Нашрияи Омӯзгор

Иншо дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дар тавсияҳои методӣ иншоро шакли олии корҳои хаттӣ меноманд. Агар тартиби корҳои хаттиро ба назар гирем, ҳамин тавр аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар мавриди донистани усулҳои баргузории иншо бачаҳо онро хуб менависанд. Зеро онҳо нисбат ба дигар кори хаттӣ, масалан, нақли хаттӣ ба навишти иншо бештар омодаанд, доираи муҳокимарониашон хуб аст. Муваффақият пайдо кардани иншо, пеш аз ҳама, ба интихоби мавзӯъ вобаста аст. Фикр накарда интихоб намудан, ба ҳоли худ гузоштани хонандагон сарфи беҳудаи вақти бачаҳост. Муаллимони пуртаҷриба мавзӯи иншоро аз муҳити бачагон интихоб мекунанд.

Аз мавзӯъҳои тахминии зерин барои иншо дар синфҳои ибтидоӣ истифода бурдан аз аҳамият холӣ нест. 1. Навиштани ҳикоя доир ба китобҳои бадеӣ (чӣ маъқул шуд ва барои чӣ?). 2. Навиштани ягон воқеаи ҳаёти худ ё дигарон. 3. Дар хусуси бозиҳо ва машғулиятҳое, ки худи бачаҳо иҷро кардаанд ва ё дар оинаи нилгун тамошо кардаанд, ба мисли «Бозиҳои шавқовар», дар бораи «Навбатдорӣ дар синф», «Чӣ тавр ман ба падару модарам ёрӣ расонам?», оид ба мавзӯи «Об – манбаи ҳаёт», тозагии мактаб, кӯча, иди Наврӯз, тасвири манзараи баҳор ва ғайра.

Иншо аз рӯйи расм ва ё тасвири манзара барои бачаҳо аҳамияти тарбиявӣ ва эҷодӣ дорад. Тавассути иншо муаллим аз ҷаҳони ботинии кӯдак воқиф мегардад. Иншо кӯдакро водор месозад, ки фикри худро мувофиқи тақозои мавзӯъ ба низом оварда, андешаашро зебо баён намояд.       

Момаҷон Хоҷаева, 

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш