Нашрияи Омӯзгор

Ҳама масъулем

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 736        Шарҳ: 0

Тарбияи насли наврас яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои ин насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик сарнавишти диёри мо, устувории арзишҳои демокративу хуқуқбунёдии он ба дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд. Бинобар ин, масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо ба шумор меравад. Пас, саволе ба миён меояд, ки сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғон дар чист? Баъзе волидайн бар хилофи моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар моддаи мазкур дарҷ гардидааст: надонистани қонун сабаби ҳуқуқвайронкунӣ мегардад. Имрӯзҳо дар дилхоҳ маҳал нуқтаҳои хизматрасонӣ ва марказҳои дилхушӣ барои кӯдакон вуҷуд доранд, ки мутаассифона, хонандагони мактаб вақти зиёди худро дар ин марказҳо беҳуда мегузаронанд. Ҷинояткорӣ бо иштироки ноболиғонро ба солҳои пешин муқоиса намуда, фикр бояд кард, ки бо кадом роҳ ин амалҳои номатлуб аз байни ҷомеаи мо решакан карда мешаванд. Дар ин ҷода нақши равоншинос, тавсияҳои методӣ, ҷалби волидайн ба чорабиниҳои мактабӣ, вохӯрӣ бо аҳли илму адаб, мақомоти низомӣ, созмонҳои талабагӣ ва мақомоти маҳал ба ҳаёти ноболиғон басо калон аст.

Вобаста ба ин масъала, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳое қабул шудаанд, ки метавонанд маърифати ҳуқуқии падару модарон ва кӯдаконро тақвият бахшанд. Яке аз чунин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Чи тавре ки дар боло зикр шуд, мақсад аз қабули ин санади ҳаётан муҳим баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк намудани ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии  шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад.

Майсара Фозилбекова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии  мактаб - интернати махсуси таҳсилоти  асосии №2-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш