Нашрияи Омӯзгор

Босмачиён ва тафаккури миллӣ

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Мавзӯи баҳси босмачиён ва ҳаракати босмачигарӣ солҳои қабл, ҳанӯз дар даврони роҳбарии охирин Президенти давлати Шӯравӣ М.С.Горбачёв, мавриди баррасӣ ва таҳлилу андешарониҳои зиёди иддае аз аҳли илму адаб, ба як сухан зиёиён қарор гирифта буд. Ин баҳсҳои доманадори беохир бо шурӯъи ҷанги дохилӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон фурӯ нишаст.

Вазъу омилҳои маълум фурсат нагузоштанд, ки овозаю дағдағаи ҳарзагӯён оид ба босмачигарӣ ва аз ин гурӯҳҳо офаридани қаҳрамону ба майдони таърих ворид намудани ба ном марҳалаи ҷадид – ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ дар солҳои 20-30-юм бо ғояю фалсафатарошии безамина ҷиддан идома ва шакл гирад. Ҳамакнун, бо пушти сар шудани тақрибан 30 сол оташи баҳси хомӯшшуда дафъатан аз ҷониби роҳбарияти ТТЭ ҲНИ афрӯхта гардидаву ба тадриҷ дар сайтҳои гуногун мӯҷиби бигӯ – магӯҳо ва радду бадали афкори афроди алоҳида гардидааст. Маълум аст, ки мавзӯи матраҳгардида ва гардонандагони аслии он, ки дар хориҷи кишвар панаҳ бурдаанд, ҳадафҳои сиёсии ҳадафмандона доранд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ беғаразона ва аслан, ба манфиату ормонҳои миллию ватанпарварона набуду нест. Аз ин хотир, ҳақ баровардани ҳаракати босмачигарӣ ва дар симои гурӯҳҳои алоҳидаи ба ном «ватанхоҳ» ҷустани ватандӯстони истиқлолиятхоҳ, чунонки  донишманди маъруф,  профессор Иброҳим Усмонов таъкид кардааст, амали беҳуда ва иҷбориест дар масири тағйир додани воқеоти таърих ва бозтоби каҷназаронаи он. Воқеан, дар як суҳбат нависандаи маъруфи тоҷик, дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, устод Ӯрун Кӯҳзод дар хусуси босмачиён андешаи худро баён карда, онҳоро афроде номид, ки гарчанд муборизу муқовиматхоҳ буданд, вале тафаккури миллӣ ва мақсади сохтани давлатдории тоҷикиро надоштанд. Барои онҳо ҳувияту арзишҳои тамаддунпарварона ва ормонҳои волои миллӣ бегона буданд. Аз далелҳои таърихӣ ва шаҳодати осори адибони забардасту машҳури тоҷик, ки худ бевосита воқеоту ҳодисаҳои фоҷиабору нангини солҳои баъди Инқилоби октябр ва зуҳури наҳзати босмачигариро бо чашми сар дидаанд, беҳтар маъхазу сарчашмае магар ҳаст? Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар асари худ – «Дохунда» бедодгарию ваҳшонияти босмачиёнро ҳаққонию воқеӣ ва басо таъсирбахш тасвир намудааст. Устоди беҳамтои адабиёти тоҷик дар ин роман бо изтироб нақл мекунад, ки чӣ тавр роҳзанони беаслу насаб бо навбат ба сардори худ Иброҳимбек дар бораи бедодгариҳои содиркардаи худ хабар медиҳанд. Яке аз онҳо бо ифтихор ҳисобот медиҳад, ки фалон деҳаро оташ задааст, дигаре аз ба қатл расонидани дарзӣ (хайёте) пайғом мерасонад, ки барои ҷадидон ва болшевикон либосҳои хоса (форма) медӯхтааст. Бад – ин тариқ, даста аз як – як аз гӯшаш ба дарахт парчин кардану аз бинияш овехтани афроди бегуноҳ, оташ задании хирмани гандуми бенавое ва амсоли ин сухан дар миён андохта, сабаби иҷрои ин амалҳоро танҳо дар он мебинанд, ки мардуми бегуноҳ ба неруҳои Ҳукумати нав  (артиши сурх) ба ину он васила дасти ёрӣ дароз кардааст. Ба нақл аз устод С.Айнӣ, дар ин байн шахсе, ки «халтаи карбоси даҳонбастаро» дар зери зонуяш нигоҳ медошт, хомӯширо афзалтар шуморида менишаст. Ниҳоят аз ӯ пурсидан мехоҳанд, ки дар халта чи чизе ҳаст, ки ӯ дар бораи он ҳарфе намегӯяд?

«Як босмачӣ ба гӯши дигаре оҳиста гуфт:

- Маълум мешавад, ки ягон бачаи беришро дар ин халта андохта, ба нияти пешкаш кардан ба ҷаноби олӣ (амир) бардошта гаштааст.

- Нишон деҳ, ки ин матои нестандарҷаҳон чист, - гуфт Иброҳим.

Он шахс даҳони халтаро кушода, нишон дод, ки гӯшу биниҳои буридаи одамист ва гуфт:

- Ҳар кадоми ин гӯшу биниҳо гӯшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоҳони онҳост, ки ба нияти устувор кардани давлати олӣ буридаам ва баъд аз ин ҳам, ҳар қадар гӯшу бинӣ, ки дар ин роҳ бибурам, ҷамъ мекунам; - ҳар вақт ки амир омаданд, ба ҳузури муборак пешкаш менамоям, дар он вақт ҷаноби олӣ медонанд, ки Туғайсариғ кӣ будааст ва марҳаматҳои муносиб дар ҳаққи  ман хоҳанд кард. (С.Айнӣ, «Дохунда», Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1949, саҳ 341-343). Маълум аст, ки босмачиён дар дохили кишвар бо неруҳои ҳукумати нави Шӯроӣ мубориза бурда, аҳолии деҳу музофотро, ки ҳамаҷониба тарафдори сиёсати ҳукумати болшевикӣ буданд, бо азобҳои  гӯшношунид ба қатл мерасонданд. Амири фирорӣ дар Афғонистон ба умеди пирӯзии ин дастаҳо дар сар хаёлҳои хом мепарварид. Босмачиён таҳкурсӣ ё ба ибораи дигар, қувваи асосию пешбарандаи сиёсати бенизоми амир Саид Олимхон маҳсуб меёфтанд. Разолату қабоҳати амирони манғит нахуст дар асари «Рисолаи таърихӣ»-и мутафаккири тоҷик, шоир Аҳмади Дониш баъдан осори устод С.Айнӣ – хусусан «Ҷаллодони Бухоро» реалистона тасвир ва ба зери танқид гирифта шудааст. Ҳамагон аз повести «Ҷаллодони Бухоро» манзараи даҳшатангези қатли одамонро, ки дар боби «Усули нави одамкушӣ» инъикоси худро ёфтаасту ҷавҳари манфури режими хунхоронаи аморатро дар он замон нишон медиҳад, хуб дар ёд дорем. Фориғболӣ ва ба айшу ишрат вақти худро гузаронидани амиру думравонаш аз он равшану аён мегардад, ки дар як қаламрави бузург, ки дар таҳти тасарруфи ин ҷаҳолатпешагон қарор дошт, ҳатто як бемористон вуҷуд надошт, чӣ расад ба мактабу театру муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ. Манзараи ҳамоқату дар халоби нодонию қафомондагӣ ғарқ гардидани амиру ҳокимони маҳаллӣ дар романи таърихии нависандаи ҳақиқатнигор Ӯрун Кӯҳзод – «Ҳайҷо» бо ҳама паҳлуҳояш таҷассум ёфтааст. Як мисоли он ки рӯҳониёни хурофотӣ бо бемории вабо мубориза бурданро бо ба даст гирифтани машъалаҳо дар даст аз хонаю ҳавлӣ ва кӯчаҳо пеш кардан ба мардум тавсия медиҳанд, худ гувоҳи бемағзию ҷоҳилии ҳукуматдорону пайравонаш маҳсуб меёфту халос. Босмачиён маҳз татбиқкунандаи ҳамин гуна сиёсати пастфитратона ба шумор рафта, бо бехирадии тамом алорағми озодию баробарҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа ошӯбҳо бардошта, даст ба ҷангу шабохун мезаданд.

Ваҳшонияти дастаҳои золими босмачиён дар китоби Р.Амонов – «Заволи авантюраи Фузайл Махсум ва Аъзам» (Душанбе, 1960) бо тасвири ҳақиқати талхи ба дор овехтани муаллимаҳои бегуноҳ ва раиси ҷамоат – зани таҳҷойӣ барҷаста бозтоби худро ёфтааст. Аз ҳикояти Р.Амонов маълум мегардад, ки Фузайл – Махсум аз дарёи Сурхоб гузашта, ба Ҳоит меояд ва ба қурбошиҳояш Кӯри Салим ва Абдуллобек амр медиҳанд, ки муаллимаҳо ва дигар коркунони советию партиявиро ҳабс кунанд. Дар ин росто, Фузайл иҷрои ҷазои бераҳмонаи ба дор овехтани муаллимаҳо Маълумбибии 19-сола, Сайрамбибӣ, Аъламбибӣ ва раиси совети қишлоқ Чиллабибии дуҷонро ба ихтиёри бародараш, ҷаллод Садод Махсум вогузор мекунад. Ин манзара дар китоб ба таври зайл тасвир шудааст:

«Ба назди духтарон босмачиёни ҷаллод тохта омаданд, то ки ба гарданашон арғамчин банданд. Вале комсомолдухтарони ҷасур ба ҷаллодон чунин изҳор карданд:

- Мо намехоҳем, ки дастони мурдори шумо ба мо расанд, ин дастони ифлос чандин одами бегуноҳ ва чандин мӯйсафедро куштаанд, онҳо сарвати бо меҳнати ҳалол ғункардаи халқро ғорат кардаанд. Мо аз шумо авф намепурсем. Халқ қасоси моро мегирад. Духтарон худашон ҳалқаро ба гарданашон монданд. Садод Махсум ба ҷаллодонаш амр дод, ки арғамчинҳоро кашида, духтаронро ба дор овезанд. Аксарият сар фуруд оварда, гиряву фиғон мекарданд ва вақте ки духтарони бегуноҳро ба дор кашиданд, мардум ҷасадҳои оҳиста алвонҷхӯрдаистодаи се қаҳрамонзанро диданд, ки барои хушбахтии халқ ҷон нисор карданд.

…Ҳамин тавр, муборизони роҳи хушбахтӣ ва маърифатнокии халқ – муаллимаҳо Сайрамбибӣ, Аъламбибӣ ва Маълумбибӣ ҳалок гардиданд». Хотиррасон бояд кард, ки раиси ҷамоати деҳот – Чиллабибӣ бо фатвои муфтӣ Мулло Ҳоҷӣ ба сабаби ҳомила буданаш ба қатл расонида намешавад, вале рӯҳонии золим фатво медиҳад, ки баъди таваллуди тифл Чиллабибӣ ҳатман ба дор кашида хоҳад шуд. Чунин мисолҳо дар таърих бисёранд, ки ба таври даҳшатангезтарин ба қатл расонидани раиси дигари ҷамоат дар ноҳияи Лақайтоҷик (баъдтар Ленин ва ҳоло Рӯдакӣ) Зайнаббибӣ аз ҷониби босмачиёни қаламрави ин минтақа яке аз дигар кирдорҳои гургсириштони дохилӣ ба шумор меравад. Фоҷиаи зикршуда дар қиссаи ҳуҷҷатии нависандаи маъруфи тоҷик, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев ба тафсил ба риштаи тасвир кашида шудааст. Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Коммунист Таджикистана» (30 ноябри соли 1955, №282) дар хусуси ҷаллоди дигари хунхор қурбошии бешараф Карим  - Додхоҳ дар ноҳияи Шаҳритус сухан меравад. Ин босмачии ба ном «Додхоҳ» чун аз пуштибонии мардум маҳрум мегардад, аз пиру ҷавон, занону духтарон  ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия қасду кина гирифта, онҳоеро, ки аз амру фармони ӯ сар метобанд, бо азобу шиканҷаҳои тасаввурнопазир ба ҳалокат мерасонад. Аз ҷумла, бо фармони Карим – Додхоҳ яке аз ҷавонони шуҷоатманди ноҳия Ҷӯра Очилддиев танҳо ба сабаби иттилоъ надодан дар бораи гарнизони артиши сурхҳо кушта мешавад. Карим  - Додхоҳ амр медиҳад, ки Очилдиевро чор қисм кунанд.

Ҳамакнун, аз муддаиёну ҷонибдорони ҳаракати босмачигарӣ пурсише дорем, ки магар ҳамин аст миллатдӯстию ватанпарварии саркардагони ба ном «наҳзати миллӣ – озодихоҳӣ?» Суоли матраҳи дигар ин аст, ки чаро мардуми заҳматкаш аз ин ҳомиёну пуштупаноҳи дурӯғини шариат ва Ватан ҳимоят ва ҷонибдорӣ накарданд? Зеро онҳо аслан, дар маҳдудаи қолабӣ ва танги тафаккур монда, ҷаҳонбинии хурофотие доштанд. Тангназарию ҷаҳолат, бадбинию нафрати онҳо дар қиболи равшанфикрон, бо номи шариату ислом, фатвои ҳалол будани хуни зиёиёнро содир кардани дастаҳои бедодгар, ба як сухан фаҳмишу ҳувияти онҳо дар ҳикояи Ӯрун Кӯҳзод – «Достони муаллим», ки ба омӯзгори мубориз Ҳомид Қаҳҳоров бахшида шудааст, бо маҳорату ҳунари баланди нигорандагӣ нишон дода шудааст. Аслан, мутолиаи танҳо ҳамин ҳикояи пурмуҳтаво худ ҷавобест ба ҳама баҳсу ҳангомаҳо атрофи мафҳумҳои босмачию босмачигарӣ. Киву чӣ будан, дар банди кадом андешаю аҳдофи муғризона қарор доштани босмачиён дар ҳикоя ба таври воқеънигорона, батафсил тасвир шудааст.

Хуллас, дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ дастаҳои босмачиён шикаст хӯрда, несту нобуд карда шуданд, зеро ақидаю фаҳмиши онҳо ғайрибашарӣ ҳисоб меёфт. Дар Ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ (он замон Лақайтоҷик) босмачиён муаллими нахустин Фатҳулло Убайдиро танҳо ба он хотир, ки ба фарзандони мардум хату савод меомӯзонад, ба қатл мерасонанд. Ҳамин кирдори разилона дар минтақаи Ғарм нисбат ба маорифпарвари мубориз Каримҷон Ҳусейнзода (бародари шодравон, Шарифҷон ҳусейнзода) низ ба иҷро расонда мешавад. Дар Хатлон, Зарафшон, Бадахшон, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ҳазорон равшанфикр аз дасти босмачиён ба ҳалокат расидаанд.

Таърихро тағйир додан, бо фаҳмишу хостаҳои манфиатҳои сиёсии худ мутобиқ намудани аҳзобу ҳаракатҳои ифротгаро ба бод гиреҳ задану ба ҳован об кӯфтан асту халос.

Аз ин рӯ, аз ҳодисаҳои хунину нангини солҳои 90-ум, ки ба сари миллати тоҷик фоҷиаю даҳшатҳои тасаввурнопазир овард, ҷиддан хулосабарорӣ карда, ба он саъю талош бояд намуд, ки сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвар ҳифзу ҳимоят карда шавад. Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша дар ҳимояту дифои марзу буми кишвар ва дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ омодаю тайёр бошанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш