Дар дунё омӯзгор ва модар рисолати басо бузургро бар дӯш доранд.
Кӯдак то ҳафтсолагӣ дар ду муҳит ба воя мерасад, ки яке хона ва дигаре муассисаи томактабист. Дар хона дар муқоиса ба боғча кӯдак, ба истиснои баъзе аз маҳдудиятҳо, дар амалкарди хеш озод аст.
Дар боғча бошад, ӯ муваззаф аст, ки аз рӯйи қоида ва муқаррароти пешбинишуда амал намояд. Бо бори аввал қадам ба боғча гузоштанаш қабули чунин муҳит барояш саҳл даст намедиҳад, зеро аз озодии мутлақе, ки дар хона дошт, то ҷое бенасиб мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳолати бамиёномадаро кӯдак танҳо дар сурати якҷоя амал намудани волидайн ва мураббии боғча метавонад ба осонӣ паси сар намояд. Пас, падару модарро зарур аст, ки ҳамаро ба мураббӣ ҳавола нанамоянд, балки дар одат кардани кӯдаки худ ба муҳити боғча бояд хеле саҳим бошанд. Чунин ҳолат тақозои онро дорад, ки волидайн ҷиҳати тезонидани раванди мутобиқсозии фарзанд ба боғча вақт ҷудо намоянд, яъне дар нимаи моҳи аввал як ё ду соатро дар боғча бо ӯ гузаронанд. Баъдан, бо гузашти вақт тадриҷан ин муддатро кӯтоҳ ва билохира, ба сифр баробар намоянд.
Барои он ки кӯдак ба боғча дилгармӣ пайдо намояд ва пазироии муҳити боғча барояш саҳл муяссар гардад, метавон аз роҳи ҳавасмандсозӣ истифода намуд. Масалан, метавон барои ӯ бозичаи дилхоҳашро ҳадя намуд. Агар мо дурандешона рафтор кунем, аз ин фурсат истифода бурда, барои ӯ зеботарин китобчаи тасвирдору диққатҷалбкунандаи афсонаҳоро ҳадя месозем. Бо чунин амал мо дар самти ҷалби кӯдак ба китоб нахустқадамро мегузорем. Имкон дорем, ки бо мутолиаи афсона аз китобчаи тақдимкардаамон қадами худро дар ин ҷода боз ҳам устувортар бигардонем. Фурсат аст барояш тавзеҳ бидиҳем, ки агар ӯ низ чашми хат пайдо намояд, худ метавонад мустақилона мутолиа намояду аз бисёр чизҳои ҷолиб бохабар гардад ва ба ӯ ваъда бидиҳем, ки агар ҳарфҳо ва баъдтар хонданро ёд гирад, аз ин ҳам китоби зеботару шавқовартарро барояш ҳадя хоҳем кард. Агар ин барои мо муяссар гардад, метавонем дилпур бошем, ки фарзанди мо оянда китобхону соҳибмаърифат ба воя мерасад.
Агар хона ва боғчаро марҳилаи якуму дуюми ташаккули кӯдак шуморем, пас, метавон мактабро марҳилаи сеюм хонд. Мо-волидайн дар ин марҳила муваззаф ҳастем, ки ҳамон меъёр ва равандеро, ки барои кӯдаки худ дар боғча пайгирӣ доштем, бояд идома бахшем. Мо ҳақ надорем, ки кулли бори гарони масъулияти тарбияро бар зиммаи омӯзгор гузорем. Шумо тасаввур намоед, ки се ё панҷ фарзанд дорем, тафовути синни яке аз дигар аз ду ё се сол беш нест, дар як муҳит бузург мешаванд, анвои ғизои яксон доранд, хислатҳояшон ба якдигар монандӣ дорад, бо вуҷуди ин, на ҳамеша дар миёни онҳо якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, гоҳо сари бозӣ миёнашон ихтилоф мехезад ва агар торҳои асаби оҳанӣ ҳам дошта бошем, ин моро нороҳат мекунад, асабӣ мегардем ва хоҳ-нохоҳ садо баланд мекунем. Пас, чаро андеша намекунем, ки омӯзгор дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар як синф бо 50 хонанда, ки ҳама хислатҳои мутафовит доранд, тӯли 5 ё 6 соат сари кор мегирад ва ҳама амалкарди баҷову ноҷои онҳоро таҳаммул менамояд. Инро ҳар яки мо-волидайн бояд дарк намоем ва бо даст додани фурсат дар канори муаллими фарзанди хеш бошем. Аз ӯ ҷӯё шавем, ки фарзанди мо чи дониш ва чи хулқу атвор дорад, то дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба муаллим ёвару мададгор гардем. Агар робита дар миёни волидайн ва мактаб, хосса бо муаллимони фарзандон дар сатҳи ҳасана ба роҳ монда шавад, бидуни шубҳа, метавон ба он муваффақ гардид, ки фарзанд чун инсони комил ба воя расад. Мутаассифона, имрӯз ана ҳамин робитаи миёни падару модар ва мактаб на дар сатҳест, ки зарур аст.
Зайнура Ҳоҷиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №56-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр