Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолият – тақозои замон

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Мусоҳиба бо сардори  раёсати  маорифи вилояти  Суғд, профессор Осим Каримзода

- Муаллими муҳтарам, маълум, ки соҳаи  маориф бағоят вусъатманду  пурҳаводис аст ва дар ин соҳа  пайваста  навгониву тозакориҳо  ба вуқӯъ мепайванданд. Аз рӯйдодҳои охир, ба назари шумо, кадомеро  бештар муҳим ва пураҳамият арзёбӣ  метавон кард?

- Мегӯянд, ки дар таълиму тарбия ҷузъиёт вуҷуд надорад; ҳар як гуфтаву  амал, ҳар як нукта нақшеву таъсиреро  дорост. Ин ҳикмати барҳақро  метавон дар  маҷмӯъ ба кулли  бахшҳои соҳаи маориф мансуб донист. Ба шарофати сиёсати  маорифпарваронаи  Пешвои муаззами миллатамон ин соҳаи муҳим пайвас-та ривоҷ меёбад, фарогиртар мешавад. Ҳамарӯза ҳодисаҳои зиёди фараҳбахш рух медиҳанд дар соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон ва аз ҷумла, дар соҳаи маорифи  вилояти Суғд. Яке аз рӯйдодҳои  муҳиму  манфиатборе, ки соли  гузашта ба соҳаи  маориф навгониҳои  зиёд ворид сохт, иртиботманд бо ташаббуси Сарвари  кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  эълони  Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ буд. Вобаста ба ин  тадбири  судманд ҷанбаи  миллию ватанпарваронаи   таълиму тарбия  тақвият ёфт, тозакориҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд. Дар кулли таълимгоҳҳои вилоят ба тарғибу омӯзиши  ҳунарҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар назди  теъдоди  зиёди  мактабҳо (беш аз  800 муассисаи таълимӣ) танӯру оташдонҳо барои маҳфилҳои  пазандагӣ  бунёд гардиданд. Ба ин васила шогирдони мо на танҳо ҳунари нонпазиро  омӯхтанд, балки  дар омодасозиву пухтани  хелҳои нон мумтоз шуданд ва бештар  ҷолиб он аст, ки хонандагон бо роҳбарии  устодонашон  баъзе  навъҳои  фаромӯшшудаи  нони тоҷикиро эҳё намуданд. Дар як  қатор таълимгоҳҳо  нонпазу пазандаҳои  маъруф меҳмони  маҳфилҳо шуда, бо хонандагон  суҳбатҳо оростанд, ба онҳо амалан тарзҳои  омодасозии хамиру пухтани нон ва махсусиятҳои  тайёр  кардани  таомҳои  миллиро нишон доданд. Ҳамчунин, дар мактабҳо дарс-саёҳати  хонандагон  бо нонвохонаҳову ошхонаҳои  шуҳратёр  ташкил карда шуд. Ҳоло дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 360 маҳфили сӯзанидӯзӣ,  400 маҳфили  қолибофӣ, 200 маҳфили  атласу адрасбофӣ амал мекунанд. Барои  ин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ 1069 дастгоҳи қолибофӣ ва 133 дукони  атласу  адрасбофӣ харидорӣ  шудааст. Соли гузашта вобаста ба ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи  ноҳияҳову вилоят борҳо намоишу озмунҳо  ва ҷашнвораҳо баргузор карда шуданд, ки хеле рангину ҷолибу хотирмон буданд.

Хуб шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навини худ (26.12.18) ибтикороти собиқи худро вусъат бахшида, солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон карданд. Ин ба идомаи силсилаи  чорабиниҳо дар таълимгоҳҳо вобаста ба ҳунаромӯзӣ ва рушди ҳунарҳои  мардумӣ  мусоидат мекунад. Умуман, хирадомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ бояд ҳамеша дар меҳвари кори таълиму  тарбия қарор дошта бошад.

Ин ҷо ман вобаста ба суоли  матраҳшуда танҳо як навгонии соҳаро андаке тавзеҳ бахшидам, аслан, тозакориву бозёфтҳои  шоистаи  таърифу тавзеҳ зиёданд, хушбахтона.

- Шумо аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ  ёдовар шудед ва дар он, аз ҷумла, изҳори  нигаронӣ шуда, ки дар  мактабҳои  мамлакат  сатҳу сифати  таълиму тарбия такмилталаб аст ва коҳиши теъдоди омӯзгорони варзида ба мушоҳида мерасад.

- Ҳадафи  ин таъкиду ишораатонро  фаҳмидам. Эродҳое, ки дар Паём нисбат ба соҳааи  маориф омадаанд, комилан дурустанд. Чандест, ки бо дастуру  раҳнамоии  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мо баҳри  дар тамоми таълимгоҳҳои  вилоят бартараф кардани  норасоиҳои дар Паём зикршуда ҷидду ҷаҳд дорем. Маълум, ки ин кор давраи муайянеро тақозо дорад, вале баъзе пешравиҳо дар ин самт то ин дам ба мушоҳида мерасанд. Санҷишу таҳлилҳои охирин  собит намуданд, ки сатҳи таълиму тарбия дар аксар мактабҳои вилоят ба дараҷае боло рафтааст, фаъолияти омӯзгорон низ таҳким ёфтааст. Шумораи  зиёди  кормандони  соҳа ба такмили  ихтисос ҷалб  гардидаанд. Иштироки шогирдон дар маҳфилу  озмуну  сабқатҳо  афзудааст. Фаъолияти  онҳое, ки  бо таҳсилоти миёнаи  умумӣ ба омӯзгорӣ машғул буданд, пурра қатъ карда шуд. Мо тадриҷан ба анъанаи  ба омӯзгорони ғайриихтисос вогузоштани  таълими фанҳо хотима хоҳем дод. Бояд гуфт, ки масъалаи  такмили  сатҳи таълиму тарбия  аслан ба омилҳои  зиёде, амсоли  вусъати фаъолияти омӯзгорон, самармандии низоми  назорат ва хадамоти  методӣ, муҳтавои  барномаву дастурҳои  таълимӣ, сифати  китобҳои  дарсӣ, баргузории ҳамоишу конфронсҳои илмию амалӣ ва методӣ, таҳияи  нақшаҳои муфид, омӯзишу густаришбахши  таҷрибаи  пешқадам, роҳандозии  робитаву ҳамкорӣ  байни аҳли  таълиму тарбия, роҳбарии муваффақона дар мактабҳо… вобаста аст. Муҳимтар аз ҳама  азми комил ва иттиҳоду ҳамбастагист. Дуруст фармудаанд, ки  «Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро, Парокандагӣ орад андуҳро».

- Мо огаҳӣ дорем, ки  ҳамасола дар озмуну сабқатҳои  гуногуни  вилоятиву ҷумҳуриявӣ мактабиёни  вилояти Суғд фаъолона  ширкат  меварзанд. Омӯзгорони вилоят низ дар озмунҳо байни аҳли  таълиму тарбия аксаран ба пирӯзӣ  даст меёбанд.

- Воқеан ҳам, аз ин ҷиҳат мо ифтихормандем. Танҳо дар давоми  соли  2018 дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 327 хонандаи муассисаҳои  таълимии вилоят  ширкат  варзида, 139 нафар сазовори  ҷойҳои  ифтихорӣ  гардиданд. Дар олимпиадаҳои  фаннии байналмилалӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 хонандаи мактабҳои  вилоят ҷоизаҳо ба даст оварданд. Аз ҷумла, шогирди таълимгоҳи рақами 3-и ноҳияи Спитамен Аҳрор Исмоилӣ дар олимпиадаи байналмилалии  хонандагон соҳиби   медали  биринҷӣ  гардид.

Бояд гуфт, ки  тобистони  соли  гузашта  250 хонандае, ки дар озмунҳо ба пирӯзӣ расидаанд, ба тариқи  ройгон дар фароғатгоҳҳои  мактабиён истироҳат намуданд.

Ин ҷо бамаврид менамояд бигӯям, ки дар соли 2018 дар вилоят ҳодисаи  аҷибу ҷолибе  ба вуқӯъ пайваст; бори аввал 6 хатмкардаи як муассисаи таълимӣ – литсейи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд сазовори  номаи камоли (аттестат) аъло (2 медали  тилло ва 4 медали  нуқра) гардиданд. Ин ҳодиса дар миқёси  ҷумҳурӣ низ нозир  надорад.

Дар соли 2018 омӯзгорони  вилояти  мо дар давраи  ниҳоии (ҷумҳуриявии) озмунҳои бонуфузи «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» дастболо гардида, ҷоизаҳои асосиро сазовор шуданд. Раиси  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо аҳли  маориф ба ғолибони ин озмунҳо ва ҳамчунин, ба ғолибони  озмунҳои вилоятии «Беҳтарин омӯзгори ҷавон», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» ҷоизаҳо супориданд. Тобистони соли гузашта беш аз 50 омӯзгори фаъоли вилоят  ба тариқи  ройгон  дар фароғатгоҳҳо ба истироҳат ва табобат машғул шуданд.

- Ба назари шумо, айни ҳол бештар ба кадом  масоили  марбут ба беҳдошти  вазъи  таълиму тарбия дар вилоят таваҷҷуҳ мебояд зоҳир кард?

- Чунонки дар оғоз гуфтам, тамоми  бахшҳову масоили  таълиму тарбияро таваҷҷуҳи  ҳамешагӣ  мебояд. Ба вуҷуди ин, албатта, ба бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда диққати  бештар равона бояд кард. Чанде  аз ин камбудиҳоро номбар мекунам. Мо аз вазъи  татбиқи  Барномаи рушди  муассисаҳои  таҳсилоти  томактабӣ ва миёнаи  умумии  хусусӣ барои солҳои  2014-2020 дар вилоят қаноатманд нестем. Дар асоси замимаи 2-и ин барнома дар давоми  7 сол дар миқёси  вилоят таъсиси  280 муассисаи  таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ  шудааст. Аммо то ҳол танҳо 35 муассисаи таълимии  томактабии хусусӣ оғози фаъолият кардааст, ки ин  хеле кам мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои  Истиқлол, Деваштич, Зафаробод, Айнӣ, Кӯҳистони  Мастчоҳ, Исфара, Шаҳристон ва Мастчоҳ то ҳол муассисаи таълимии томактабӣ вуҷуд  надорад.

Вазъи таъсиси  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии хусусӣ низ бозгӯй ба  талабот нест.

Моро мебояд, ки вобаста ба иҷрои пурраи  талаботи  Барномаи  давлатии  таъмини  муассисаҳои  таҳсилоти  умумии  ҷумҳурӣ бо кабинетҳои  фаннӣ  ва озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази таълимӣ  барои  солҳои 2018-2020» тадбирҳои  иловагӣ биандешем, зеро татбиқи  барномаи  мазкур, махсусан, дар шаҳру навоҳии  Зафаробод, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент дар сатҳи  паст қарор дорад.

Масъалаи даст ба ҷиноят задани  ноболиғон хеле ташвишовар аст. Дар соли 2018 беш аз 150 ноболиғ ҷиноят (дуздӣ, авбошӣ, бе ҳуҷҷат ронандани мошин…) содир кардаанд, ки теъдоди  бештари онҳо аз шаҳру ноҳияҳои  Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Спитамен, Мастчоҳ ва Панҷакент мебошанд.

Кӯшиш бар он дорем, ки ин ҳама камбудиву норасоиҳоро ҳар чӣ зудтар бартараф намоем.

- Аҳли  маорифи вилоят соли  таҳсили  равон дар чӣ  рӯҳияе  ба фаъолият машғуланд?

- Пас аз шунидани Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аҳли маорифи вилояти моро рӯҳбаландии тозае фаро гирифта. Ҳамагон ҷидду ҷаҳд доранд, ки  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистони азизамонро  ба таври шоиста  истиқбол бигиранд. Дар вилоят «1300 рӯзи  меҳнати  зарбдор ба истиқболи  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон  шудааст. Дар татбиқи ин чорабинии идона, албатта, аҳли маорифи вилоят дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.

 

Суҳбатороён

А.Муродӣ, 

Н.Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш