Нашрияи Омӯзгор

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Сана: 2019-03-04        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

21 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш