Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти бавусъат

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

ба ифтихори 80-солагии доктори илмҳои педагогӣ, академики АТТ, профессор Убайд Зубайдов

Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Убайд Зубайдов 5 марти соли 1939 дар деҳаи Томчии хоҷагии Гулистони ноҳияи Ваҳдат дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Убайд Зубайдов баъди хатми муассисаи таҳсилоти асосӣ соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогию тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат дохил шуда, онро соли 1957 бо баҳои аъло хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1962 бо дипломи аъло хатм менамояд. Убайд Зубайдов ба аспирантураи мақсаднок дохил шуда, як сол пеш аз муҳлат, яъне соли 1969 дар мавзӯи «Сафедаҳои донаҳои чойҷуворӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Солҳои 1962-1966 ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо донишҷӯён ва ҷавонони Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон ва муаллими кафедраи химияи умумии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1966-1969 аспиранти кафедраи химияи умумӣ, 1969-1970 муаллими калон, 1970-1971 мудир ва аз с. 1973 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1971-1976 декани факултети табиатшиносию география, 1976-1991 декани факултети биологияю химия, мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, солҳои 1991-1996 корманди калони илмӣ ва мудири лаборатория, 1996-2002 ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ, 2002-2005 директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) фаъолият кардааст. Аз соли 2005 мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти умумии АТТ, ҳамзамон аъзои Шӯроҳои илмии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, АТТ, ҷонишини раиси Шӯрои диссертатсионии ДДОТ оид ба методикаи таълими химия ва биология, аъзои Шӯрои диссертатсионии АТТ, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Паёми ДДОТ», «Паёми АТТ», узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Тоҷикистонро низ ба дӯш дошт. Мавсуф дар таҳияи нақшаҳои таълим, барномаҳои таълими химияю биология, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ фаъолона ширкат варзидааст. Аввалин барномаи таълими тафриқа, монография, китобҳои дарсию дастурҳои методии марбути он ва консепсияи маълумоти химияю стандарти давлатии маълумоти фанни химия ба қалами У.Зубайдов мансуб аст.

Академик У.Зубайдов ҳамчун муҳаққиқ дар доираи фанҳои биологӣ (химияи биологӣ) рисолаҳои илмию корҳои назарии фаровоне таълиф кардааст. Баъзе мақолаҳои илмии ӯ дар кишварҳои дунё – Россия, Олмон, Чехославакия, Руминия ва Туркия ба табъ расидаанд. Навоварии олим Убайд Зубайдов аллакай дар таҳқиқотҳои солҳои 70-уми қарни ХХ анҷомдодааш ба назар мерасад. Инро метавон дар мисоли мазмуну мундариҷаи ду рисолаи илмиаш «Тараққиёти химияи полимерҳо» ва «Химия ва биохимияи сафеда» исбот кард. Бояд гуфт, ки дар он давра проблемаи омӯзиши полимерҳо ва сафеда аз ҷумлаи самтҳои муҳими илми химия ба шумор мерафт. Даст задан ба таҳқиқи ин проблемаҳои бунёдии биохимия аз қобилияти баланди ӯ дарак медиҳад. Рисолаи «Витаминҳо ва пайвастагиҳои фаъоли биологӣ», ки соли 1996 рӯи чопро дидааст, натиҷаи таҳқиқоти тӯлонӣ ва навоварии ин олим буда, он саҳифаи навест дар соҳаи химияи биологии тоҷик...

Солҳои баъдӣ таваҷҷуҳи ӯро як соҳаи таҳқиқнагаштаи илми педагогика - таълими тафриқа ба худ ҷалб кардааст. Ин буд, ки соли 1999 Убайд Зубайдов дар мавзӯи «Асосҳои назарӣ ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, заминаи асосиро гузошт ва барои таҳқиқоти паҳлуҳои гуногуни он фарзияҳои дақиқи илмии хешро баён дошт.

Фаъолияти илмию педагогии Убайд Зубайдов дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст. Таълими тафриқа ва татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар рисолаҳои калонҳаҷми олим «Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият» ва «Тафриқа-неруи пешбари таълим» таҳрир шудааст.

Натиҷаи ҳамин фидокории олим буд, ки имрӯз нақшаҳои таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (МТУ) дар синфҳои 10-11 аз назари таҳсилоти тафриқавӣ таҳия карда шудааст ва ҷорӣ кардани онҳо натиҷаи хуб дода истодааст.

Убайд Зубайдов дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълим ва дар маҷмӯъ беш аз 200 номгӯй асару мақолаҳои илмию методӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 20 унвонҷӯи ватанию хориҷӣ (аз Тоҷикистон, Эрону Туркия) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Муаллифи китобҳои дарсии «Химия» синфҳои 8, 10, 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва методикаи таълими химия, методикаи таълими биология ва химияи биологӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Хидматҳои академик Убайд Зубайдовро дар инкишофи илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр кардааст. Инчунин, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва методию омӯзгории ӯ бо як қатор ифтихорномаю раҳматномаҳои Вазорати маориф, Аълочии маорифи ИҶШС, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи ИҶШС, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.

Ғуломқодир БОБИЗОДА,

президенти Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон,

Сайфиддин КАМОЛЗОДА,

мудири шуъбаи таҳсилот ва

технологияи педагогии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш