Омили асосии баланд бардоштани сифати дониши хонандагони ақлан заиф ташкили хониши беруназсинфӣ мебошад. Яъне, хонанда бояд мустақилона дониш андӯзад.
Мутолиаи китоби бадеӣ хонандаро ба фикру андеша ва фаъолият водор мекунад. Дар ин ҳолат вай ақидаашро асоснок баён намудан ва онро ҳимоя карда тавонистанро меомӯзад.
Кӯдакон ба воситаи китобҳои бадеӣ ба ҳодисаю воқеаҳои зиндагӣ, муносибати байни одамон, муносибати онҳо ба табиат, ки дар афсонаҳо ба таври образнок тасвир ёфтааст, шинос мешаванд, дониш ва ҷаҳонбинии худро инкишоф медиҳанд.
Аз рӯи реҷаи корӣ дар мактаб-интернат хониши беруназсинфиро асосан баъди хӯроки бегоҳӣ баргузор мекунем. Тарбиятгирандагон ҳикояву афсонаҳоро мутолиа ва мазмуни онҳоро нақл мекунанд. Такрор намудани ягон мавзӯъ аз тарафи кӯдакони ақлан заиф бо мушкилӣ ба даст меояд. Онҳо қисми мавзӯъро дар хотира нигоҳ дошта наметавонанд, ки ин ба такрор намудани мавзӯи нав ба онҳо монеа эҷод менамояд.
Шартҳои муҳими гузаронидани хониши беруназсинфӣ бо хонандагон инҳоянд:
1. Китобҳои бадеӣ бояд ба синну соли хонанда ва ба донишу қобилияти онҳо мувофиқ бошанд, чунки кӯдакони ақлан заиф дар масъалаи аз худ кардани дониш душворӣ мекашанд.
2. Матни китобҳои бадеӣ ба хонандагон фаҳмо бошад.
3. Мураббӣ пеш аз гузаронидани хониши беруназсинфӣ китобро хонда, суолҳои гуногуни ёрирасон тайёр намояд.
4. Дар вақти гузаронидани хониши беруназсинфӣ мураббӣ ба тарзи дурусти талаффузи калимаҳо аҳамият диҳад.
5. Қобилияти дарк кардан, фаҳмидан ва хулоса бароварданро дар хонанда ба вуҷуд овардан зарур аст.
6. Китобҳои бадеие, ки барои мутолиа пешниҳод шудаанд, бояд шавқовар бошанд…
Ҳангоми хониши беруназ-синфӣ дар гурӯҳҳо ба эҷодкории кӯдакон аҳамияти хоса додан лозим аст, то нигоҳдории иттилоот дар зеҳни онҳо бештар шуда, мустаҳкам гардад.
Мисқол Собирова,
мураббии мактаб-интернати №2, ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр