Нашрияи Омӯзгор

Таҳрикбахши тафаккур

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Истифодаи  муносибати  босалоҳият ба таълим  дар раванди  гузаронидани  машғулиятҳо аҳамияти  барҷастаи  илмию  амалӣ  дошта, ба рушди қобилияти зеҳнию фикрронии хонандагон мусоидат  мекунад. Усули мазкур ба омилҳое, чун мушоҳидакорӣ, андешаронӣ, баҳо додан ба ин ё он масъала ё фикри пешниҳодкардаи  ҳамдарсон ва вусъати  хуфтаи  қобилияти  ангезиши ҷиддӣ медиҳад. Ҳамзамон, истифодаи  боҳадафу  огаҳмандона аз усули  таълими  салоҳиятнок хонандаро ба он водор месозад, ки шурӯъ аз синфҳои  поёнӣ аз омӯзишу андешаронии якрангу қолабӣ, бардоштҳои  анъанавие, ки  тавассути  омӯзгор таҳмил мешаванд ва ба истилоҳ, «ба умеди луқмапартоии дигарон шудан» худро канор бигирад, саъю талош намояд, ки ба таври  мунтазам нуқтаи назари хосашро доир ба мавзӯю  масоили  дарсӣ  баён  созад. Ба омӯзгор зарур аст, ки барои  таҳрику ангезиш бахшидан ба  қобилияти  зеҳнии хонанда аз усули шеваҳои  рангоранги  таълимӣ, амсоли  кори гурӯҳӣ, инфиродӣ, дунафарӣ, суволу супоришҳои  тестӣ, суолгузорӣ – муаммо ва ғайра истифода намуда, шогирдонро маҷбур созад, ки бештар таҳлилу хулосабарорӣ намуда, бо баёни мулоҳизаҳои  худ (бигузор он хато ё нопурра бошад) нутқашонро рушду сайқал бахшанд. Тайи солиёни  тӯлонӣ бо ба роҳ мондани  усули  анъанавии таълим  (усули лексионии баёни мавзӯъ аз ҷониби  омӯзгор) дар таҳтушшуури хонанда андешаву афкори тайёрро ҷо  карда, ӯро вобастаи як  фикру як нуқтаи назар, ба сухан карахту коҳил намудем. Ҳол он ки хонанда, ба андешаи  кулли педагогҳову мактабшиносони  барҷастаи  хориҷию ватанӣ шахсият аст ва эҳтироми афкори ӯ реша дар ҷанбаҳои  гуманистӣ дорад. Аз ин нуқтаи  назар, усули муносибати  босалоҳият ба таълим хонандаро водор мекунад, ки танҳо дар бораи  як ашё ё мафҳум (таври мисол, барг, муҳити  атроф, паранда, вазъи  рӯҳии мӯйсафед ё пиразан, хислатҳои ҳамдарсаш…) андешаи худро баён намояд

Абдураҳим НАРЗУЛЛОЕВ,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш