Соли 1959 сардабири нашрияи «Тоҷикистон»-ро, ки шоири маъруф Абдусалом Деҳотӣ буд, аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷояш Бӯринисо Бердиеваи ҷавонро таъйин мекунанд. Баъдан нашрияи «Маориф ва маданият» таъсис меёбаду Бердиева аввалин муҳаррири он мешавад. Рӯзи аввали корӣ маҷлис ороста, мегӯяд:
- Медонам, ки ман ҳеҷ гоҳ ҷойи устод Деҳотиро гирифта наметавонам. Якчанд муддат бо ҳам кор мекунем ва баъдан ҳар кас ба роҳи худаш.
Аз байн шаш моҳ, як сол гузашт, вале касе ба ҷое рафтан намехост. Дар ин муддат нашрия бештар шуҳратманд гашт. Бештар навиштаҳои баҳснок, шеъру ҳикояҳои миллатдӯстона (дар он даврон чопи онҳоро ягон нашрия ба дӯш намегирифт) ва мақолаҳои танқидӣ дар «Маориф ва маданият» чоп мешуданд. Нашри шеърҳои ватандӯстонаи Лоиқ, Бозор, Ғаффор Мирзо ва мақолаҳои дигар ҷавонони боистеъдодро ин зани шуҷоъ ба уҳда мегирифт ва бисёр вақт пас аз чоп шудани ягон маводи баҳсталаб маҷбур мешуд, ки баёноти дурударозе навишта, ҳақ будани худро исбот кунад. Гоҳо баёнот ҳам наменавишт.
Нависандаи маъруф Сотим Улуғзода, пас аз он ки писараш Азиз Улуғзода аз Британия паногоҳи сиёсӣ ҷуст, аз ҷониби зимомдорони вақт маҳкум шуд. Билети ҳизбияшро гирифтанд, чопи асарҳояш дар нашриётҳо боздошта шуд ва таълими асарҳои ӯро дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ карданд. Ҳатто, баъзе наздиконаш аз тарс саломашро алейк намегирифтанд, аммо Бӯриннисо Бердиева асарҳои «Ривояти суғдӣ» ва «Марги ҳофиз»-ро дар нашрияи «Маориф ва маданият» нашр кард. Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев дар як мақолааш ба дақиқияти санадҳои таърихии қиссаи «Ривояти суғдӣ»-и Сотим Улуғзода шубҳа мекунад. Бӯриннисо Бердиева ҳар дуро ба баҳси муфассал даъват намуд. Мақолаҳои мубоҳисавиро дар рӯзнома нашр карда тавонист, ки бегуноҳии Улуғзодаро собит кунад. Ҳатто бахшида ба зодрӯзи нависанда нашри махсус баровард.
Дар он замон Наврӯзро ҷашн гирифтан манъ буд, чунки онро иди динӣ мегуфтанд. Мирзо Турсунзода борҳо кӯшиданд, ки дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз аз Маскав иҷозат гиранд, аммо талошҳояшон бенатиҷа анҷомид. Ин як зилзила буд дар он давр. Бердиева ба муносибати ҷашни Наврӯз шумораи махсус чоп кард.
Нашри идонаи «Маориф ва маданият» натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми давлатҳоеро, ки Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, ба ҷунбиш овард. Дар мақолаҳо ид ба динӣ набудани Наврӯз ва таърихи пешазисломӣ ва чандинҳазорсола доштани он бо санаду бурҳон исбот гардида буд, аммо ҳамаи инро мансабдорони ҷоҳпараст намефаҳмиданд. Бердиева бо пуштибонии Турсун Ӯлҷабоев ва А. Қаҳҳоров аз чанги душманонаш раҳоӣ ёфт.
Муддати бист соле, ки Бӯринисо Бердиева сармуҳарририи «Маориф ва маданият»-ро бар дӯш дошт, теъдоди он ба 70 ҳазор расид. Мардум дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ гурӯҳ-гурӯҳ навбат мепоиданд барои харидани «Маориф ва маданият». Ҳатто баъзеҳо ба редаксия меомаданд… Ташнагони илму маърифатро «Маориф ва маданият» оби зулол буд ва бечорагонро хонаи умед. Ягона рӯзномае, ки ҳаққи қаламро барзиёд медод, «Маориф ва маданият» буд. Албатта, бо саҳми Бӯринисо Бердиева.
...Ҷанги шаҳрвандии бародаркуш қалби пур аз меҳри модаронаи Бӯринисо Бердиеваро месӯзонд. Ӯ дар деҳкадаи Лучоб мезисту мубталои бемории саратон буд. Медонист, ки мубталои чӣ гуна бемориест, аммо ҳар чӣ дилаш мехост, мекард. Ба театру кинотеатрҳо мерафт. Боре духтараш Сулҳиябону, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, ба модар мегӯяд, ки чаро аз пулҳои фиристодааш ба худ чизе нахаридаву табобат нагирифтааст. Пасон маълум мешавад, ки ин пулҳоро Бӯринисо Бердиева ба наздикону эҳтиёҷмандон сарф мекардааст.
Риштаи умри бузургбонуи матбуоти тоҷик моҳи октябри соли 2003 канда шуд. Ҷисми ӯ дар қабристони Лучоб дафн гардидааст. Унвон ё ҷоизае, ки дар вақти зинда буданаш ба Бердиева дода нашуд, баъди вафоташ аз тарафи дӯстону наздиконаш китобе бо номи «Бузургбонуи матбуоти тоҷик. Ёд аз Бӯринисо Бердиева» ба нашр расид, ки маълумоту ёддоштҳоро дар бораи ҳаёту фаъолияти ин бузургбону дар бар мегирад.
Умед бар он дорем, ки дар оянда ба номаш ҷоизае таъсис дода мешавад.
Ифтихор Юсуфӣ,
донишҷӯи курси сеюми факултаи журналистикаи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр