Нашрияи Омӯзгор

Эй ҳудҳуди сабо, ба Сабо мефиристамат...

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Бисёриҳо парандаи зебову назаррабо-ҳудҳудро дидаанду мешиносанд, зеро вай бо намуди зоҳириаш аз дигар паррандагон фарқи калон дорад. Тоҷи сараш баъзан вақт кушода шуда, шакли бодбезакро мегирад. Бештар дар минтақаҳои ҷанубию марказии Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва тамоми ҳудуди Африқо зиндагӣ мекунад.

Ҷои дӯстдоштааш марғзор, саванна, боғу ангурбоғҳо буда, хӯрокаш ҳашарот аст. Азбаски минқори ҳудҳуд дарозу забонаш кӯтоҳ аст, ғизояшро ба осонӣ фурӯ бурда наметавонад. Бинобар ин, онро аввал ба фазо партофта медорад ва баъдан фурӯ мебарад. Ҳудҳуд ҳашароти ҷисман бузургро ба минқор гирифта, зада маҷақ мекунад ва барои хӯрдани чӯҷааш онро мебарад. Чӯҷааш низ ғизоро фурӯ бурда наметавонад, аз ин рӯ, ҳудҳуд хӯрокро ба даҳони ӯ мегузорад, то ки аз гуруснагӣ талаф нашавад. Намудҳои гуногуни ҳудҳуд вуҷуд дорад, аз қабили ҳудҳуди африқоӣ, одӣ, мадагаскарӣ, сенегалӣ. Бояд гуфт, ки ягон навъи он ба одам ром намешавад. Ин паранда дар давраи нигоҳубини чӯҷаҳояш аз худ моеи равғанмонанди бадбӯй хориҷ мекунад, ки барои муҳофизати худу фарзандонаш судманд аст. Агар инсон онро тасодуфан ба даст бигирад, аз бӯйи бадаш нороҳат мешавад. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунанд, ки ҳудҳуд «парандаи чиркину бадбӯй» аст. Лонаашро баъзан дар замини холӣ ё байни сангҳо сохта, онро ҳаргиз тоза намекунад, то душманонашро ба ин васила аз худу чӯҷаҳояш дур кунад. Гоҳо дар лонаи вай куку тухм мегузорад. Ҳудҳуд чӯҷаи кукуро низ калон мекунад. Сaгy гурба ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ ҳудҳудро шикор карда наметавонанд, зеро хеле ҷонвари чобуку чаққон аст. Бо ин вуҷуд ҳангоми дидани сагу гурба ҳудҳуд сахт тарсида, ба воҳима меафтад. Вале аҷиб аст, ки аз гову бузу аспу хар наметарсад ва аз одамон низ ҳарос надорад. Ҳудҳуд парандаи кӯчӣ, яъне мавсимӣ буда, дар фасли зимистон ба минтақаҳои гарм мекӯчад. Баъзе халқҳо ҳудҳудро дӯст дошта, онро рамзи тозагию озодагӣ медонанд. Дар Исроил муҷассамаи бузургу зебои ин паранда гузошта шудааст. Пули давлати Гамбия, ки дар қитъаи Африқо воқеъ аст, бо расми ҳудҳуд чоп мешавад. Номи ҳудҳуд дар асарҳои адабию таърихӣ, ривоятҳову достонҳои замони қадим, инчунин, дар китобҳои муқаддаси «Библия» ва «Қуръон» зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар қиссаи машҳури «Ҳазрати Сулаймон ва Билқис» ҳудҳуд нақши калидӣ дошта, ба воситаи суханҳои ӯ пайғамбар аз мавҷудияти кишваре, ки дар он офтобро мепарастанд, огаҳӣ пайдо мекунад. Шоирон низ дар ашъори хеш ҳудҳудро васф кардаанд. Ин байти дилнишин ба Ҳофизи Шерозӣ тааллуқ дорад:

Эй ҳудҳуди сабо, ба Сабо

мефиристамат,

Бингар, ки аз куҷо ба куҷо

мефиристамат.

Зарнигор МАҲМАДАЛИЗОД,

омӯзгори биологияи  мактаби №11-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш