(Аз қайдҳои собиқ омӯзгор)
Баъди хатми донишгоҳ ба кор ба мактаби деҳаи Меҳтарии ҷамоати деҳоти Роҳатӣ омадам. Ман он айём ин деҳаро боре аз наздик надидаву бо мардумони он суҳбату гуфтугӯ накарда будам. Эҳсоси изтироболуда ба домони дил чанг мезад, ки дар ин мавзею муҳити ноошно чӣ тавр ба кор оғоз мекарда бошам? Омӯзгорони мактаби деҳа чӣ гуна хислату атвор дошта бошанд? Раҳбарони таълимгоҳ ба мани ҷавони дунёнадида бо чӣ шеваю оҳанг муносибат мекунанд? Падару модари хонандагон чӣ? Ин фикрҳои парешону бесару нӯг мағзамро тазъйиқ медоданд ва хаёлам ба ҳар сӯ мерафт ва чун фармони мудири шуъбаи маориф дар даст аз дарвозаи кабудранги оҳанини дабистон ворид гардидам, дарсоат манзараеро мушоҳида кардам, ки аз тартибу низом ва муҳиту фазои аҳлона дарак медод. Гурӯҳе аз занону бонувон бо белу каланд саҳни мактабро аз алафу хошок тоза мекарданд, гурӯҳи дигар (омӯзгорон) дар долони бавусъати таълимгоҳ шиору овезаҳоеро, ки аз шоҳбайтҳои шоирони классики форсу тоҷик ва қоидаҳои низоми таҳсил иборат буданд, ба девор насб мекарданд. Бархеи дигар мизу курсиҳои синфхонаҳоро ранг мемолиданд. Ба назди омӯзгоре, ки мизу курсиҳои синфашро ранг мекард, расида салом додам. Пас аз аҳволпурсӣ ва фаҳмидани мақсадам муаллим, ки қадбаланд ва тақрибан 30-35-сола менамуд, чуткаи рангмолиро рӯйи мизе гузошта, кулоҳи коғазияшро аз сар гирифта, «ҳозир, ман шуморо назди директор мебарам»,-гуфта, маро ба дафтари кори сарвари таълимгоҳ роҳнамоӣ кард. Дари кабинети хурдакаки директор кушода буд, аммо худи вай ҳузур надошт. Муаллим ба ин тарафу он тарафи саҳни мактаб кунҷковона нигоҳ дӯхта, сӯйи боғи токзори таълимгоҳ равон шуд. Пас аз гузашти чанд лаҳза вай ҳамроҳи марди миёнсоли наҳифпайкари зардина, ки қадамзанон либосҳояшро афшонда, аз чангу ғубор тоза мекард, дар хусуси кадом масъалае суҳбаткунон ба дафтари кори директор наздик шуданд. Муаллим аллакай дар бораи кӣ будани ман маълумот дода будааст, ки марди миёнсол салом дода, «марҳамат, ба кабинет» гуфта, худ пеш-пеш ва ман аз қафо ба дафтари корӣ ворид гардидем. Муаллим ҳамчунон бо чеҳраи кушода, чашмони пурмеҳр ва лабони хандарез хайрухуш карда, аз пайи кораш шуд. Сарвари таълимгоҳ ботамкин ва бо таҳаммул худро шиносонда, дар бораи мактабу омӯзгорон ва шароитҳои мавҷуда сухан ронд. Нарму мулоим ҳарф мезад ва оҳанги самимияти баланд дар гуфтораш ба мушоҳида мерасид.
-Ман ҳамчун падар ба шумо муроҷиат карда, мефаҳмонам, ки коллективи омӯзгорони мактаби мо яке аз беҳтарин коллективи тифоқу дӯст ва бо ҳам бародар дар қаламрави ҷамоат ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳит худро ба ҳеҷ ваҷҳ бегона эҳсос накунед. Дигар ин ки, ин омӯзгорон ҳар сари қадам ба шумо ёрию мадад мерасонанд. Дар коллективи мо ҳасудию бахилӣ, нотавонбинӣ, фиребгарию ба чашми раҳбарият хок пошидан, танбалию ба кор дер мондан, ғайбату бадгӯйӣ, ба нафаре бо чашми мазаммату истеҳзо нигаристан ва монанди ин тамоман ҷой надорад. Метавонед аз ин бобат дилпур бошед. Лекин шартҳои асосӣ ва талаботи маъмурияти мактабро ба шумо хотирнишон месозам. Умедворам, ки аз ошкоро суҳбат кардани ман намеранҷед. Директор ба ҷавоби ман мунтазир нашуда, таъкид кард:
- Дар таълимгоҳи мо интизоми қатъии меҳнат ва талаботи ягона ҷорӣ карда шудааст. Ҳар субҳ соати 7-30 дақиқа ба ҷойи кор ҳозир мешавед. Синфатонро то оғози машғулиятҳо хабар гирифта, давомоти хонандагонро месанҷед. Конспекти дарсҳоятон бояд тайёру омода бошад. мудири қисми илмӣ пурсад-напурсад, дарҳол конспектатонро аз назараш гузаронда, имзо гиред. Хайр, агар то саршавии дарсҳо вақт монда бошад, китобҳои дарсиро варақ занед… Писарам, ин талаботи мост. Баъд ин ки, ҳар чизи нафаҳмидаатонро ҳатман аз муаллимони собиқадору пуртаҷриба пурсед, ба мо дахл дошта бошад, марҳамат, алоқадри тавонамон ҳамроҳи мудири қисми илмӣ ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияивӣ низ кумаку маслиҳататон медиҳем. Ҳамааш ҳамин. Пасон, вай аз ҷояш бархеста, маро ба дафтари муаллимон ҳидоят кард, ки дар паси мизи фарохе муаллиме менишаст ва ҳар лаҳза бо қалам рӯйи коғази сафеди паҳни барҷаста чизе сабт мекард ва гоҳе ҳам бо хатпоккун навиштаҳоеро тоза менамуд. Вай серташвиш ва ғарқи кор буд. Зоҳиран миёнаумр буд муаллим.
- Ин кас мудири қисми илмии мактаб Раҳмонов Мирзошариф мебошанд,-шиносонд муаллимро директор ва афзуд:
- Таҷрибаи калони омӯзгорӣ доранд. Аз фанни таърих ба хонандагон дарс мегӯянд.
Мудири қисми илмӣ аз ҷояш бархоста, бо эҳтиром салому алейк ва аҳволпурсӣ карда, хушҳолияшро пинҳон накарда, изҳор дошт, ки айни ҳол ба таҳияи ҷадвали дарсҳо ва ҷо ба ҷо намудани соатҳои дарсии омӯзгорон машғул аст. Директор акаи Садриддин Назаров (ёдаш ба хайр) фаҳмонд, ки маро бо ҷонишинаш оид ба корҳои тарбиявӣ Нуриддин Насриддинов ва раиси иттифоқи касабаи мактаб Баракатулло Сафовуддинов низ шинос менамояду баъд ба кор шурӯъ мекунем. Аз дафтари омӯзгорон баромада, ба назди омӯзгороне раҳсипор гардидем, ки шиору овезаҳоро ба девори долони мактаб насб мекарданд. Марди миёнақади андак фаҳӯлнамо, ки серташвишу сертараддуд менамуд, аз дуртар истода, ҳар лаҳза ба муаллимоне, ки шиор ё овезаеро болову поин фароварда, ба девор часпонданӣ буданд, маслиҳат медод, ки он шиор ё овеза росту дуруст ҷо ба ҷо шудааст ё не. Бо ӯ вохӯрда, фаҳмидем, ки ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Нуриддин Насриддинов ҳамин шахс аст. Вай мутахассиси ҷавон буданамро фаҳмида, дарҳол гуфт, ки ба мо ёрдам медиҳӣ, баъди анҷоми ин кор суҳбат мекунем. Раиси иттифоқи касаба Сафовуддинов Б. низ дуртар шиору овезаҳоро хонда, ҳамроҳи гурӯҳи дигар ба беғалат буданашон боварӣ ҳосил карда, ба насб кардани он навиштаҷот машғул буданд. Ҳамаи омӯзгорон бо шавқу рағбат, рӯҳбаландона аз пайи иҷрои кореву амале буданд.
… Худи ҳамон рӯз мудири қисми илмӣ М. Раҳмонов бо ман суҳбат карда, иттилоъ дод, ки синфи 3 б ва дарсҳои забону адабиёти тоҷикро ба зиммаи банда вогузор намудаанд.
-Имрӯз 14-уми август,-таъкид кард вай. - То санаи 25-ум нақшаи тақвимию мавзӯиятро барои синфи 3 ва фанни забону адабиёти тоҷики синфи 6 пешниҳод мекунӣ. Мебинем, месанҷем, маслиҳат медиҳем. Хубии кор дар он аст, ки барномаҳои таълимӣ дар мактаб мавҷуданд, аз онҳо истифода мекунӣ. Дигар ин ки, директор худ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯянд. Аз он кас маслиҳат мепурсӣ, кумакат мекунанд. Ҳамин тавр, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Н. Насриддинов дар хусуси ҳуҷҷатҳои роҳбарисинфӣ маълумоти муфассал дода, таҳияву омода намудани нақшаи солонаи корҳои тарбиявӣ, дафтарҳои ҷудогонаи суҳбат бо падару модарон, бо хонандагон, қарорҳои маҷлисҳои синфӣ, ташкили дафтари худомӯзӣ ва ғайраро барои роҳбари синф ҳатмӣ ҳисобида, барои иҷрои ин кор муҳлат муқаррар намуд.
- Мо дар таҳияву омода намудани ҳуҷҷату асноди роҳбарисинфӣ ба шумо ёрӣ мерасонем. Боз фикр накунед, ки танҳо супориш медиҳему иҷрои онро талаб мекунем, - хандида гуфт масъули бахши тарбиявии дабистон ва ба суханаш идома дод:
- Вазифаи дигари шумо, бародари азиз, баровардани рӯзномаи деворӣ, гӯшаи синфӣ, варақаи ҳолати китоб, вазъи боду ҳаво ва шиорҳо (байтҳо аз шоирони классики форсу тоҷик) маҳсуб меёбад.
Қадре ошуфтаҳолу хотирпарешон аз назди Н. Нас-риддинов баромада, ҳайрон-ҳайрон дар бораи корҳои минбаъда ба андеша рафтам. «Ҳамаи ин супоришу амрро чӣ тавр дар вақташ иҷро мекарда бошам? - мегузарондам аз дил. Оё ба ин корҳо дастам мерасида бошад?» Ба назарам пешаи омӯзгорӣ хеле мушкил, вазнину тоқатфарсо ва мураккаб намуд. Аммо…
- Биёед, ба шумо баъзе амалҳои дигарро, ки ба сомон расонидани онҳо аз роҳбари синф масъулияти калонеро талаб мекунад, бифаҳмонам,-гуфт директори мактаб ва мо боз ба дафтари кори ӯ ворид шудем.
- Шумо на фақат омӯзгор, балки роҳбари синф ҳам ҳастед. Вазифаи аввалинатон муносибати эҳтиёткорона бо хонандагони синфе, ки роҳбараш ҳастед, ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, аз рӯйи нақша робитаю алоқаро ба волидони хонандагон ба роҳ мемонед. Падару модарон бояд шуморо бишносанд. Характеру хислат ва вазъи рӯҳии ҳар як шогирдатонро омӯхта, дар заминаи он муносибату талаботи худро амалӣ мекунед. Хуллас, кор бисёр аст. миёнатонро маҳкам бас-та, дилпурона ба фаъолият шурӯъ кунед.
(Давом дорад)
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр