22 феврали соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.
Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.
Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак, инчунин, ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд.
Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода гардида, манзури шумо мегардад.
Дизайнерон дар ҳар шаҳру ноҳия метавонанд барои назди ҳавлиҳо, муассисаю корхонаҳо шаклҳои мақбултари конструксияҳоро тарҳрезӣ намоянд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр