Нашрияи Омӯзгор

Шогирди дирӯз-устоди имрӯз

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Имрӯз соҳа ё самтеро пайдо кардан душвор аст, ки ба технологияи иттилоотӣ алоқаманд набошад. Мошинаи электронӣ- ҳисоббарорӣ дастгоҳест, ки ба ҳама гуна мушкилоти корӣ, ки  дар раванди фаъолияти инсон дар тамоми соҳа равон шудааст, ёрӣ мерасонад. Дар муассисаи мо кабинети методии информатика ва технологияи иттилоотӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Фикр мекунам, насли имрӯза ба технология пайвастагии бештар доранд. Роҳбарии ин кабинетро омӯзгори ҷавон Ардамеҳр Одилов ба  уҳда дорад. Кабинет дорои 16  комютер ва гӯшаҳои гуногуни таълимӣ мебошад. Кабинети методии замонавӣ бо шабакаи интернетӣ пайваст аст.

 Ардамеҳр дар 3 соли фаъолият маҳорати баланди худро дар ин самт нишон дода тавонист. Ӯ ҳамаи нозукиҳои фанни информатика ва тахтаи электрониро ба хонандагон меомӯзонад. Дар кабинет инчунин, реферат ва мавзӯъҳои гуногуне, ки бо компютер аз тарафи хонандагон навишта шудаанд, ҷойгиранд. Муаллими ҷавон баъд аз анҷоми дарс ба ҳамкорони худ низ кор кардан бо  лавҳи (тахта) электрониро  меомӯзонад. “Агар майли хондан ва ёд гирифтан доред, албатта, ба муваффақият ноил мегардед”,- мегӯяд ӯ. Ардамеҳр Одилов донандаи суханони беҳтарини шоирони форсу тоҷик аст. Шогирдонаш М. Мирзоев ва Манижаи Аслан дар олимпиадаи ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Омӯзгори ҷавон дар барномаҳои телевизионии “Маҳфили зарифон”, “Зан ва ҷомеа”, “Ҷавонон – ояндасози миллат“, “Дастони гӯё” мунтазам ширкат меварзад. Шогирди дирӯза устоди омӯзгорони собиқадор шудааст, ки ин фахри мост.

Ғ.СОҲИБНАЗАРОВА, 

омӯзгори мактаби 16,

 ноҳияи Шоҳмансур               


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш