Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони соҳибкасб омода мекунем

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Чун ба муассисаи давлатии талимии  коллеҷи энергетикии  ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ расидем, саҳни онро тозаву озода дарёфтем ва даромадгоҳ бо шиору овезаҳои таблиғии даъваткунанда оро дода шуда буд. Ҳамроҳи муовини аввали директори коллеҷ  оид ба  таълим Абдулло Зиёдуллоев вориди бино гардидем.

Асбобу афзори техникӣ, қисмҳои эҳтиётии воситаҳои барқистеҳсолкунӣ, ноқилҳои ҳархела, намои иншооти барқӣ, расму суратҳои ифодакунандаи истеҳсоли барқ ва монанди ин бо тартиби  муайян дар ҷойҳои махсус гузошта шуда буданд. Ин аз он дарак медод, ки омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ машғулиятҳои худро ҳамвора бо асбобҳои аёнӣ мегузаронанд.

Бино ба иттилои Абдулло Зиёдуллоев, ин муассиса тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯйи бар-номаи мувофиқакардашудаи Вазоратҳои маориф ва илм, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар коллеҷи мазкур ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тафаккури техникиву технологии  донишҷӯён аҳамияти махсус дода мешавад. Айни замон дар коллеҷ аз рӯйи ҳафт ихтисос – неругоҳҳои барқӣ, таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ, истифодабарии таҷҳизоти   неругоҳҳои хурди барқӣ, монтаж ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ, васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва биноҳои истиқоматӣ  мутахассисон омода карда мешаванд. Ҳамчунин, дар асоси фармоиши вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18. 04. 2017, тибқи моддаи 33 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди дуюми моддаи 48 – и «Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ҷиҳати ба роҳ мондани зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ – машинисти истеҳсолоти  кишоварзӣ», «Кафшергари барқию газ» ва «Либосдӯз» замимаи иҷозатнома дар бораи  пешбурди фаъолияти таълимӣ дастрас гардидааст.

- Маъмурияти коллеҷ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот пайваста кор мебарад, - иброз дошт А. Зиёдуллоев. – Бо ин мақсад дар муассисаамон гурӯҳи сифати таҳсилот фаъолият менамояд. Аз тарафи гурӯҳ дар байни донишҷӯён пайваста бо мақсади муайян кардани сатҳи дониш санҷишҳо гузаронида мешаванд. Зимни ҷой доштани камбудиҳо ба омӯзгорон мунтазам оид ба беҳтар намудани сифати машғулиятҳо маслиҳатҳо дода мешавад.

- Дар баробари ин, - меафзояд А. Зиёдуллоев, - бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот аз тарафи кафедраҳо чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла, маҳфилу озмунҳои фаннӣ, конфронсҳои таълимӣ, дарсҳои кушоду  намунавӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида  мешаванд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба Ватан, дарку эҳсоси арзишҳои миллӣ, ҳамчунин, чорабиниву ҳамоишҳои мухталифи тарбиявӣ   бахшида ба санаҳои таърихӣ   дар сатҳи даркорӣ баргузор мегарданд. Нақшаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шуда, солҳои охир сифати машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён беҳтар гардидааст.

Бино ба гуфти муовини директор, шогирдони коллеҷ таҷрибаомӯзиро аслан, дар муассисаҳои неругоҳи барқи обии Вахш, шабакаи барқии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шуъбаи бозрасии давлатии РВКД, неругоҳи барқи обии шаҳрҳои Нораку Роғун мегузаронанд. Ҳамкориҳо бо ин корхонаҳо хеле хушҳолкунандаанд. Зеро ҳар як донишҷӯе, ки бо мутахассисони ин корхонаҳо вобаста мегарданд, аз муомилаву кордонӣ, саводнокии коргарон  фоида ба даст меоранд. Чунин ҳамкориҳо самараи нек дода истодаанд. Шогирдони коллеҷ пас аз хатми муассиса ба ҳар корхонае, ки  тибқи роҳхат фиристода шаванд, аз номи роҳбари он корхонаҳо ба нишонии коллеҷ сипосномаву раҳматнома ворид мегардад. Ин аст, ки дар коллеҷ гӯшаи махсус бо номи «Муваффақиятҳои мо» ташкил карда шудааст, ки дигар шогирдон онро дида, барои дар оянда ба чунин боварӣ ноил гардидан кӯшиш менамоянд.

 Корҳои методӣ дар муассисаи таҳсилоти касбӣ қисми таркибии раванди таълиму тарбия мебошад. Он  бо мақсади такмили самарабахши раванди таълиму тарбия, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, дараҷаи илмӣ – методии таълиму тарбияи донишҷӯён, босифат тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ ва мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ равона гардидааст. Маълум, ки тадриҷан дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  зинаҳои нави таҳсилот ҷорӣ  гардидаанд, ки барои тайёр намудани кадрҳои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир саҳми арзанда мегузоранд.

- Яке аз талаботи замони ҳозира   гузаштан ба шакли низоми кредитӣ мебошад, - иброз дошт  муовини директор оид ба таълим А. Зиёдуллоев. – Низоми нави таълим аз устодон ва шогирдон тақозо менамояд, ки ҳаҷми маводи ба нақша гирифташуда байни устод ва донишҷӯ баробар – панҷоҳ дар сад сурат бигирад. Чунин навъи  таҳсилро устодон ва шогирдони коллеҷи мо хуш пазируфтаанд ва ин аст, ки онҳо дар самти корҳои назариявию амалӣ комёбиҳои бештареро ба даст оварда истодаанд.

Ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ яке аз паҳлуҳои дигари фаъолияти коллеҷ аст. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон  моҳе як маротиба машғулиятҳои методӣ гузаронида мешавад. Ин усул барои зудтару ҳадафмандона аз худ кардани роҳу шеваҳои  методикаи таълим мусоидат хоҳад кард.  

Маъмурияти коллеҷ   барои саҳм гузоштан дар рушду нумуи кишвар,  дар тайёр кардани  мутахассисони варзидаи  соҳа, баланд бардоштани тафаккури техникию технологӣ ва худшиносию ватандӯстии шогирдон боз ҳам талошу кӯшиш менамоянд.

Шодӣ Раҷабзод,

 Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор», 

Душанбе - Ҷалолиддини

Балхӣ – Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш