Нависандаи рус Иван Сергеевич Тургенев (1818-1883) бо осори гаронбаҳояш соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаст. Аз ҳаёти пурасрори ӯ як ҳодисаи ҷолибе боқист, ки бо марги сардафтари адабиёти рус – А.С.Пушкин (1799-1837) алоқамандӣ дорад. Тавре аз зиндагиномаи Пушкин бармеояд, ӯ бар асари дуэл бо афсари франсуз Дантес дучори марги бармаҳал мегардад. Тургенев, ки нисбат ба эҷодиёти Пушкин муҳаббати махсус дошт, аз шунидани ин хабар нохуш мегардад ва аз ғуруби ахтари намоёни поягузори назми рус дарун-дарун месӯзад.
Вақти гусели шоир ба манзили охирин Тургенев аз мурдабон хоҳиш мекунад, ки чанд тори мӯйи сари шоирро ба ивази тилло ба ӯ фурӯшад. Ҳар касе, ки ин ҳолатро мушоҳида мекард, бешубҳа, аз муҳаббати беандоза доштаи Тургенев нисбат ба Пушкин пай мебурд. Ҳангоми видоъ гӯё Тургенев мегуфт, ки : “Сад афсӯс, ки орзӯҳои худ ба охират мебарӣ. Гарчи туро марги нобаҳангом аз байни мо мебарад, бидон, ки ҳар як тори мӯят барои мо аз тилло қиммат аст” бо ин гуфтор дили ғамзадаашро дар назди ҷасади шоири ғурамарг тасаллӣ медод.
Оид ба қиссаи мӯйи сари Пушкинро харидани Тургенев бисёр қайдҳо мавҷуданд. Бо кӯшиши омӯзгори фанни забони русӣ Маъмур Додобоев яке аз ин навиштаҳо ба забони точикӣ тарҷума карда шуд, ки овардани порчае аз он ба маврид мебошад: “Дар осорхонаи А.С.Пушкин дар Мойка, дар шафати нимпайкараи аз гаҷ бунёдшудаи шоир як ашёи диққатҷалбкунанда, ки ба рӯзи фавти шоир алоқамандӣ дорад, нигоҳ дошта мешавад. Ин ашё медалон (тӯморак) аст, ки марказаш шишагин буда, дар он миқдоре аз мӯи сари Пушкин нигоҳдорӣ мешавад... Пас аз вафоти Пушкин, тӯдаи зиёди мардум барои видоъ бо Александр Сергеевич ба манзили ӯ меомаданд. Дар байни онҳо Иван Тургенев-донишҷӯи соли сеюм ва ҳанӯз нависандаи барои мардум ношинос низ ҳозир буд. Иван Тургенев ба истеъдоди бузурги Пушкин қоил буду муҳаббати хосса дошт ва аз ин рӯ, мехост барои хотира аз ин шоири бузург чизе дошта бошад”.
Туморак ҳамдами дил ва шарики шодиву ғамҳои Тургенев буд. Аз ҷавонӣ то вақти марг Тургенев дӯстдори эҷодиёти Пушкин буд, ба ҳадде, ки мехост ҷасади ӯро поёнтари ин шоири ҷавонмарг ба хок супоранд.
Нозимҷони ҒОИБНАЗАР,
омӯзгори
мактаби №35-и ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр