Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, тарбияи дастаҷамъонаи насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ормонҳои волои миллӣ муҳим ҳисобиданд ва таъкид сохтанд, ки тамоми аҳли ҷомеа кӯшишу талоши худро ба он равона кунанд, то ки ҷавонон ба амалҳои созанда машғул гардида, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои террористию экстремистӣ шомил нагарданд.
Имрӯз дар замони ҳассоси ҷа-ҳонишавӣ, ки хатарҳои ҳизбу равияҳои тундгаро равшан ба чашм мерасад, маҳз падару модар муваззаф ҳастанд, ки ҳар як қадами фарзанди худро зери назорат қарор дода, ба корҳои беҳудаю бемақсад сарф намудани вақти ӯро пешгирӣ намоянд. Мутаассифона, аксари волидон дар ин масъала беэътиноӣ зоҳир карда, ба тарбияи ҳаматарафаи фарзанди худ аҳамият намедиҳанд. Истифодаи дурудароз ва ҳангомаҷӯёнаи телефонҳои мобилӣ аз тарафи фарзандон, соатҳои тӯлонӣ вақти бебаҳои худро ба тамошои филмҳои моҷароҷӯёна сарф кардани онҳо боиси ташвишу нигаронист. Дар бисёр хонадонҳо худи падару модарон ба густариши чунин «вақтгузаронии беҳуда»-и фарзанд роҳ мекушоянд, ки комилан нобахшиданист. Баъзе волидон барои омӯзишу мутолиаи фарзандонашон ҳеҷ як шароити заруриро муҳайё намесозанд. «Нархи китоби бадеӣ гарон аст», - гӯён баҳона мекунанд, аммо дар дасти писари онҳо телефонҳои қимматбаҳои арзишаш аз 300 сомонӣ болоро мебинед. Магар падару модари ин гуна писарон наметавонанд, ки бар ивази чунин маблағ ба онҳо китобҳои хуби бадеӣ бихаранд? Фарзандашон нисфишаб ба хона меояд, ҳатто намепурсанд, ки вай то ин дам дар куҷо буду вақташро ба чӣ амалҳо сарф кард? Аз ин рӯ, волидони муҳтарамро зарур аст, ки ба ин масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тамоми фикру андешаи худро баҳри ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон равона созанд, то фардо пушаймон нашаванд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр