Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи ҷомеаи кишвар тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ яке аз масъалаҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии маорифро татбиқ месозанд, ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Тамоми заминаҳои институтсионалии соҳа дар сатҳи мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шуда, заминаи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ низ ба талабот ҷавобгӯ гардонида шудааст. Низоми таълим ба стандарти Аврупоии таҳсилот мутобиқ гардида истода, ихтисосҳои нави замонавӣ таъсис ва теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, донишҷӯён ва устодон нисбат ба солҳои 1991-1992 ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Новобаста аз ин, ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудиҳо вуҷуд дошта, сатҳу сифати таълим ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26.12. 2018 қайд гардид, ки «...дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».
Албатта, таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд аз донишҳои назариявӣ, илмӣ, таҷрибавӣ, пешрафти илму техника бархӯрдор бошанд. Устодони донишгоҳро зарур аст, ки методҳои муосири замонавии муосирро дар ҷараёни таълим пурра истифода намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сатҳи нави инкишофи иқтисодӣ, яъне модели индустриалӣ-аграрӣ рӯ оварда, ҳадафи 4-уми миллӣ -саноатикунонии босуръатро эълон доштааст, аз ин рӯ, донишҳои техникӣ ва инноватсионӣ барои ҳамаи мутахассисон зарур мебошад. Зеро саноатикунонии муосири ҷаҳонӣ танҳо дар сурати хусусияти инноватсионӣ доштанаш метавонад дар ҷаҳони муосир бо рақобатнокии пуршиддат муваффақ гардад. Аз ин рӯ, дар заминаи донишҳои инноватсионӣ тайёр кардани мутахассисони оянда кафолати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ ва таъмини зиндагии шоиста мебошад.
Бо дарки ин масъулият Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии МТОК дар асоси татбиқи низоми «Болония»-ро барои иштирок дар озмуни Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, пешниҳод намуд ва ғолиб омад. Бояд қайд намуд, ки Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» аввалин лоиҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.
Мақсади асосии Лоиҳа ташкил намудани фазои таълимӣ-инноватсионӣ бо дарназардошти азнавсозии стандартҳои таълимӣ, нақшаҳо, барномаҳо, силлабусҳо ва китобҳои дарсӣ дар асоси принсипҳои Болония, инчунин ҳамгироии таълим, тадқиқот ва ҷорӣ намудани бизнес-ғояҳои инноватсионӣ дар амалияи бизнеси ватанӣ мебошад.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа 6 ихтисоси донишгоҳ, аз ҷумла; менеҷменти молиявӣ, менеҷменти инноватсионӣ, иқтисоди ҷаҳон, иқтисод ва идора дар корхонахои хурду миёна, таҳлили иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт пурра ба низоми Болония мутобиқ гардонида шуда, мазмуну мундариҷаи барнома ва китобҳои дарсӣ бо дарназардошти унсурҳои инноватсионӣ таҷдиди назар карда шуда, ду китоби дарсии таълимӣ - «Менеҷменти инноватсионӣ» ва «Соҳибкории инноватсионӣ» бо адади 4000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ барои тамоми донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва иқтисоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешавад.
Барои ин чорабиниҳо шарикони рушд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Аврупо, ки дорои ассотсиатсияи байналмилалӣ мебошанд, даъват ва ба устодон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ гузаронида, тамоми нозукиҳои низоми аврупоии таълим омӯзонида мешавад. Ба ғайр аз ин, дар таҳияи стандартҳои таълимӣ мушовирони маҳаллию ташкилотҳои ғайридавлатии ватанӣ, ки дар самти фаъолияти инноватсионӣ ба дастовардҳо ноил гаштаанд, ҷалб карда мешаванд. Инчунин, устодони донишгоҳ низ ба донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо сафар намуда, таҷрибаи таълимӣ ва илмӣ омӯхта, сатҳи касбияти худро инкишоф хоҳанд дод.
Бояд таъкид сохт, ки низоми Болония принсипҳои зеринро дар бар мегирад; ташкил намудани таҳсилоти сезинагӣ, баробарарзишии дипломҳо, гузариш ба воҳиди Аврупоии баҳогузорӣ ECTS (European Credit Transfer and Accumulation System), мубодилаи устодону донишҷӯён ва мониторинги бо ҷои кор таъмин шудани донишҷӯён.
Дар натиҷаи чорабиниҳои зикргардида принсипҳои Болония ҳанӯз сифатан иҷро намегарданд. Зеро яке аз принсипҳои асосӣ ин мустақилияти донишҷӯ буда, аз се ду ҳиссаи кредит (сарбории таълимӣ) кори мустақилонаи донишҷӯ аст ва фаъолнокиро талаб мекунад. Мутаассифона, ана ҳамин принсип имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ба роҳ монда нашудааст ва сабаби паст будани сифати таълим низ дар он аст.
Вобаста ба сифати таълим ҳаминро бояд қайд кард, ки он аз ду унсури асосӣ иборат аст:
1. Донишҳои минималии ҳатмӣ-базавӣ, ки онҳо дар Стандарти давлатии таҳсилот қайд гардидаанд (ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, забондонӣ, истифода бурда тавонистани технологияҳои муосир дар фаъолияти корӣ, асосҳои консепсияи табиатшиносӣ ва ғ.)
2. Донишҳои касбие, ки вобаста ба ихтисос дар ҳамон давра зарур ҳастанд ва онҳо метавонанд ба мурури замон инкишоф ёбанд ва ё аз байн раванд. Дар ин маврид сиёсати сифати таҳсилотро бояд худи муассиса муайян намуда, онро таъмин созад. Яъне сифати таҳсилот аз ду қисми ҳамдигарро пуркунанда ва инкишофдиҳанда иборат аст. Яке донишҳои базавӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва дигаре талаботи бозори меҳнат, ки онро муассисаи таълимӣ дар натиҷаи таҳқиқоти бозори меҳнат ошкор, коркард, татбиқ ва таъмин месозад.
Ба назари мо, зери мафҳуми сифати таълим дар ихтисосҳои молия ва иқтисод, дар ҳамин давраи инкишофи иқтисод ва молияи кишвар, бо дарназардошти ҳадафҳои дарпешгузошта дар ин самтҳо ва инкишофи онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, хизматрасониҳои таълимиеро мегӯянд, ки таълимгиранда пас аз гирифтани он фаъолияти худро ҳамчун иқтисодчӣ-молиячии инноватор-навовар дар оянда ба роҳ монда, эҳтиёҷоти корфармоёни ҷомеаи инноватсиониро таъмин карда тавонад.
Дар ин маврид яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим ҳамгироии таълим бо амалия буда, ҳамзамон ташаккули муносибати субъектҳои таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ тақозо менамояд. Ин ҷо бояд на танҳо донишҷӯ, корфармо, балки устод низ бояд фаъол бошад ва мавқеи калидиро дар ташкили таълим доро гардад. Яъне, вай аз шахси «маълумотдиҳанда» ба шахси «бунёдкунандаи дониш» табдил ёбад. Дар ҷараёни таълим устод бояд «Чӣ гуна бояд фикр кард?» ва «Чиро бояд фикр кард?»-ро ба донишҷӯён омӯзад. Барои ба амал баровардани ин се ҳолат, яъне фаъолнокии донишҷӯ, ҷалби корфармоён ба ҷараёни таълим ва ба мушовир, таҳқиқотчӣ, маслиҳатчӣ табдил додани мавқеи устод (омӯзгор) дар қисмати 2-юми Лоиҳаи«Ташкили муҳити инноватсионии МТОК дар асоси татбиқи низоми «Болония» ташкили бизнес-инкубатор дар донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин бизнес-инкубатор пайваста ғояҳои инноватсионии донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрон ва муҳаққиқон бандубаст карда шуда, баъд аз он ин ғояҳо ҳамчун лоиҳаҳои инноватсионӣ барои истифода қарор дода мешаванд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки донишҷӯён минбаъд корҳои мустақилонаи худро дар шакли реферат, кори курсӣ, рисолаи хатми бакалаврӣ ва магистрӣ бо пешниҳоди ғояҳои нави инноватсионӣ вобаста ба беҳтар кардани шароити истеҳсолӣ ё идоракунии объекти таҷрибаомӯзӣ ё таҳқиқотӣ дар бизнес-инкубатор бо ёрии мушовирон-устодон бандубаст намуда, бо лоиҳаи инноватсионӣ ба истеҳсолот пешниҳодҳо манзур намоянд. Дар ин маврид, устодони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ ғояҳои инноватсиониро аз лиҳози ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ бандубаст намуда, ғояҳои кӯчакро ба лоиҳаи инноватсионии ҳаматарафа асосноккардашуда табдил медиҳанд. Баъзе аз лоиҳаҳо дар парки технологии донишгоҳ низ татбиқ карда шуда, бо ин роҳ фаъолияти парки технологии донишгоҳ низ ҷоннок карда мешавад. Бизнес-инкубатор «лаборатория»-и ғояҳои инноватсионӣ гардида, «ғояҳои муваффақ» ба лоиҳаҳои инноватсионӣ табдил меёбанд.
Пас аз анҷоми лоиҳа, дар баробари кор бо донишҷӯёну устодони донишгоҳ, бизнес - инкубатор маркази машваратӣ барои соҳибкорони ватанӣ, махсусан соҳибкорони ҷавон, стар-тапҳо гашта, донишҳои таҷрибавии дар ин ҷо бадастомада мунтазам ба мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ворид карда шуда, ҳар як лоиҳа ҳамчун кейс-таълим ба донишҷӯён пешкаш карда мешавад. Дар давраи татбиқи Лоиҳа озмуни «Лоиҳаи инноватсионии беҳтарин» гузаронида шуда, дар мадди аввал 10 лоиҳа ҷамъоварӣ карда шуда, як ширкат ташкил ва як намуди мол/ хизматрасонӣ пешниҳоди бозор мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки дар низоми тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисоди кишвар таҳаввулоти институтсионалии характери инноватсионӣ дошта, яъне ташкили шакли нави кори мустақилонаи донишҷӯён, тағйир додани нақшаи омӯзгор, методикаи таълим, хусусияти хоси дарбаргирии сатҳи инкишофи ҷомеа ва ояндаи он – инноватсия дар амал татбиқ карда шавад.
Ш.ХАЙРЗОДА,
ректори ДДМИТ,
роҳбари лоиҳа,
Б.САФАРОВ,
ҳамоҳангсози лоиҳа
Иловакунӣ
Иловакунии фикр