Хоруғ: 94 иншоот бунёд мегардад
Бахшида ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ 94 иншооти таъйиноти мухталиф бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар онҳо садҳо нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар шаҳри Хоруғ баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шам-сиддин Орумбекзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.
Имрӯзҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла, дар бинои Театри миллӣ идома доранд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз се ошёна, толорҳои калону хурд, утоқҳои машқу тамрин ва шароити зарурӣ иборат мебошад. Толори асосии он барои ҳазор нафар тамошобин пешбинӣ шудааст. Бино бо тарҳи миллӣ бунёд гардида, ба шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ пайваст карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ тобистони соли 2017 оғоз гардида, то охири сол беш аз 70 фисади корҳои сохтмонӣ бо харҷи 11 млн. сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар оғози соли равон барои пешбурди корҳо 8 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ «Бунёд» бар уҳда доранд. Ба корҳои сохтмонӣ 80 нафар бинокор, ки теъдоди бештари онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд, ҷалб шудаанд.
Беш аз 400 иншооти
дорои аҳамияти низомӣ сохта мешаванд
Вазири мудофиаи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои таълимии навъҳои қӯшунҳо ва навсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бомаром идома доранд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 400 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани ҳамаи шароити муносиб ба талаботи ҳарбӣ маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр