Нашрияи Омӯзгор

Терроризм хатарест ба ҷомеа ва ояндаи инсоният

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Сарвари давлатамон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аввалин шуда, аз минбари СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди паҳншавии хатари терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд. Дар ниҳоят, воқеаҳои Сурия, Ливия, Ироқ, Яман ва Афғонистон дурустии пешбиниҳои ҳушдорсозандаи Сарвари кишварамонро исбот намуданд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм баҳои баланд медиҳад. Аз ҷумла, дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм ва экстремизм, ки соли гузашта дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе доир гардид, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон қайд намуд, ки «Тоҷикистон бар зидди терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало кунад, гирифт».

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм якчанд қонун ва санаду ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро ба монанди «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул намудааст.

Татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» моро водор мекунад, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзӯр намуда, ҷавонону мутахассисони ватандӯст ва худогоҳро ба камол расонем. Зеро душманони миллат, ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд маҳз ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ба доми худ кашанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бо вуҷуди талошҳои зиёди давлат ва мақомоти қудратию интизомии кишвар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд оромию осудагии кишварамонро халалдор намоянд. Хусусан, ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ аз ибтидои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории навин пайваста кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби демократия ва дину мазҳаб ҷой дода, мехост  бо роҳи табаддулоти  низомӣ ба сари қудрат ояд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ ТЭТ ҲНИ зиёда аз 30 амали террористиро анҷом додааст. 

Аз ин хотир мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккуул диҳем. Ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ дар амалисозии ниятҳои  ғаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд.

Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон ба ақидаи таҳлилгарон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳо мешаванд. Чунонки аз хабарҳои расонаҳо бармеояд, ин гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҷавонон  маблағҳои калон ва ҳатто ҷойҳои хуби кориро ваъда мекунанд.

Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон дуруст дарк накардани моҳият ва мазмуни дини мубини ислом мебошад.

Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет паҳн карда мешаванд. Бояд хотирнишон сохт, ки бузургони миллати куҳанбунёди мо аз худ мероси бузурги маънавӣ  боқӣ мондаанд, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, некӯкорӣ мебошанд. Вақти он расидааст, ки ҷавонон баҳри баланд бардоштани маънавиёти худ бояд вақти бештари худро барои мутолиаи ин мероси бузурги ниёгон сарф намоянд.

 

Мухтор  ФОЗИЛЗОДА,

ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон,

Аслиддин САДРИДДИНОВ,

устоди ҳамин донишкада


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш