Нашрияи Омӯзгор

«Фарзанд амонат аст…»

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Ҳар падару модар дар бораи зиндагии фарзанд эҳсоси хос дорад. Нисбат ба фарзанди худ аҳамият медиҳад ва зиндагии хушбахтонаву  пурбаракатро  ба онҳо мехоҳад.

Падару модаре, ки дар таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ надорад, хаёл мекунад, ки фарзанд  ба  таъсири  мактабу  муҳит  худ  тарбия  ёфта, ба  камол  мерасад. Албатта,  ин  ақида  дуруст нест.

Яке аз вазифаҳое, ки дар назди падару модар меистад, бо-одоб ва ҳунарманд тарбия кардани фарзанд аст. Фарзанде, ки соҳиби касбу ҳунар бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Шарафи инсон аз меҳнати ҳалол дониста  мешавад  Аз  ин  ҷиҳат, аз хурдсолӣ дили фарзандро  мебояд ба меҳнату касбу ҳунар ва шавқу ҳавас  бедор кард. Ҳунар зебу зинати инсон аст.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: “Чаро ин қадар бисёр ба писарат насиҳат мегӯӣ?” Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Пирон ба ҷавонон мисли боғбонеанд, ки ниҳолро ба воя мерасонанд. Боғбон шохҳои номуносиби ниҳолро бурида меистад. Алафҳои бегонаро тоза мекунад. Барои пурқувват шудани ниҳол тамоми қувваташро сарф месозад. Агар ин тавр кунад, ниҳол хуб ба воя мерасад. Чун дарахт ба самар омад, мевааш ширин мешавад. Агар шохҳои зиёдатиро набурад, ниҳол тез баланд мешаваду ҳосили хуб намедиҳад. Ба боғбон аз ин хел ниҳол кам фоида мерасад.”

 Пас бидонед, ки фарзанд мисли ниҳол аст. Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Президенти кишвар аз Имом Ғазолӣ чунин иқтибос оварда шуд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, мерӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад. Падару модар, муаллим дар он савоб шариканд. Агар тухми бадӣ афканӣ, ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз ӯ умеди некӣ накун”.

Падару модар бояд аз дарди дили фарзанд пурсанд, ба дарди дилаш гӯш диҳанд, ӯро аз хатар эмин нигоҳ доранд. Падару модар вазифадоранд, ки дар давраи таҳсили фарзанд ба муассисаҳои таълимӣ рафта, бо омӯзгорон вохӯранд, ба барномаҳои таълимии онҳо таваҷҷуҳ намоянд. Волидон бояд донанд, ки фарзандони онҳо чӣ гуна мехонанд, чӣ гуна интизом доранд, чӣ мешунаванд, бо кӣ менишинанд. Аз фарзанд пурсон шаванд, ки чаро имрӯз дер омад, дар куҷо буд, чӣ кор мекард, бо кӣ дустӣ дорад, бо чӣ корҳо машғул аст, ба кадом фанҳо шавқу ҳавас дорад, имрӯз аз мактаб баҳои чанд гирифтааст.   Дар ин сурат аз ояндаи бачаҳо чизи хуберо интизор шудан имкон дорад.

Абӯбакр МАРДОНОВ, 

муовини  директори

мактаб-интернати  ҷумҳуриявии кӯдакони  нобинои  шаҳри  Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш