Нашрияи Омӯзгор

Хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии «фото ва фито-сафарӣ» ташкил гардиданд. Хатсайри якум аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳри Норак ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва Душанберо дарбар мегирад. Саёҳати мазкур 9 рӯзро дарбар гирифта, барои моҳҳои май – сентябр пешбинӣ гардидааст.

Хатсайри дуюм аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, шаҳри Норак, мамнӯъгоҳи «Хуталон», осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Боғи ботаникӣ, осоишгоҳи Гармчашма, қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчунро дарбар мегирад.

Бояд гуфт, ки масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи «Хуталон» 6 ҳазор гектарро ташкил дода, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин ҷо парандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва аз парандагон асосан тазарв парвариш меёбанд.

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва хусусан, шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир, бахусус, бузи пармашохи «морхур», ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудааст ва мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро бештар ба худ ҷалб менамояд.

Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Дашти Ҷум» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа ва ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла, бузи пармашох ё «морхур», ки дар ҷаҳон калонтарин популятсияи он танҳо дар қаламрави ин мавзеъ боқӣ мондааст, инчунин, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уреал) ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад.

Имрӯзҳо меҳмонону сайёҳон ва шавқмандони сайёҳии шикор аз ин минтақа боздид намуда, аз хизматрасонии меҳмонхонаи «Шикорчиён», ки бо ташаббуси ширкати сайёҳии ҷДММ «Морхур» дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохта шудааст, ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд роҳбарияти кумита якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо мақсади шиносоӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, Шаҳринав, мавзеъҳои Ромит ва Канаски шаҳри Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Норак, ноҳияҳои Рашт, Айнӣ, Исфара, Панҷакент, Ванҷ ва мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб боздид намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои мазкур муаррифӣ карда шуданд ва бештар аз 35 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия шуда, пешниҳоди дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон гардонида шуд.

Таҳияи

Н. Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш