Дар ҷаҳони муосир маориф на танҳо нақши муҳимро ҳамчун соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ иҷро мекунад, балки ба қисми пешбарандаи ҳамаи низоми хоҷагидорӣ, муайянкунандаи мувофиқатҳои фаъолияти ҳаёти инсон ва ҷамъият табдил ёфтааст. Ҳолат ва сатҳи рушди маориф ба шумораи критерияҳои муҳиме дохил гардидааст, ки аз рӯи он нуфузи мамлакат, мавқеи он дар раванди ҷаҳонии инкишоф муайян карда мешавад.
Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи истиқлолият, махсусан, баъди солҳои 2000-ум вобаста аз имкониятҳои молиявӣ ва вазъи сиёсию иқтисодӣ бо суръат рушд ёфт ва дар таъмини пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, илму техника, технология, бунёд ва рушди соҳаҳои нави илм ва механизми татбиқи амалии он, таъмини босуботи рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар, навовариҳо дар мазмун ва таркиби таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муайянро иҷро кард.
Аммо талаботи рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ ва инкишофи шаклҳои нави робитаҳои хориҷӣ, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ, ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Соз-мони умумиҷаҳони савдо ва дигар созмонҳои байналхалқӣ, ки самти асоси фаъолияти онҳо ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат равона гардидааст, дар назди соҳаи маорифи Тоҷикистон масъалаҳои наву муҳимро гузоштааст, ки ҳалли онҳо зарурати татбиқи ислоҳотро дар ин соҳа талаб мекунад. «Мо ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо маром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем» - қайд намуданд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2018). Дар идома Сарвари кишвар қайд намуданд, ки «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро ба маротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем». Дар ин самт ба сохторҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин соҳаи воқеан ҳам муҳими маориф ба ислоҳот ва беҳбудӣ ниёз дошта, нисбат ба дигар зинаҳои таҳсилот суст инкишоф ёфтааст. Мисол, дар соли таҳсили 2017-2018 миқдори муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ 615 ададро ташкил дода, дар онҳо 93,1 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли хониши 1991- 1992 мувофиқ ба 34,9 ва 34,2% кам аст. Аммо нисбат ба соли хониши 2013-2014 мутаносибан 16,7 ва 15,8% зиёд аст. Рушди муассисаҳои томактабӣ, аз як тараф, имконият медиҳад, ки занони дорои қобилияти фаъоли меҳнатӣ фарзандонро дар муассисаҳои томактабӣ гузошта, ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шаванд, ҳиссаи худро дар рушди кишвар гузоранд, аз тарафи дигар, ин ҳолат ба таълиму тарбияи комил гирифтани кӯдак мусоидат мекунад.
Мушкилоти асосии дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои кӯдакон нокифоя будани ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аст. Барои таъмини пурраи дархостҳо ба муассисаҳои томактабӣ инкишоф додани ҳамаи шаклҳои таълими томактабӣ, аз ҷумла, кӯдакистони оилавӣ, хизматрасонии тиббӣ, лекотека, маркази дастгирии кӯдакон, рушди сектори ғайридавлатӣ лозим аст. Дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ дар деҳот бояд хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар канор набошанд.
Таъмини ҳуқуқи шаҳрвандҳо ва кафолати давлатӣ оид ба дастрасии умумӣ ба таълими ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи маориф аст. Бинобар ин, бо мақсади татбиқи маҷмӯи вазифаҳо дар соҳаи маориф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф ва ислоҳоти он қабул карда шудааст. Татбиқи амалии онҳо барои дастрас будани таълиму тарбияи босифат барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот нигаронида шудааст. Дар баробари ин, ба андешаи мо, дар раванди ислоҳоти соҳа ба масъалаҳои зерин бояд диққат дода шавад:
1. Таъмини дастгирии давлатии сохтмону бунёди муассисаҳои томактабии нав, рушди ҳамаи шаклҳои таълими томактабӣ, аз ҷумла, боғчаю кӯдакистонҳои оилавӣ, хизматрасонии ёрии барвақтӣ, лекотека, маркази дастгирии бозиҳои кӯдакон, сектори ғайридавлатӣ ва ғайра;
2. Таъмини инкишофи қобилияти ҳар як хонанда дар мактабҳо, фароҳамоварии имкон ба ҳар як хонандаи синфҳои болоӣ барои интихоби дурусти касб мувофиқ ба қобилият ва имконоташ;
3. Аз ҷиҳати қонунӣ мустаҳкам кардани механизмҳои ҳуқуқҳои татбиқи ҳуқуқи кӯдакони маъюб ва кӯдакони аз ҷиҳати саломатӣ имконияташон маҳдуд барои ворид кардани онҳо ба муҳити таълимӣ (дар дараҷаи муассисаҳои таълими томактабӣ, умумӣ ва касбӣ);
4. Таъмини кӯдакон бо ёрии психологӣ, тиббию психологӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ;
5. Таъмини муассисаҳои тарбиявӣ ва таълимӣ бо барномаҳои намунавии дорои мазмуни ягонаи асосҳои илмӣ-педагогӣ, тайёр кардани педагогҳо – психологҳо, танзими дақиқи ёрии психологӣ ба кӯдак аз ҷониби педагогҳо ва психологҳо;
6. Бунёди низоми дастгирии психологӣ- педагогии оилаҳо, баланд бардоштани касбияти педагогии волидайни хонандагон барои тарбия ва инкишофи зеҳни кӯдак дар шароити оила ва муассисаҳои таълимӣ;
Дар самти дарёфт ва дастгирии кӯдакони болаёқат ва ҷавонон пешниҳод карда мешавад:
1. Аз ҷиҳати асноди меъёрӣ- ҳуқуқӣ мустаҳкам ва таъмин кардани талаботи муассисаҳои махсуси таълим барои кӯдакони болаёқат, дастгирӣ ва рушди муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда, кор бо кӯдакони лаёқатманд;
2. Бунёди маркази захираҳои миллӣ барои кор бо кӯдакони болаёқат бо мақсади таъмини таҳияи дастурҳои методӣ, методҳо ва методологияи ташхис, рушд, таълим ва дастгирии психологӣ- педагогии кӯдакони болаёқат;
3. Бунёди низоми тайёрии махсус ва аз нав тайёркунии кадрҳои психологӣ- педагогӣ (рӯҳшинос - омӯзгор) барои кор кардан бо кӯдакони болаёқат ва низ барои кор ба волидайни онҳо;
Бояд ёдовар шуд, ки мақсади стратегии сиёсати давлат дар соҳаи маориф аз баланд бардоштани сатҳи даст-расӣ ба таълими босифат, мувофиқи талаботи рушди инноватсионии иқтисодиёт, талаботи ҷомеаи муосир ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ иборат аст.
Татбиқи ин мақсад ҳалли масъалаҳои зеринро дар назар дорад:
- такмил ва коркарди дақиқи таркиби самти низоми муассисаҳои таълимӣ мувофиқи вазифаҳо ва рушди инноватсионӣ, аз ҷумла, ташаккули сохтори инноватсионии донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои миллии таҳқиқот;
- зиёд намудани ҳаҷми воситаҳои молиявӣ барои маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ дар мактабҳои олии касбӣ;
- ислоҳоти механизми маблағ-гузории муассисаҳои соҳаи маориф мувофиқ ба вазифаҳои давлатии рушди инноватсионӣ;
- таъмини зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ вобаста аз сифати иҷро ва натиҷаи корҳо то дараҷаи муқоисашавандагӣ бо дараҷаи музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва донишгоҳҳо.
(Давом дорад)
Зариф Шарифов,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр