Ман ҳар як мақолаи дӯсти айёми донишҷӯиям Исматуллоро амиқу бо таҳаммул мутолиа мекунам, аз андешаҳои тоза ва пешниҳодҳои ҷолибаш хушҳол мешавам, гӯё бори гаронеро аз шонаи дил дур меандохта бошам, сабук нафас мекашам.
Ба назарам чунин мерасад, ки Исматулло рӯёрӯ бо ман суҳбат ороставу афкору нуқтаи назари хоси худро баён мекунад ва ҳамчунон бо оҳанги нарму нафис рамӯзҷӯёна мепурсад: «Хайр, ҳамин мулоҳизаҳои ман дурустанд ё ба эҳсосот дода шуда, сахт гап задаам?» Аз қавле, «маззаро аз қайла гузарондаам?» «Фикри шумо чӣ хел дар ин бора?» Дарвоқеъ, маро ҳангоми мутолиаи мақолаҳои дӯстам эҳсоси хушоянде фаро мегирад ва мехоҳам ба ӯ фавран посух бидиҳам: «Дарди дили маро гуфтаӣ. Ҳамон мушкилиҳоеро рақамзанӣ кардаӣ, ки мутаассифона, то ҳол ба пешравии таълиму тарбия монеа эҷод мекунанд. Ҳо, рост мегӯйӣ, аз сидқу дилсӯзӣ мегӯӣ, ки ҳалли мунсифонаи ин омилҳо рисолати ҷонии устодону омӯзгорон аст, амали дастаҷамъонаи аҳли маориф аст. Дар ин ҷода ҳеҷ баҳонаю канорагирӣ набояд вуҷуд дошта бошад».
Ҳамин тавр, ба гунаи мудовим бо мутолиаи мақолаҳои андешазои Исматулло ман хаёлан бо ӯ гуфтугӯ мекунам, андешаҳоямро хулоса карда, барои рӯзе ҷавоб додан ба ӯ дар зеҳнам маҳфуз медорам.
Исматуллоро аз айёми донишҷӯйӣ чун шоир мешинохтем. Шеъргунаҳояш дар рӯзномаи девории факулта ва нашрияи донишгоҳ – «Ба қуллаҳои дониш» чоп мешуданд. Гоҳ – гоҳе мақолаю лавҳа ҳам иншо мекард, вале ҳеҷ сир бой намедод, ки ба эҷоди ҳикоя ҳам машғул аст. Мо дар гурӯҳи рӯзноманигорӣ сабақ мегирифтему Исматулло дар адабиёти муосири тоҷик. Солҳои марғубу шавқфизои донишҷӯйӣ паси сар шуданду ҳама ба ҳар тараф парешон.
… Телефон занг заду (баъди сипарӣ гардидани 30 сол!) ҳамон овози нарму гӯшнавоз ва саҳл пасти шиносро истимоъ намудам, ки батафсил ва гарму ҷӯшон аз сиҳатию саломатӣ ва корҳои эҷодиям пурсон мешуд. Овоз овози Исматулло буд, шинохтам. Ӯ бо ҳарорату рӯҳи болида мегуфт, ки навиштаҳоямро аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ, билхоса, нашрияи «Омӯзгор» доиман мутолиа мекунад ва сараш ба осмон мерасад. Чун ман аз кору бор ва вазъи зиндагияш пурсон шудам, посух дод, ки: «Феълан сарварии мактаби №25-и шаҳри Исфараро бар дӯш дорам. Аз эҷоди шеъру ҳикоя даст накашидаам. Панҷ – шаш маҷмӯаи ашъорам чоп шудаву дар роҳи сароидани рубоию ғазал сидқану ҷиддан мекӯшам».
- Бо нашрияи «Омӯзгор» ҳамкориро ба роҳ мон, - маслиҳат пеш овардам ман ва таъкид кардам: - Мақолаю матолиби бамаънӣ ва омӯзанда навис, албатта, чоп хоҳем кард. Исматуллоро шӯру шавқе фаро гирифт ва дар ҷавоб қавл дод, ки «менависад мақола, интизор шавам.»
Инак, тайи 4-5 сол мешавад, ки Исматулло Абдуллоев новобаста ба пуркорию серташвишаш, зуд – зуд ба ҳафтаномаи мақбулу писандидааш – «Омӯзгор» мақолаҳои пурмуҳтаво, ки ғояву ҳадафи тарбиявию ахлоқӣ доранд, ирсол менамояд, ки ба таври оҷил ба табъ мерасанд. Мақолаҳои Исматулло аз дигар навиштаҳои муаллифони «Омӯзгор» аз шаҳру навоҳии кишвар ба он фарқ мекунад, ки дар онҳо ҳатман як фикри бикр, таҳлили фардии муаллиф, муқоисанигорӣ ва пешниҳодоти воқеан ибратомӯз ба мушоҳида мерасанд. Исматулло забонро хуб медонад, ба зарбу оҳанги вожаҳо ва фасоҳату балоғати сухан таваҷҷуҳи беш зоҳир мекунад, аз ин рӯ навиштаҳояш рангину дилангез ва хонданиянд, ҷавҳари маънӣ доранд. Ман ҳоло имкони овардани иқтибосоти зиёде аз он навиштаҳо надорам, чун омӯзгорону устодон аз мазмуну муҳтавои мақолаҳои дӯстам амиқан хабар доранд. Танҳо хотиррасон карданиям, ки Исматулло Абдуллоев таҷрибаи ғании омӯзгорию сарварӣ дорад, педагоги варзида ва мактабшиноси донишманд аст. Доираи мутолиааш фарох буда, ба масоилу мавзӯоти ахлоқӣ алоқаи бештар дорад. Ба ин таъкиди мо кулли мақолаву матолиби дар нашрияи «Омӯзгор» чопшудаи ӯ мисоли барҳақанд.
Телефон занг мезанад. Овози шинос. Исматулло пайғом медиҳад, ки мақолаи навашро навишта ба анҷом расондаасту дар андешаи ба нашрияи «Омӯзгор» фиристодани он мебошад.
Навис, дӯстам Исматулло, мо интизори навиштаҳои ту ҳастем!
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр