Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди кишвар саҳмгузор бошанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо бо мақсади таҳмили мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чанд даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро пушти сар намоянд. Мардуми шарафманди тоҷик 27 сол боз соҳиби давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол аст. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бо маром рушд ёбад ва Тоҷикистон қадам ба қадам пеш равад. Тӯли ин муддат тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши ҳукумати кишвар барои расидан ба 3 ҳадафи стратегии миллии мо-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона шуда буд. Имрӯз волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардида, низоми ягонаи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии мустақил бо маром фаъолият доранд, қонунияту тартибот таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шудааст.
Идигул САИДАЛИЕВА,
омӯзгори мактаби №67,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр