Нашрияи Омӯзгор

Ҷавҳари ақлу дониш

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

(дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»)

Мавриди зикр ва ҳамзамон ифтихори аҳли илму адаб аст, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сарпарастии Пешвои миллат миёни тамоми қишрҳои ҷомеа таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳақиқат, китоб он омӯзгору устоди роҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо аҳли башарро донишу илму ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китоб инсону ҷомеаро камол бахшида, дар ҳошияи ҳамагуна фаъолият чун як муаллиму ҳидоятгари беминнат ҳузур дорад. Файласуфи фаронсавӣ Дени Дидро ҳанӯз дар асри 18 ҷараёнҳои нави инкишофи фарҳанги тамаддунро ба назар гирифта гуфта буд, ки «…инсоният вақте ки мутолиаро қатъ менамояд, тафаккурро аз даст медиҳад.»

Ҷои инкор нест, ки фарди китобдӯсту китобхон ҳамеша аз атрофиён фарқ дорад. Ситсерон чунин ақида дошт, ки хонаи бекитоб ба ҷисме монанд аст, ки ҷон надорад. Шукр, ки имрӯз дар ҳар як оила ҳатман дар як доираи муайян китоб вуҷуд дорад. Биёед, як бор  тасаввур намоем, ки имрӯз хонаи бекитоб чӣ гуна аст. Бовар дорем, ки ҳатто тасаввури он душвор аст.

Дарк кардану шинохти ҳама чиз тавассути китоб сурат мегирад. Бузургтарин нобиғаҳо, ки соатҳову рӯзҳо бекитоб калом мегӯянд, ҳама донишҳоро аз китоб ҳосил кардаанд. Ҳама пешрафтҳо барои инсон ва умуман, аҳли башар аз теъдоди китобҳои хондааш ҳосил мешавад. Бидуни китоб дар пайроҳаи умр қадам задан, ин маънии дар шаби тира ба ҷои номаълум рафтанро дорад. Китоб ҷилои маҷмӯи тафаккури инсон ба ҳисоб рафта, ҷомеаи аз китоб дур ҷомеаи ваҳшӣ аст. Дар китоб илму фаҳмиш ва маънавиёту маърифати беҳудуд матраҳ аст. Китобро бояд донист, дӯст дошт ва бовар кард. Зеро он «устоди бемузду беминнат» аст. Китоб махзану сарчашмаи афкор аст, ки муҳаққиқону адибон ба он ҳар лаҳза такя менамоянд. Ақл ва тафаккур ба воситаи китоб инкишофро соҳиб мегардад ва ин раванд бояд ҷараёни мунтазам дошта бошад. Ҳамагуна ҳирс, ҳасад ва ҷаҳолатро танҳо китоб барҳам зада метавонад. Китоб хондан барои китобнавис бештар зарур аст ва ҳатто китоб хондан ба маротиб аз китоб навиштан беҳтар аст. Мутолиаи китоби зиёд боис мешавад, ки як нафар бо лаёқату истеъдоди хос китоби хуб нависад. Дар акси ҳол, китоби ӯ кӯзаи холиеро мемонад, ки ҷуз садои хушк чизе надорад. Хушбахт он инсон аст, ки агар ҳар рӯзи ӯ аз мутолиаи чанд саҳифаи китоб иборат бошад.

Бо чанд авсофи боло гуфтан мехоҳем, ки мутолиаи китоб барои тамоми ҷомеа манфиат дорад ва дар ин радиф аҳли илму зиё бояд дар саргаҳ қарор дошта бошанд. Ҳама бояд китоб хонад, аммо сатҳи мутолиаи аҳли илму адаб бояд даҳҳо маротиба бештар аз дигарон бошад. Ҷои пӯшида нест, ки сатҳи мутолиа бо гузашти вақт таназзул ёфта истодааст. Гуфтан ҷоиз нест, ки инсоният аз мутолиа дур гардидааст, балки ҷои мутолиаи китобро дигар ҷузъиёт майли пахш кардан дорад. Ин раванд дар ду даҳсолаи охир вусъати бештар пайдо карда, интернет ва дигар васоити иртиботӣ мутолиаи классикиро маҳдуд гардонидааст. Тафаккури ҷомеаи башарӣ аз дигар равзана ташаккул меёбад. Имрӯз дида истодаем, ки шумораи бештари ҷавонон майл ба воситаҳои электронии маълумот доранд. Агар дар гузашта барои муайян кардани як масъала донишҷӯву муҳаққиқ даҳҳо китобро варақгардон мекарда бошад, пас, имрӯз танҳо ба маълумотнома (справка)-и интернетӣ қаноат менамояд.

Аз солҳои қабл анъанае вуҷуд дошт, ки чун муҳаққиқи ҷавон ба кори илмӣ мепардохт, аввалин ҳисобот дар назди худи ӯ ва роҳбари кори илмияш он буд, ки чӣ қадар китобҳои марбут ба соҳаро хондааст. Шояд ин анъана имрӯз низ пояи устувори худро нигоҳ дошта бошад? Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки толорҳои хониши китобхонаҳо чун солҳои қабл аз хонанда пур нестанд. Таассуфангезтар он аст, ки баъзе муҳаққиқон ҳатто китобҳои дар як факулта ва як донишкада интишоршударо намехонанд. Маълумоти интернетӣ ва ё варианти электронии китобҳо ҳеҷ гоҳ ҷои китоби классикиро гирифта наметавонад. Аз ин ҷиҳат, бояд ҳамон анъана нигоҳ дошта шавад. Баҳонаҳои зиёдро ҳамчун монеа пеш овардан мантиқ надорад. Вақт нест, адабиёт дастрас намебошад ва дигар сабабҳо ин натиҷаи набудани завқу муҳаббат нисбат ба китобхонӣ мебошад.

 Мутолиаи классикии китоб суди амиқтару бештар дорад ва бояд дар ин роҳ аз чанд қонуният сарфи назар накард. Ақидаҳое вуҷуд доранд, ки нобиғаҳо ва олимони тавоно китобро бо суръати баланд мехондаанд ва инро чун як эҳтиром аз ҷониби онҳо нисбат ба вақт баҳогузорӣ менамоем. Ин комёбӣ натиҷаи мутолиа пайвастаи китоб аст ва махсусан, дар шароити имрӯза он ногузир мебошад. Хондани босуръат ва ҳамзамон дарки маънӣ ин лаёқат аст. Хониши босуръат, махсусан, барои муҳаққиқон аз чанд паҳлу фоидабахш аст. Таҳқиқи олимон собит намудааст, ки 95 фоизи одамон китобро бо суръати паст (180-200 калима дар як дақиқа) мехондаанд. Ин тақрибан дар 1,5 дақиқа мутолиа кардани як саҳифа мебошад. Шояд панҷ фоизи боқимонда олимону адибоне ҳастанд, ки вақт барояшон қимматтар аст. Масалан, мегӯянд, ки М. Горкий дар як дақиқа 4000 калима, Наполеон дар як дақиқа 2000 калима ё ин ки Балзак дар ним соат 200 саҳифаи як романро мехондааст. Собит шудааст, ки дараҷаи дарк дар хониши анъанавӣ 60 % ва дар хониши босуръат 80 %-ро ташкил медиҳад.

Китоб барои донишҷӯву муҳаққиқи ҷавон ғизоест, ки робитаи пайваста ба он хушнудиву масрурии умри ӯро таъмин менамояд. Агар он дар ҷавонӣ роҳнамо бошад, пас, дар солхӯрдагӣ рафиқи наздиктаринест, ки ҳар лаҳза ба он рӯ меорад. Роҳи тайкардаи таҳқиқи худро дар асоси мутолиаҳояш ҳар лаҳза пеши назар меорад. Мутолиаи китоб ин ҷавҳари таҳқиқу ҷаҳонбиниҳост.

Китоб хондан ин дараҷаву мақом аст. Китобхон худ ба як китобхона ва як донишгоҳ табдил меёбад. Шахсиятҳои бузургу тавоно бо ҳамин роҳ муваффақу комёб шудаанд.

М. Имомзода,

 академик, ректори ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш