Зан занро беҳтар мефаҳмад.
Марк Туллий Ситсерон
Ҳаёт бо зан кори мушкил аст, аммо бе ӯ ғайриимкон.
Марк Портсий
Занон танҳо сирреро махфӣ нигоҳ дошта метавонанд, ки аз он огоҳ нестанд.
Лутсий Анней Сенека
Зан чӣ ҳам метавонад кунад, дар сурате ки мардаш аз ӯ дида сабукфикртар аст.
Назон Публий Овидий
Тиллоро бо оташ об кардан мумкин асту занро бо тилло, мардро бошад бо зан.
Бо зан хушмуомила бош, то ин ки ӯ дар бораи марди дигар фикр накунад.
Эзоп
Агар зан гирифтанӣ шудӣ, дон ки забонаш чи гуна аст, зеро ки зани бадзабон ин дӯзахи туст.
Менендр
Дӯстро дар рӯзи сахт мешиносанду қаҳрамонро дар ҷанг, бовиҷдонро дар пардохти қарзу хешонро дар вақти мусибат, занро бошад дар камбағалӣ.
Аз афоризмҳои дунёи қадим
Дар ҳузури бегонагон на занро навозиш намову на бо ӯ ҷанҷол бикун, зеро ки ин яке нишонаи бешууристу дигаре нишонаи ҷоҳилӣ.
Клеобул
Табиат ба зан гуфт: Зебо бош, агар тавонӣ, хирадманд бош, агар хоҳӣ, вале боандеша будани ту ҳатмист!
***
Занҳо бисёр дӯст медоранд, вақте ки онҳоро ҷиддӣ ва сахтгир мешуморанд.
Вақте ки зан меранҷад, аз нутқи ӯ маънии солимро интизор нашав.
Мардони бовиҷдон занҳоро дӯст медоранд, аммо барои мардони бевиҷдон занҳо ҷуз воситаи дилхушие беш нестанд.
Пер Огюстен
Зан агар як имконияти зебо буданро дошта бошад, сад ҳазор имконияти дилрабо буданро дорад.
Шарл Луи
Номуси духтар қимматтарин чиз барояш аст, ҳатто аз тамоми мероси дунёӣ.
Уилям Шекспир
Занҳо агар танҳо як роҳи хушбахт карданамонро дошта бошанд, сӣ ҳазор роҳи бадбахт карданамонро доранд .
Занҳо созандаи таъриханд, гарчи таърих бештар номи мардонро ёд дорад.
Генрих Гейне
Таҳияи Идибег Мирзораҳимов,
Давлатшо Обидов
омӯзгорони мактаби №10,
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр