифат саҳм гузорем.
Лочиной Мамадҷонова,
омӯзгори литсейи «Раҳнамо»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр