Нашрияи Омӯзгор

Дарси кушод – омили шавқманд кардани хонандагон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Ман дар литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори биология фаъолият мекунам. Дар синфи 6б зери унвони «Пахта-боигарии асосии Тоҷикистон» дарси кушод гузаронидам.

Зимни баёни мавзӯи нав ба хонандагон маълумот додам, ки пахта растании қадимаи нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта, намояндаи оилаи тугмачагулҳо мебошад. Дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз милод пахтаро кишт карда, аз он матоъ мебофтанд. Дар Миср кишт ва парвариши пахтаро дар асрҳои 1-и пеш аз милод, дар Хитой асрҳои 9-7, дар Осиёи Миёна аз асрҳои 7-6 то милод сар кардаанд.

Дар кишвари мо пахтаро ҳамчун растании яксола парвариш мекунанд. Хелҳояш зиёд буда, асосан ду намуди он-пахтаи муқаррарӣ ва мисриро мекоранд. Намудҳои худрӯи пахта дар қитъаҳои Африқо, Америкаи Шимолӣ ва Австралия мерӯянд. Решаи пурқуввату сершохаи пахта то 2,4-2,6 метр дар хок месабзад, вале об ва маводи ғизоиро он дар  қабатҳои нисбатан болотари хок ҷаббида мегирад. Пояи пахта рости сершоха буда, аз 70 то 200 см қад мекашад. Дар растании пахта ду намуди шохаҳо, яъне шохаҳои сабзишӣ ва мевадор инкишоф меёбанд. Баргҳои он тунуки сабз, шаклаш 3-7 паррадор ё мудаввари паршакл буда, дар поя пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Барги аввалин пас аз 7-10 рӯзи неш зада баромадани тухмӣ ва баргӣ дуюм 4-5 рӯз пас аз барги якум мебарояд. Гулҳои калон-калони пахта дуҷинса буда, аз 5 гулбарги рангашон зард ё зардранги сафед иборат аст. Гардбаргҳояшон бешумор буда, гардолудшавӣ ва бордоршавии гули пахта тақрибан ду шабонарӯз давом мекунад.

Дар шароити мусоид пахта хеле хуб инкишоф ёфта, метавонад то 200 кӯрак бандад. Пунбадонааш байзашакл ё мурудшакл буда, онро нахҳои дарози сафед иҳота кардааст, ки дарозии ҳар нах аз 30-40 мм то 50-60 мм мерасад. Барои рӯёнидани ҳосили фаровони пахта коркарди байни қаторҳоро  сари вақт ва дар асоси талаботи агротехникӣ ба роҳ монда, ба пахтазор додани нуриҳои маъдании нитрогендор, фосфордор ва калийдор мувофиқи мақсад аст. Дар давраи рушду нумӯи пахта чанд маротиба бех ва байни ниҳолҳоро мулоим мекунанд, ки дар натиҷа алафҳои бегона кам шуда, барои инкишофи муътадили ниҳол муфид аст. Ҳангоми пайдо шудани шохаҳои самаровар (мевадеҳ) ниҳоли пахтаро «чеканка» менамоянд. Ҳосили пахтаро баъди шукуфтани кӯракҳо дастӣ ё бо мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Барои ба даст овардани ҳосили фаровони пахта бояд навъҳои хубу санҷидашудаи пахта корида шавад, ки ба шароиту иқлими ноҳияҳои гуногуни кишоварзӣ тобовар бошанд.

Ҳамчунин, бо истифода аз акс ва слайдҳои омодакардаам дар раванди дарс ба бачаҳо фаҳмонидам, ки пахта дар пешрафти иқтисоди кишварамон аҳамияти калон дорад, зеро аз он матоъҳои гуногун тайёр мекунанд. Аз як кг нахи пахта ба ҳисоби миёна 5 м лас, 20 м сон (суф), 40-140 адад риштағалтак истеҳсол менамоянд. Аз як кг пунбадонаи пахта 270 г равған, 400 г кунҷора, 300 г шелуха ва 30 г линт гирифта мешавад. Равғани пахта маводи ғизоии пурбаҳо буда, он аз витаминҳо ва дигар моддаҳои органикии фоиданок бой мебошад. Пӯстпарда (шелуха) ва кунҷора, ки партови корхонаҳои равғанбарорӣ ба ҳисоб меравад, хӯроки серғизо ва пурқимати чорво мебошад.

 

Тоҷиннисо Давлатова,

омӯзгори литсей-интернати

Президентӣ барои хонандагони

 болаёқат дар шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш