Матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду такомул ёфт, заминаҳои хуқуқӣ ва имкониятҳои васеъ ҷиҳати таъсиси матбуоти гуногунсоҳа дар ин марҳила фароҳам оварда шуд. Дар замони ҷаҳонишавӣ рисолати матбуот боз ҳам бештар гардида, он имрӯз, махсусан, ҳамчун фишанги идеологӣ дар бархӯрдҳои иттилоотӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад.
Оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти матбуоти кишвар ва масъалаи тайёр кардани рӯзноманигорони ҳирфаӣ дар арафаи Рӯзи матбуот суҳбате доштем бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Устоди арҷманд! Ба андешаи шумо, матбуоти миллии кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар муқоиса бо замони Шӯравӣ аз ҷиҳати моҳияту ҳадаф, ғояву муҳтавои маводу матолиби пешниҳодгардида чӣ дастоварду пешравиҳоро соҳиб гардид?
- Дигаргун шудани сохти иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадан ва истеҳком пайдо кардани пояҳои давлатдории мустақили Тоҷикистони муосир имкон фароҳам овард, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла, воситаҳои ахбори омма заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ фароҳам ояд. Ин омилҳо ба рушди матбуоти даврӣ низ бетаъсир набуд. Қабули қонунҳои гуногун доир ба ВАО ва фаъолиятҳои алоқаманд ба он, ба имзо расидани як қатор амру фармон ва асноди дигари ҳуқуқӣ, аз як тараф, аз иқдомҳои ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии соҳа башорат медиҳад, аз ҷониби дигар, барои афзалият пайдо кардани миллияти матбуоти даврӣ замина мегузорад.
Бо таъсири ин ва дигар омилҳо матбуоти даврии мо ҳам аз ҷиҳати сохт, ҳам шакл ва ҳам мундариҷа тағйир ёфт ва пеш рафт. Дар низоми матбуоти тоҷик нашрияҳои гуногунтип ва гуногунтаъйин ба вуҷуд омада, шакл гирифтанд ва мавқеъ пайдо карданд. Чунин низоми сертаркиба имкон фароҳам овард, ки доираи мавзӯоти нашрияҳои даврӣ васеъ, усули инъикос ва баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ва диду назарҳои муаллифон мухталиф гардад. Бо вуҷуди ин, аксарияти нашрияҳои даврӣ, новобаста аз таъйиноташон ҳадафи ягона доранд. Ин ҳадаф таъмини ҷомеа бо иттилоот, ба фаҳми мардум расонидани моҳияти ҳаводису рӯйдод, тарғиби арзишҳои миллӣ, хоса фарҳангӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани маърифати иҷтимоии омма аст.
Албатта, дар иҷрои ин рисолат муваффақиятҳо зиёданд, аммо камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки матбуоти даврии мо ба масъалаҳои амнияти фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ин масъалаҳо ҷиддӣ ва барои миллат тақдирсозанд. Ин аст, ки Ҳукумути кишвар муаррифии фарҳанги миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Дар инъикос ва баррасии чунин масъалаҳо аз неруи шахсиятҳои дорои дид ва ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии васеъ бояд истифода кард. Чунин ашхос дар ҷомеаи мо ҳастанд, танҳо онҳоро бояд шинохт ва ба ҳамкорӣ ҳавасманд кард.
- Мехостем оид ба мафҳумҳои «матбуоти озод» ва «озодии матбуот» маълумот бидиҳед. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар озодии матубот дар доираи қонунҳои қабулгардида оид ба ВАО таъмин ва баҳри фаъолияти нашрияҳо шароит муҳайё гардид. Дар умум, озодии сухан чӣ меъёрҳо дорад? Оё озодии суханро ба маънии мутлақ фаҳмидан мумкин аст?
- Мафҳумҳои «матбуоти озод» ва «озодии матбуот» ҳарчанд ба ҳамдигар алоқаманданд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Матбуоти озод муродифи матбуоти мустақил аст. Яъне, матбуоте, ки аз нигоҳи назорати ҳукуматӣ, сиёсӣ ва ё иқтисодӣ мустақил буда, мавқеъ ва нуқтаи назари худро соҳиб аст. Матолиберо низ ба нашр мерасонад, ки ба мавқеи идорааш мувофиқ нест. Аммо ин шинохти назарӣ аст ва дар амал ин меъёрҳо пурра риоя намешавад. Ба вижа, чопи матолиби зидди мавқеи нашрия.
Озодии матбуот бошад, муҳимтарин масъалаи иҷтимоиву эҷодии фаъолият аст, ки ҷанбаи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву эҷодӣ дорад. Маҳз мустақилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ВАО, ҳамчунин, рақобатпазирӣ дар фазои иттилоотӣ, имконият фароҳам меорад, ки озодии матбуот таъмин гардад.
Масъалаи озодии матбуот баробари пайдоиши аввалин нашрияҳои даврӣ ба вуҷуд омада, баҳси моҳияти «озодии матбуот» ҳамчун муборизаи журналистон барои озодан тадбиқ намудани ғояҳои сиёсӣ, ниятҳои эҷодӣ тӯли садсолаҳо идома дорад. Дар ҳама давраҳои инкишоф ин ё он қувваи иҷтимоӣ барои худ озодии нисбиро талаб мекунад. Заминаи асосии озодии матбуот имконияти мустақилона бидуни дахолату маҷбурсозӣ дар интихоби самт ва воситаҳои фаъолият ба қароре омадан аст. Аммо озодӣ нисбӣ аст ва ба зарурати иҷтимоӣ вобаста мешавад. Озодӣ ва заруратро мебояд ҳамчун категорияҳои ба якдигар мувофиқ баррасӣ намуд. Журналист барои ҳақиқати гуфта ва маърифати иҷтимоии ҷомеа масъулияти баланд дорад. Ин масъулият, бахусус, дар ҷомеаи демократӣ, ки назарҳои гуногун талқин мешаванд, боз ҳам баланд мешавад. Ҳадди озодӣ аз дурустии мавқеи иҷтимоии журналист вобаста аст.
Дар кишвари мо барои ба вуҷуд овардани чунин фазо тӯли солҳои истиқлолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Чунончи, дар асари тозанашри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» омадааст: «Барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Имрӯз фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ» ва ғайра ба танзим дароварда мешавад». Ин ва дигар асноди ҳуқуқӣ имкон медиҳанд, ки ҳар як инсон тавассути матбуоти даврӣ, аз ҳуқуқҳои аслии худ истифода намуда, дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ, фикру назар ва мавқеи шаҳрвандӣ озод бошанд. Аммо ҳар гуна озодӣ бояд ба манфиати ҷомеа ва миллат бошад.
- Дар замоне, ки ҷаҳонро иттилоот идора мекунад, ВАО –и кишвар то кадом андоза дар муборизаҳои иттилоотӣ рақобатпазир аст? Омилҳои рушд бахшидани матбуотро дар ин масир дар чӣ мебинед?
- Ин савол бисёр муҳим ва посухи он мушкил ҳам аст. Воқеан, дар боло ишора рафт, ки ин масъала на танҳо дар фазои иттилоотии кишвари мо, балки дар фазои иттилоотии минтақаву ҷаҳон ба мавзӯи баҳсангез бадал шудааст. Дар хусуси он ки ҷаҳонро иттилоот идора мекунад, на иқтисод бисёр гуфтанду навиштаанд. Аммо моҳияти асосӣ чист? Ба назари инҷониб мавқеи идориро пайдо кардани иттилоот он аст, ки абарқудратон барои расидан ба ҳадафҳои худ шаклҳои гуногуни инҳисор ва ба тобеияти худ даровардани дигаронро таҷриба карда, ба хулосае расиданд, ки усули муҳимтарини тадбиқи ҳар гуна ғоя таъсир ба мафкураи мардум аст, ки инро ҷанги равонӣ ва ё сард низ меноманд. Рушди техника ва вусъат пайдо кардани доманаи интернет ба корбасти чунин усул шароит ва имконоти мувофиқро ба вуҷуд овард. Ин омили иҷтимоӣ аст ва аз он ҷойи гурез ҳам нест. Аммо дар ин раванд ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ нақши барҷаста мебозад. Ин раванд аз кормандони ВАО, хоса матбуоти даврӣ тақозо менамояд, ки дар баҳсу мубоҳисаҳо, пеш аз ҳама, ба ақл такя кунанд, эҳсосотро аз худ дур созанд, бо далел сухан гӯянд ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзишҳои халқу миллатҳои дигаро паст назананд. Дар ин самт имконияти матбуоти даврӣ бештар аст. Нашрияҳои даврӣ метавонанд таҳлили вусъатноки масъалаҳои гуногунро ба роҳ монанд. Дар таҳлил ва баррасии ин гуна масъалаҳо муносибати сотсиологӣ ва фалсафӣ мебояд. Мутаассифона, дар матбуоти даврии мо ба ин омил камтар эътибор медиҳанд.
- Дар хусуси нашрияҳои соҳавӣ ва инъикоси масоилу мушкилоти ину он соҳа дар замони истиқлолият чӣ тағйироту дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасанд? Оё равандҳои мусбату умедворкунанда дар ин масир ба миён омадаанд?
- Хуб аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар нашрияҳои соҳавӣ дар муқоиса бо дигар навъи нашрияҳо, хоса нашрияҳои ноҳиявӣ хеле пеш рафтанд. Имрӯз нашрияи «Боҷу хироҷ» аз ҷиҳати теъдод бо 68 538 нусха дар ҷойи аввал қарор дорад. Теъдоди нашри «Омӯзгор» ба беш аз 40 000 расидааст. Ин гувоҳ бар он аст, ки ин навъи нашрияҳо имкон ва шароити ҷалби маблағ ва иртибот бо аудиторияи худро пайдо кардаанд. Ҳамчунин, таҳқиқоти дар заминаи Лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» бо мақсади муайян намудани дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ дар соли 2018 баргузоршуда маълум намуд, «Омӯзгор» бо 23,8% дуюмин нашрияи серхонандатарин будааст.
Ин нишондоди миқдорӣ, албатта, аз сифати ин нашрияҳо низ далолат мекунад. Бо вуҷуди ин, мундариҷаи нашрияҳои соҳавӣ таҷдид мехоҳад. Баъзан матолиби якранг, обшуста ва такрор ба назар мерасанд, ки ба майлу рағбати хонанда ва қаноатмандии завқу фикри ӯ таъсир расонида наметавонанд. Бархе аз нигоштаҳо иншоҳои мактабиро ба хотир меоранд, ки муаллиф гӯё аз «доноии худ» ҳарф мезанад. Ба таносуби мавзӯъҳо ва дараҷаи иҷтмоии онҳо боъд эътибор дод.
Ин типи нашрияҳо дар баробари инъикоси муваффақиятҳои соҳа аз камбудиҳои мавҷуда низ нависанд, дар ҳаллу фасли онҳо мусоидат кунанд, усулҳои пешқадамро тарғиб намоянд, барои табодули таҷриба ва афкори созанда шароит ба вуҷуд оранд. Ин нашрияҳоро мебояд на танҳо ба инъикоси ҳаёти соҳа маҳдуд шаванд, балки бо чопи матолиби гуногуни таҳлилӣ дар вусъати маънавиёт ва ҷаҳонбинии хонандагон низ таъсир гузоранд.
- Имрӯзҳо перомуни маҳо-рату қобилияти ҳирфаии рӯзноманигорон ва бозтоби мавзӯоти доғи ҷомеа, мушкилоти нашрияҳо андешаҳои мухталиф садо медиҳанд. Бархе бар онанд, ки матолиби таҳлилию таҳқиқӣ, ки аз сатҳи баланди ҳирфаии рӯзноманигорӣ шаҳодат диҳанд, ба нудрат нашр мегарданд. Дар ин хусус нигоҳи шумо чист?
- Аксари муҳаққиқон журналистикаро санъат медонанд, ки нодуруст нест. Яъне, барои журналисти хуб шудан қобилияту маҳорати хос нақши муҳим мебозад. Вижагии маҳорати журналист танҳо бо суханварӣ ва ё навишта тавонистан маҳдуд намешавад. Ӯ бояд мустақилона мавзӯъро пайдо кунад, бо сарчашмаҳои гуногуни дастрасии иттилоот муроҷиат карда тавонад, маводи ҷамъовардаашро ба низом дароварда ба мақсад мувофиқ созад, дар заминаи факту далелҳои мавзӯъ масъаларо матраҳ созад, дар баррасии масъала мавқеи нашрия ва диду назари хонандаро ба эътибор гирад. Аммо бо иҷрои ин амалҳо касбияти рӯзноманигор пурра шакл намегирад. Дар ин самт касбият, дониш, сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносӣ мададгор мешавад. Болотар аз ин, эҳтироми касб, содиқ будану бо муҳаббат кор кардан ба касбияти рӯзноманигор таъсир мерасонад.
Рӯзноманигор мисли файласуфу ҷомеашинос дар маърифати оламу одам аст. Маърифати оламу одам бидуни таҳлилу таҳқиқ наметавонад ҳосил гардад. Ин омил рӯзноманигорро водор месозад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ, омӯзиш ва андеша бошад. Мутаассифона, дар ин самт дар кори рӯзноманигорони мо андаке карахтӣ ба чашм мерасад. Дар муносибат ба мавзӯъ муносибаташон сатҳӣ аст, ба паҳно ва умқи масъалаҳо камтар эътибор медиҳанд, таҳлилҳояшон маҳдуд ва баъзан яктарафа сурат мегирад. Гузашта аз ин, аксари масъалаҳои баррасишуда дунболагирӣ намешаванд, ки аз камҳавсалагии баъзе муаллифон башорат медиҳад.
- Омода намудани мутахассисони ҷавони соҳа дар факултаҳои иртиботманди макотиби олӣ, хусусан, ДМТ дар чӣ поя қарор дорад? Нисбат ба солҳои пешин дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд ё не?
Имрӯз дар Тоҷикистон илова ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 8 донишгоҳи дигар: Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кадрҳои журналистӣ тайёр карда мешаванд. Агар баъзе аз ин мактабҳои олӣ беш аз 50 сол барои ВАО кадр тайёр кунанд, қисми аксар дар марҳилаи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва ҳайати илмиву омӯзгорӣ қарор доранд. Вазъ ва шароити таълим дар ин муассисаҳо яксон набошад ҳам, омӯзгорон аз рӯйи имкон кӯшиш доранд, ки дар тарбияи касбии журналистони оянда саҳм гузоранд. Ин ҷо проблемаи дигар вуҷуд дорад, ки он камтар будани талабот ба ихтисосҳои рӯзноманигорӣ аст. Иттилооти намояндаи Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март дар Академияи ВАО ироа намуд, аз ин шаҳодат медиҳад. Аксари довталабон ҳангоми қабул ба макотиби олии кишвар рӯзноманигориро ихтисоси аввал қарор намедодаанд. Яъне, ағлаби муҳассилини факултаву шуъбаҳои журналистика на бо хоҳиши аслӣ, балки аз рӯйи зарурат ба ин ихтисос қабул шудаанд. Ин ҳолат дар самти тарбияи касбӣ мушкилоти зиёдеро ба бор меорад.
Суҳбаторо
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр