Мушкилоти паст будани сатҳу сифати таълим аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби рӯз боқӣ мемонад. Ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набудани сифати таҳсилотро коршиносон дар вилояти Хатлон низ ҷиддӣ унвон мекунанд. Мутахассисони соҳаи маориф мавҷудияти омилҳои зиёдро садди пешравӣ дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониш мешуморанд. Гуфта мешавад, ки соҳаи маорифи вилоят баҳри расидан ба ҳадафи беҳкунии сифати таҳсилот як қатор проблемаи ҷиддиро бояд ҳал кунад.
Аслиддин Усмонов, сардори шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ин масъала изҳор дошт, ки норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, дар се баст таҳсил кардани хонандагон ва нарасидани синфхонаи дарсӣ, дарс додани омӯзгорони ғайриихтисос сабаби муваффақ нашудан дар ҳалли ин мушкилӣ мегардад. Мавсуф, ҳамчунин, илова намуд, ки дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон мутахассисони ғайритамоюли омӯзгорӣ низ фаъолият доранд, ки соҳаро хуб намефаҳманд.
Дарвоқеъ, аз ин гуна омӯзгорон то кадом андоза метавон сифати баланди таҳсилот ва дониши аълои хонандаро интизор шуд?! Маҳз фаҳмиши педагогӣ омӯзгорро дар таълиму тарбияи дурусти хонандагон муваффақ гардонида метавонад.
Коршиносони соҳаи маориф норасоии китобҳои дарсиро дар баъзе аз мактабҳо аз омилҳои монеъшаванда дар баландбардории сифати таҳсилот медонанд.
- Фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ғайриқаноатбахш аст, - гуфт А. Усмонов. - Бино ба сабабе, ки кор дар самти назорати сифати таҳсил ройгон буда, барои масъулон роҳи ҳавасмандгардонӣ нест. Аз ин рӯ, фаъолияти он аз эътибор дур мондааст, кори он сарборист. Дар муассисаҳои таълимӣ роҳбари сифати таҳсилот муовини директор оид ба таълим мебошад. Муовини директори муассиса оид ба таълим вазифаву уҳдадориҳои зиёд дорад, ки барои назорати сифати таҳсилот ва дар ин самт кор бурдан умуман вақт пайдо намекунад. Барои дар ин самт пешрафт кардан шахсони махсусро мутасаддӣ гардонида, таҳлил ва назорати ҷиддиро ба роҳ мондан зарур аст. Зеро аз кори сарборӣ умеди бештар кардан ғайримантиқӣ мебошад.
Коршиносон ба роҳ мондани тағйири равиявиро дар муассисаҳо бамаврид ва нафъовар медонанд. Ташкили дарсҳои иловагии ройгон ва пулакӣ, фаъолгардонии маҳфилҳои беруназсинфиро бояд беҳтар кард. Мутаассифона, имрӯз ғайр аз муассисаҳои таълими пулакӣ ба дарсҳои иловагӣ на он қадар эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Масъулини раёсати маорифи вилоят изҳор доштанд, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ шароит муҳайё нест. Масалан, зимни таҳлилу санҷиш дар ноҳияи Хуросон ба муассисаи таълимие рафтем, ки аз соли 1942 фаъолият дорад ва синфхонаҳои хурдакак дорад. Чӣ гуна метавон дар чунин синфхона 25 хонандаро ҷой карда, аз онҳо дониши баландро талаб намуд? Ин ҷо акнун дар бораи технологияи информатсионӣ, тахтаи электронӣ, проектор ва дигар ҷиҳози фанҳои дақиқ ҷойи ҳарф гуфтан нест. Ба ин монанд муассисаҳои таълимӣ зиёд аст.
Ба иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, иҷрои барномаҳои давлатӣ низ ба таври назаррас ба роҳ монда нашудааст. Барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо маблағ нест. Масалан, тибқи барнома барои 6 фанни дақиқ синфхона ва таҷҳизоти муосир ба нақша гирифта шудааст. Бе корҳои озмоишӣ – амалӣ беҳ кардани дониши хонанда мушкил аст. Аммо дар муассисаҳо озмоишгоҳ нест ва бояд ин мушкилотро ҳал кард. Барномаи компютеркунонии муассисаҳо дар ҳамин шакл амалӣ мешавад. Инчунин, дар асоси барнома сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, ки он ба қадри бояду шояд амалӣ намегардад.
Аслиддин Усмонов аз гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва ҷамъомадҳои таҳлилӣ ба хотири дарёфти роҳҳои баландбардории сифати таҳсилот ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки нисбат ба чанд соли қабл дохилшавии хонандагон ба макотиби олӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардид. Ин аз хубшавии сатҳи дониш гувоҳӣ медиҳад, вале ҳанӯз ҳам, қонеъкунанда нест.
С. АЗИЗӢ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр