Гимназияи давлатии ба номи Ҳокимшо Ҳафизов соли 2005 бо қарори раиси ноҳияи Темурмалик барои хонандагони болаёқати шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис дода шудааст. Гимназия аз бинои асосии дуошёнаи таълимӣ барои 384 ҷой дар як баст ва бинои сеошёнаи хобгоҳ барои 150 ҷойи хоб дар маркази шаҳраки Совет ҷойгир мебошад.
Дар солҳои аввали фаъолияти гимназия танҳо хонандагони синфҳои 1-4 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд. Соли 2010 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати «Б»-и бино иборат аз толору майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 хонанда мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҳамон сол гимназия фаъолияташро барои таълиму тарбияи хонандагони синфҳои 1-11 оғоз намуд. Соли 2017 бошад, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои сеошёнаи хобгоҳи замонавӣ барои 150 хонанда бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол, дар гимназияи давлатӣ барои хонандагони болаёқат 34 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 384 хонандаи болаёқати ноҳияи Темурмалик фаъолияти босамар доранд. Тавре директори гимназия Сангимоҳ Алматова гуфт, омӯзгорону хонандагони гимназия дар асоси Оиннома, Низомномаи тасдиқгардида ва дар асоси комиссияи озмун баъди супоридани санҷишҳои хаттию тестӣ қабул карда мешаванд. Бояд зикр кард, ки гимназия барои ҷалби хонандагони болаёқат ва аз оилаҳои фаъол, ятиму бепарастор ва камбизоати минтақаи дуру наздики ноҳияи Темурмалик сохта шудааст. Вобаста ба шароити муҳайёгардида мебоист хонандагони болаёқат аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои таҳсил ҷалб мегардиданд. Ҳарчанд кормандони шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо маъмурияти гимназия заҳмату талош намуданд, ки хонандагони болаёқати деҳотро ҷалб намоянд, аммо муваффақ нашуданд. Яъне, дар ин ҷода аз тарафи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастгирӣ нагардиданд ва имрӯз аксари муҳассилини гимназияро фарзандони сокинони шаҳраки Совет ташкил медиҳанд. Муассисаи мазкур дорои 21 синфхонаи таълимӣ ва кабинетҳои фаннии физика, химия, устохонаи таълимӣ ва технологияи иттилоотӣ буда, бо 23 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ш. Сатторов мегӯяд, ки барои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон соли 2018 5 нафар омӯзгори соҳибкасби баландихтисосро аз муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи озмун ба гимназия ба кор қабул намудем. Ҳоло ҳам нарасидани омӯзгорони ҳирфаӣ ба мушоҳида мерасад. Нақша дорем, ки дар ояндаи наздик омӯзгорони ҷавонро ба гимназия ҷалб намоем. Бояд қайд намуд, ки хонандагони синфҳои 1-4 дар ошхонаи муассиса бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд. Маблағгузории гимназия аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории падару модарон моҳе 30 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар соли хониши 2018-2019 аз 40 нафар хатмкунандаи гимназия тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 нафар ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва 2 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд. Хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Камбудии асосие, ки дар гимназия вуҷуд дорад, фаъолият надоштани хобгоҳи гимназия мебошад. Яъне, то имрӯз хонандаи аз деҳоти дуру наздик қабулшуда дар хобгоҳ зиндагӣ намекунанд. 112 нафар хонанда аз деҳаҳои дуру наздик дар хонаҳои хешу табори наздикашон хоб мераванд.
Чаро хонандагон аз хобгоҳи гимназия маҳрум мондаанд? Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ш. Сатторов сабаби фаъолият надоштани хобгоҳи гимназияро дар ҷудо нашудани маблағ барои воҳидҳои кории хобгоҳ маънидод кард.
- Аз тарафи шуъбаи молияи ноҳия мебоист 131 856 сомонӣ барои фаъолияти хобгоҳ ҷудо мешуд. Ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои кормандони хобгоҳ ду маротиба бо мактуби хаттӣ ба шуъбаи молияи ноҳия муроҷиат кардем, аммо то имрӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст, - мегӯяд Ш. Сатторов.
Бо Ш. Сатторов ҳолати хобгоҳро аз назар гузаронидем. Шоҳиди он шудем, ки хобгоҳ 150 рахти хоб ва бо тамоми шароити зист таъмин буда, омодаи қабули хонандагон мебошад. Аз муҳлати барои ба истифода супоридани хобгоҳ зиёда аз ду сол сипарӣ гардид. Аммо сад афсӯс, ки аз набудани маблағ дари хобгоҳ баста асту ғами кӯдакону наврасонро мақомоти масъули ноҳия намехӯрад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмаликро зарур аст, ки ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти мазкур чораҳо андешад ва дари хобгоҳро ба рӯи хонандагон боз намояд. Ин масъала дар оянда боз пайгирӣ хоҳад шуд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр