Нашрияи Омӯзгор

Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ, тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, ба мо дар  густариши муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин, ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Қарни 21 барои аксари кишварҳои ҷаҳон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои зиёд ворид намуд. Рушди ҷомеаи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйирот дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар шароити ба вуҷуд омадани фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ гардидани низоми кредитии таҳсилот  ва ворид шудан ба  аҳдномаи Болония ислоҳоти куллии соҳаи маорифро тақозо менамояд. Яке аз махсусиятҳои низоми кредитии таҳсилот ва раванди Болония ба роҳ мондани табодули донишҷӯёну устодон ва кормандони сатҳи миёнаву олии  роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  маҳсуб меёбад, ки ин корро бидуни сатҳу сифати баланди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва салоҳиятнокии касбии иштирокчиёни раванди табодул дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо «Эрасмус+»  амалӣ намудан ғайриимкон аст.

Аз ҷониби  дигар,  дар заминаи ташаббусҳои  пай дар пайи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла, об ва мушкилоти он ва  пайваста боло рафтани нуфузу эътибори  кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, васеъ гардидани робитаҳои мухталифу гуногунҷабҳаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мамолики хориҷӣ тақозо менамояд, ки  сатҳу сифати  таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ батадриҷ беҳтар карда шавад. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубраму ҳалталаб дар ин самт амалан аз худ намудани  забонҳои хориҷӣ,  на танҳо ба ҳайси забони муоширати байналмилалӣ, балки ҳамчун воситаи рушди шахсиву касбии мутахассисони замони муосир  маҳсуб меёбад.

Яке аз муҳимтарин самтҳои ислоҳоти таҳсилоти касбӣ имрӯз, таълими касбии мутахассисон дар маҷмӯъ, таълими  салоҳиятнокии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрифилологӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, коркарди технологияҳои пешрафтаи  педагогии ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони имрӯза, ки имконияти аз ҷониби донишҷуён истифодабарии забони хориҷиро бо мақсади худомӯзии минбаъда таъмин намояд, зарур аст.   

Бо ҷорӣ гардидани раванди Болония дар низоми таҳсилотии кишварҳои гуногун масъалаи аз таълими анъанавӣ ба таълими салоҳиятнокӣ гузаштан, яъне  масъалаи инкишофи салоҳиятнокии касбӣ ба яке аз масъалаҳои калидии низоми таълим табдил ёфт. Акнун дар тамоми  зинаҳои  таълим  масъалаи ҷорӣ намудани талаботи салоҳиятнокии забонӣ ва пайвастани он ба салоҳиятнокии касбӣ, батадриҷ беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши  забонҳои хориҷӣ ба миён меояд. Дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зарурати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисиву русӣ  мо - устодонро ба ҷорӣ намудани шаклу усулҳои нав ва фаъоли таълим ва пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии шогирдонамон водор менамояд. Пешвои миллат аҳамияти фавқулодаи донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро барои ҷавонон, чунин арзёбӣ менамоянд:  «Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад, ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ, инчунин, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан имконпазир мегардад. Насиҳати ман, ҳамчун Роҳбари давлат, ба шумо, насли ояндасози миллат, ин аст, ки аз имкониятҳои бароятон фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат пурра ва ҳаматарафа истифода баред, бо баҳои хубу аъло хонед, касбу ҳунар омӯзед, забони модариро, яъне забони давлатиро, ба дараҷаи аъло азхуд кунед ва дар баробари ин, як-ду забони хориҷӣ ва техникаву технологияҳои муосирро низ дар сатҳи баланд омӯзед, ифтихори падару модар ва ифтихори Ватани азизамон – Тоҷикистон бошед».

Пешвои миллат ҳанӯз  соли 2003 доир ба такмили таълим ва омӯзиши  забонҳои  англисӣ ва русӣ фармони махсус имзо намуданд. Дар заминаи ин фармон Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Такмили таълим ва омӯзиши  забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» ба тасвиб расид. Бо гузашти давраи мазкур бо дарназардошти талаботи  айём Қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2015-2020»  (аз 3 июли соли 2014) интишор гардид.

Соли фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 барои бештар муҷаҳҳазонидани муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳу донишакадаҳо бо компютеру дигар технологияи муосир ва тақвияти таълим ва омӯзиши забонҳои англисиву русӣ  заминаи мусоид фароҳам овард. Чунки тавассути технологияҳои навин, ки аксаран забонҳои кориашон маҳз ҳамин ду забони номбурда мебошанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ осонтару шавқовартар мегардад.  Дар Паёми навбатии Сарвари кишвар ба масъулини сохторҳои марбута супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисиву русиро барои то соли 2030 таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дастуру супоришҳои пайваста ва иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат аз ғамхорӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба имрӯзу  ояндаи рушди соҳаи маориф ва вобаста ба талаботи бозори ватанӣ ва байналмилалии меҳнат тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва забондон  гувоҳӣ дода, барои мо, устодон, дастури амал дар самти такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисиву русӣ маҳсуб меёбад.

 

Н.ҲАЙБАТОВ,

дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат,

С.ҶӮРАХОНОВА,

устоди калони донишкада

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш