Нашрияи Омӯзгор

«Волидон» ва «волидайн» як чиз нест

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Мақолаи нависанда Эҳсон Субҳон «Волидон ғалат нест», ки вокуниш ба мақолаи инҷониб «Волидайн ё волидон» («Омӯзгор», № 5, 31.01.2018) мебошад, моро водор кард, ки бори дигар қалам ба даст гирифта, андешаи худро баён созем.

Ба назари инҷониб, чунин менамояд, ки эшон раванди таҳаввули забонро нодида гирифтаанд.

Ин андешаи адиб «шакли занона»-и баъзе исмҳо аслан ё иқтибосианд, ё бо таъсири забонҳои арабӣ ва русӣ ба забони мо ворид шудаанд. Аз қабили калимаҳои бофтаю сохтаю нозеби Дилшода, Гулноза,  Мижгона, Шаҳноза, Шоира, Раиса ва амсоли инҳо. Калимаи «волида» ҳам аз ҷумлаи онҳост…». Аввалан, ба таваҷҷуҳи нависанда Эҳсон Субҳон расониданием, ки ному насаби худашон (ҳар ду вожаҳои арабианд). Сониян, агар китобҳои О. Ғафуров «Рассказы об имменах» (1968), «Лев и Кипарис» (1971), «Имя и история» (М. 1987), «Маънои ҳазору як ном» (1987) ва ғайраҳоро саҳифа занем, мебинем, ки асосан баромади он номҳо арабианд ва аксари онҳо «бофтаю сохтаю нозеб» нестанд.

Бо ин андеша шояд ҳадафи нависандаи муҳтарам мубориза бо истифодаи калимаҳои аз забонҳои дигар воридшуда бошад. Як замон дар Эрон таҳти роҳбарии Аҳмади Касравӣ («Забони пок» ном китоб ҳам таълиф кардааст, Теҳрон, 2536) гурӯҳе созмон дода, барои забони форсиро аз тозӣ «пок кардан» кӯшиши зиёде кардаанд. Дар ниҳояти кор диданд, ки агар вожаҳои арабиро хориҷ намоянд, забони форсӣ бисёр «нотавон» хоҳад шуд. Сипас аз ин кор даст кашиданд.

Муҳтарам Эҳсон Субҳон дар мақолааш менависад: «Калимаи «зода» - ро ба шумораи ҷамъ баргардонем, «зодагон» (зоидагон)  мешавад, ки ҳам ба падар ва ҳам ба модар тааллуқ дорад». Ба ин андеша розӣ шудан душвор аст, зеро, аввалан, «волид» маънии зодаро  ифода намекунад. Дар «Мунтахаб» вожаи  «Вилд» ба маънии бача, «валидат» ба маънии духтар ва «валид» ба маъни кӯдак  шарҳ дода шудааст.

Сониян, зоидани волид – падар аз аҷоиботи олам аст ва кадом падар зоидааст? Ва шояд соҳибони фарзанд гуфтан на зоидагон беҳтар аст, солисан, дар фарҳангномаҳо, ба истиснои  «Фарҳанги Амид» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»,  вожаи «волидон»-ро ном набурдаанд. Бояд таъкид кард, ки дар ин шакл, яъне шакли «волидон» мо на дар асарҳои адибони пешин ва на дар асарҳои пас аз Истиқлолияти давлатӣ нашршуда во нахӯрдем. Ҳамеша волид – падар, волида модар ва волидайн (соҳибони фарзанд – Д. Н.) маънидод шудаанд.

Мисолҳои зиёди ҷамъоваришуда собит месозанд, ки дар ҳеҷ яки он ба ҷойи «волидайн»  «волидон»  истифода нашудааст. Табдили «волид» ба «волидон» аз лиҳози фарогирии маънои падару модар нодуруст ва ғалат аст.

Оид ба масъалаи дар забони форсӣ ва тоҷикӣ истифода шудани шакли ҷамъи  дугонаи арабӣ олимон андешаҳои худро баён доштаанд. Масалан, Е. Э. Бертелс дар асари «Учебник персидского языка», (с.1932) чунин менависад:  «Шакли ҷамъи дугонаи арабӣ дар забони форсӣ аҳёнан истифода мешавад, асосан дар ифодаҳои қолибии мавҷуда, мисли «волидайн», падару модар» (саҳ. 15).

Ю. А. Рубинчик низ дар ин масъала менигорад: «Пасванди ҷамъи дугонаи арабии – айн истифодаи маҳдуд дорад, зеро категорияи ҷамъи  дугона дар забони форсӣ вуҷуд надорад, теъдоди маҳдуди калимаҳои баромадаашон арабӣ дар шакли ҷамъи дугона истифода мешавад» (Грамматика  совремённого персидского литературного языка, М. 2001, саҳ. 114)

Муҳаққиқи фасли «Исм» узви вобастаи АИ, профессор Ш. Рустамов дар китоби «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик», Душанбе, ҷ. 1, 1985 чунин менигорад: «Шакли дугонаи исмҳои арабӣ, ки бо айн ифода мешавад, истифода намешавад, шакли зулфҳо, зулфон, қавсҳо, наҳрҳо, тарафҳо маънии шаклҳои ҷуфти арабии зулфайн, қавсайн, наҳрайн, тарафайнро низ ифода мекунад» (саҳ. 102).

Дар мавриди дар забони тоҷикӣ истифода шудани категорияи ҷамъи дугонаи арабӣ забоншиносон С. Ҳалимов ва К. Шукурова дар «Забони ҳозираи тоҷик» (васоити таълим, 1988) навиштаанд:  «Дар забони тоҷикӣ баъзе калимаҳо дар шакли ҷамъи дугонаи арабӣ (мусано) дида мешаванд. Онҳо бо ёрии суффикси – айн сохта шудаанд, хасмайн (ду душман), қавсайн (ду қавс), тарафайн (ду тараф), зулфайн (ду зулф), давлатайн (ду давлат)» (саҳ. 29-30).

Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки пас аз Истиқлолияти давлатӣ таъсири забони арабӣ забони тоҷикӣ бештар шудааст, яъне калимаҳои зиёди арабӣ ба тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои радиоиву телевизионӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Нигаред ба «Луғати калима ва истилоҳоти нав» (Ғ. Ҷӯраев, С. Фатҳуллоев, - Душанбе, - 2003).

Чунонки мебинем, алорағми таъкиди забоншинос Ш. Рустамов, шаклҳои дугонаи исмҳои арабӣ дар навиштору гуфтори тоҷикзабонон бештар шудаанд. Бахусус, вожаи «волидайн» дар асару мақолаҳои ба таълиму тарбия бахшидашуда қариб бо «падару модар» дар мусовӣ истифода мешаванд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло хулосаҳои ниҳоии мо ин аст:

Якум, вожаи «волидон» танҳо падаронро дар назар дорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ «тарҷумаи ҳар ду: таваллудкарда, офарида, зоида, зода намешавад». Чунонки дар аввал ишора кардем, шояд «соҳибони фарзанд» - ро ифода намояд. Дар ҳар сурат шакли дурусти он «волидайн» аст.

Дуюм, дар адабиёти бадеӣ (ҳам назму ҳам наср) ва фарҳангномаҳо (ба истиснои «Фарҳанги форсии Амид») танҳо шакли дугонаи «волидайн» истифода шудаанд. Агар шакли «волидон» дуруст мебуд, Аҳмади Дониш  ё устод Айнӣ ва ё ҳамзабонон дар осорашон «волидон» - ро ба маънии падару модар корбаст мекарданд. Муқарриз бе овардани намунаи мисолҳо аз осори бадеӣ бар асоси гуфтори мардум андешаашро исбот карданӣ шудааст, ки қобили қабул нест.

Сеюм, муҳаққиқони забони форсӣ – тоҷикӣ дар мавриди камистеъмол будан ва хоси ин забон набудани вожаи мазкур ҳарф зада, ҳеҷ кадоми онҳо муродифи «волидайн» будани «волидон» - ро зикр накардаанд. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки ба чунин шакли он дар адабиёти бадеӣ вонахӯрдаанд. 

Возеҳ аст, ки ин қолаби калимасозӣ хоси забони арабӣ мебошад. Он дар адабиёти хаттӣ корбаст шудааст ва мешавад. Бо мурури замон гоҳе истифодаи он маҳдуд ва гоҳе аз нав васеъ гаштааст. Ин равандест, ки ҳамаи забонҳо аз сар мегузаронанд. Қисмати вожаҳои иқтибосӣ (ва баъзан чанде аз вожаҳои худӣ) низ чунин аст. Ин ҳолатро набояд нодида гирифт. Калимоти арабии зиёде дар забони тоҷикии форсӣ ворид шудаанд ва аксари онҳо чунон ҳазм шудаанд, ки гумон мекунед, ки тоҷикист. Масалан, «китоб» - ро дар тоҷикӣ чӣ мегуфтанд?

Воқеан, дар истифодаи вожаҳои иқтибосӣ меъёрҳои забонро бояд риоя кард.

 

Д. НУРИДДИНОВА,

омӯзгор, шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш