Яке аз масъалаҳое, ки равшанфикрон ва зиёиёни ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, паст гардидани сатҳи фарҳанг ва мутолиаю омӯзиши одамони сайёра ба шумор меравад.
Аксарияти давлатҳо дар баробари мубориза алайҳи нашъамандӣ, истифодаи меҳнати кӯдакон, таҷовуз нисбат ба онҳо ва ғайра, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои баландбардории рағбати хонандагонро низ аз ҷумлаи вазифаҳои умдаи худ қарор додаанд. Дар луғати аксарияти давлатҳо ифодае бо номи «сиёсати давлатӣ дар самти хониш» пайдо шудааст. Масалан, дар Фаронса яке аз вазифаҳои асосии Вазорати фарҳангро маҳз фаъолият дар ҳамин самт ташкил менамояд. Дар Амрико бошад, аз соли 1985 барномаи махсуси давлатие роҷеъ ба такомулу таҳаввули сатҳи хониши шаҳрвандон омода гардидааст. Дар Федератсияи Россия низ паст гардидани сатҳи хониши одамон дарк карда шудааст. Соли 2007 дар Россия Соли хониш эълон гардида буд. Айнан чунин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида расида истодааст. Омилҳои зиёде сабаб гардидаанд, ки шаҳрвандон назар ба даврони пеш камтар рӯ ба китоб меоранд. Ин ҳолат, махсусан, дар байни насли наврас ба мушоҳида мерасад. Дар шароити имрӯза ҷои китобро дигар намудҳои воситаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, телевизион ва интернет иваз намудааст. Андешаҳое мавҷуд мебошанд, ки дар ояндаи наздик ҷои китобро ин навъҳои воситаи ахбор мегиранд, аммо ин ба хонандагони синфҳои поёнӣ қобили қабул нест, чунки дар ин айём беҳтарин усули бедор намудани инкишофи маънавии кӯдак китоб аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки шавқи кӯдакон ба китобхонӣ тавассути усулҳои гуногун бедор карда шавад.
Аслан, бедор намудани завқи китобхонии кӯдак танҳо вазифаи омӯзгор набуда, балки волидайн ҳам бояд дар ин ҷода саҳми худро гузоранд ва шояд самараи кори волидайн зиёдтар бошад? Чунки кӯдакон бештар дар ҳузури волидайн қарор доранд. Роҳҳои зерини бедор намудани шавқи кӯдаконро барои китобхонӣ пешниҳод менамоем, ки ҳам ба волидайн ва ҳам ба омӯзгорон тааллуқ дорад:
1. Ҳарчи зиёд хондани китоб бо кӯдакон, махсусан, шабҳо барои онҳо хондани афсонаҳо;
2. Ҳар рӯз тақрибан ҷудо намудани 10 дақиқа барои хондани якҷояи китоб бо кӯдак;
3. Дар ҳузури кӯдак хондани китоб аз ҷониби волидайн (ҳамчун намуна нишон додани худ);
4. Кӯдакро дар аввал бо китобҳои рангоранг таъмин намудан;
5. Ҳар чи бештар туҳфа намудани китоб ба кӯдак;
6. Таърифу тавсифи кӯдак ҳангоми китобхонӣ;
7. Бо ҳар роҳу восита ҳавасманд намудани кӯдак барои китобхонӣ;
8. Маҷбур накардани кӯдак ба китобхонӣ;
Бо ин роҳу усулҳо шавқу рағбати кӯдак ба китобхонӣ зиёд шуда, ҷаҳонбинии ӯ низ васеъ мегардад.
Дилбар Шарипова
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби таҳсилоти ҳамагонии №54 ба номи
Лоиқ Шералӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр