Нашрияи Омӯзгор

Бо шумо ифтихор дорам

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

(Руҷӯи забони модарӣ)

Дуруд ба шумо, эй соҳибони ман, мардуми куҳанбунёду дарёдил, соҳибтамаддуну решапайванди ориёни бостон! Ин паёмро ман аз қаъри садсолаҳо баҳри шумо-мардуми баору номуси Тоҷикистони тозаистиқлол, бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзуҳои нек мерасонам. 

Ман забони модарии шумоям, бо шири поку ҳаётбахши модаронатон омезиш ёфта, ба ҷисму равони ҳар яки шумо ворид шудаам. Бо суруди аллаи саршор аз меҳру муҳаббати  гарму нарми ӯ  ба гӯши ҳар яки шумо садо додаам. 

Номи ман забони тоҷикии форсии дарӣ аст. Номамро аз номи шумо, қавми бостонии тоҷик гирифтаам. Ҳарчанд як воҳидам, вале се ном дорам. Забони мардуми ориёитаборам. Зиёда аз ҳазору чанд сол аст, ки ба шумо хизмат мекунам. Ниёкони ман забонҳои паҳлавию суғдӣ, бохтариву хоразмии бостонанд. Бо хости сарнавишт  ҷойнишини онҳоям.

Ман аз шумо шиквае надорам, балки ифтихорманд ва сипосгузорам. Зеро бо кӯшишу ғамхориҳоятон пойбарҷоям.

Давраи наврасии ман ба замони пурошӯб рост омад. Замони истилои араб забони арабӣ чун балои осмонӣ ба сарам фурӯд омад. Гумон кардам, кори ман тамом шуд, ҷавонмарг мешавам, аз дасти ин бало халосӣ нест. Вале хушбахтона, ман хато карда будаам. Ба туфайли соҳибони боору баномусам на танҳо зинда мондам, балки аз ҳисоби вожаҳои арабӣ бой ҳам шудам. Аз мардуми он замон, ки дар фарқи сараш шамшери хунолуди хунташнаи фотеҳони вақт дар ҷавлон буд ва маро аз ёд набаровард, сипосгузорам. Мехоҳам миннатдории худро бо зикр кардани номи чанде аз онҳо изҳор намоям. Инҳо қофиласолори сухан Рӯдакӣ, Шайхурраис Бӯалӣ Сино, Дақиқии ҳамосасаро, Абӯшакури Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ ва садҳо дигаронанд. Онҳо дар набард бо қалам аз худ ва забони модарии худ дифоъ карданд ва таърих гувоҳ аст, ки мағлуб нашуданд. Саранҷом қалами эҷодкор бар шамшери аҷалкор ғолиб омад.

Балои дигаре дар садаи 20-ум ба сарам омад маро аз маснади давлатӣ барканор ва ба забони кӯчаву бозор бадал карданӣ буд. Он низ бо ғамхорӣ ва роҳнамоии аҳли зиё, рӯшанфикрони миллати соҳибтамаддунам бартараф карда шуд.

Соҳибхирадону донишмандон, доноёну нуктафаҳмони олам маро забони антиқии бой мегӯянд. Имрӯз дар байни зиёда аз 3000 забони дунё ҷойгоҳи ба худ сазовор дорам. Дилбохтагонам маро забони латиф, софу равон, дилошӯбу шӯрангез, фасеҳу балеғ, гӯшнавозу рӯҳнавоз меноманд. Онҳо шояд ғазалҳои равону шаккарини  Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки нигини бебаҳои ҳамосаҳои ҷаҳониянд, ғазалҳои диловезу рӯҳнавози Саъдиву Камол, Ҳофизу Сайидо, «Маснавии Маънави»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки имрӯз шуҳраи офоқ гаштаанд, панду андарзҳои Ҷомиву Бедил ва садҳо дигаронро дар назар доранд, ки бо вожаҳои нигошта шудаанд. Маҳз бо туфайли онҳо ман дар байни дигар забонҳо шуҳратёрам.

Бегонагони дӯстдори суханҳои нағзу пурмағз мехоҳанд, ки асарҳои ин худовандони суханро дар забони асл – тоҷикӣ бихонанд ва аз онҳо баҳраманд шаванд.

Бояд бигӯям, ки ман бо шумо соҳибони худ ифтихор дорам. Дар байни халқҳои дунё шумо сазовори волотарин мақомед. Зеро таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзгори бостон то ба имрӯз ба сари қавме теғ накашидаед, ба нияти ғорат нарафтаед, халқеро носазо нагуфтаед, заминашро ғасб накардаед. Бароятон вожаҳои ҷанг, қатлу ғорат бегонаанд. Баръакс, шумо ободкорӣ ва созандагӣ кардаед. Даштҳои ташналабро шодоб гардонда боғу роғ, киштзорони сабзу хуррам, шаҳрҳои ободу зебо бунёд кардаед. Бо меҳнати ҳалолу созанда шуғл варзида, илму фарҳанг ва тамаддуни бузургро ҳамчун кохи бегазанд офаридаед.

Дар фароварди сухан ба шумо – соҳибонам ва бахусус, ҷавонон муроҷиат карда гуфтаниям: Бақои ман ба дасти шумост, ҳастии шумо, рӯйи сурху сари баланд, фарру эътибори шумо бо ман ва танҳо бо ман аст. Охир, ман забони модари шумоям!

Қурбонбой Бобоев,

устоди коллеҷи омӯзгории

ноҳияи Зафаробод 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш