Нашрияи Омӯзгор

Супоришҳои тестӣ дар таълими муносибати босалоҳият

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Арзёбӣ дар таълими муносибати босалоҳият барои муайян кардани натиҷаҳои таълим ва дарсҳое,ки барои азхудкунии дониш, малака ва маҳорати хонандагон зарур аст,ба роҳ монда мешавад. Яке аз шаклҳои арзёбии ҷамъбастӣ ташкил ва гузаронидани супоришҳои тестӣ мебошад, ки мавқеи хосса дорад.

Тест масъалаи стандартишудаест, ки натиҷаи он ба арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон нигаронида шудааст. Супоришҳои тестиро омӯзгор пешакӣ худ омода намуда ё аз китобчаи “Саволу ҷавоби тесӣ барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ” (муаллифонаш Н.Одинаев, Т.Салоҳов) истифода бурда метавонанд.

Супоришҳои тестиро дар ҳар лаҳзаи дарс ё ҷамъбасти боб ҷамъбасти чоряк гузаронидан мумкин аст. Агар аз марҳилаи гирифтани тест вақти зиёд гузарад, ба самаранок гузаронидани санҷиш муваффақ намешавем. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки қоидаҳои таҳияи тестро донад. Тестҳои таҳияшуда бояд навъҳои гуногуни супоришро дар бар гиранд. Саволу супоришҳои тестӣ бояд барои хонандагон содда ва фаҳмо бошанд. Ғайр аз ин, вақти иҷрои саволу супоришҳои тестӣ ба ҳисоб гирифта шавад.Ба ҳар саволу супоришҳои тестӣ 2-3 дақиқа вақт ҷудо кардан кифоя аст.

Барои таҳияи супоришҳои тестӣ нишондиҳандаҳои салоҳиятнокиро ба эътибор бояд гирифт. Бо саволу супоришҳои тестие, ки истифода мебарем, хонандагон бояд шинос бошанд. Беҳтар аст, ки саволҳои тестӣ аз ҷиҳати сатҳи душворӣ гуногун бошанд, то дар иҷрои он ҳар як хонанда иштирок карда тавонад. Моро лозим аст, ки барои иҷрои супоришҳои тестӣ ба ҳамаи хонандагон шароити мусоид фароҳам орем, то онҳо озодона супоришҳои тестиро иҷро намоянд.

Баъди гузаронидани супоришҳои тестӣ омӯзгор иҷрои кори хонандагонро аз назар гузаронида, таҳлил менамояд

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар синфҳои ибтидоӣ гузронидани супоришҳои тестӣ завқи донишазхудкунии бачаҳоро нисбат ба ҳамон фан зиёд мегардонад. Масалан, дар китоби фанни табиатшиносӣ дар синфҳои 2,3,4 пас аз анҷоми ҳар мавзӯъ супоришҳои тестӣ оварда шудааст.

  Пас аз ҳаллу фасли мавзӯи додашуда, аҳли синфро ба чор гурӯҳ тақсим менамоем. Ба ҳар гурӯҳ варақе дода, саволҳои тестро мехонем. Хонандагон аз вариантҳои А,Б,В,Г варианти дурустро интихоб мекунанд. Ба ҳар ҷавоб хол гузошта, гурӯҳи ғолиб муайян карда мешавад.

Мақсади тест танҳо назорат ва баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон нест.

Он донистани мафҳумҳо ва қонуниятҳоро низ тақозо дорад.

 

Ҳасан Бобоев,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш