Мусиқӣ ба рӯҳу равон ва набзи инсон таъсир расонда, дар ташаккули тафаккури шахс саҳм мегирад ва он дар ҳаёти халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад.
Аз ин рӯ, мусиқиро ҳамчун фанни таълимӣ барои инкишофи маърифату дарки мусиқифаҳмии хонандагон дар ҷадвали дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷой додаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дарси мусиқӣ дар мактабҳо аз синфи 1 то 6, дар ҳаҷми як соат дар давоми ҳафта таълим дода мешавад. Мутаассифона, муассисаҳои таълимӣ аз нарасидани мутахассисон, ки бевосита ба таълими дарси мусиқӣ машғул шаванд, танқисӣ мекашанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар баъзе аз таълимгоҳҳо ин фанро ба омӯзгорон ҳамчун сарбории иловагӣ вобаста мекунанд, ки ин барои азхудкунии дарки мусиқии хонандагон натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад.
Омӯзгори фанни мусиқӣ ё мутахассиси соҳа бояд нақшаи таълимиро чунон омода кунад, ки тамоми паҳлуҳои сабку услуби санъати мусиқиро фарогир бошанд. Яъне, ҳангоми иҷрои суруд ё навозиши ягон навъи асбоби мусиқӣ зарур аст, ки садои асбоб ҷӯр, овози сароянда бо мусиқӣ ҳамоҳанг ва овоз дар ҷараёни мусиқӣ тақвият ёбад. Ҳадаф аз таълими фанни мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ (сароидани сурудҳо, навозиши мусиқиҳои миллӣ ё аврупоӣ,) баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии инсон, навозиши рӯҳи инсон ва ба он оромиш бахшидан мебошад. Мусиқӣ ҳам инсонро тарбия мекунад.
Аз ин рӯ, шавқова-ру мақбул гузаронидани машғулиятҳои мусиқӣ аз малакаи касбӣ, маҳорати эҷодӣ, завқу дониш ва ҷаҳонбинии омӯзгор ё мутахассиси соҳаи мусиқӣ вобастагии зиёд дорад.
Саидбибӣ Нозимова,
омӯзгори
синфҳои ибтидоии
мактаби №71,
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр