Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилбар Бобоева
- Муаллимаи муҳтарам, чун суҳбатамон дар арафаи Рӯзи модар баргузор мешавад, беҳтар он бувад, ки дар оғоз сухане чанд оид ба нақши бонувон дар муассисаҳои таълимии ноҳия бигӯед.
- Ташаккур. Даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти пурсамару бавусъати бонувон шароиту имкони созгор фароҳам овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбарии хеш ба кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва якчанд санади муҳимро вобаста ба тақвияти нақши занон дар ҷомеа ба имзо расонданд. Солҳои охир мавқеи бонувон дар ҳаёти мамлакат боз ҳам вусъат меёбад ва занон ҳар чӣ бештар ба вазифаҳои масъул ва ба роҳбарӣ ҷалб мешаванд. Пешвои миллат дар Паёми навинашон (26.12.2018) низ оид ба масоили марбут ба занон ба таври муфассал сухан ронда, аз ҷумла, гуфтанд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ин суханони меҳрбунёд ба бонувони кишвар илҳому неруи тоза мебахшанд ва онҳоро ба фаъолияти бештар ҳидоят менамоянд. Мо нақши барҷастаи занонро дар ҷомеа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ равшан эҳсос менамоем. Аз ҷумла, соҳаи маорифи ноҳияро бидуни фаъолияти бонувон наметавон тасаввур кард. Айни замон дар ноҳия аз теъдоди умумии 4720 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ 3644 нафар занон мебошанд, ки беш аз 90%-ашон дорои таълимоти олианд. Мушоҳидаву санҷишу таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки занон бештар масъулиятшиносанд, ба кор муносибати ҷиддӣ доранд, пайваста ба такмили ихтисос машғуланд (маъмулан бо роҳи худомӯзӣ), хонандагонро зуд ва хуб мефаҳманд, ба тозагию ободии муҳит, мактабу дарсгоҳҳо, ба рафтору гуфтори шогирдон бештар ва мунтазам аҳамият медиҳанд, бо омодагии комил ба дарс меоянд, одоби муошираташон бо ҳамкорону хонандагон ва бо волидон дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла, дар озмунҳои «Муаллими сол», «Мутахассиси ҷавони сол», «Мураббии сол» маҳз бонувон ба пирӯзӣ мерасанд… Замоне устод Мирзо Турсунзода бо эҳтирому мамнунӣ гуфта буданд:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ба гумонам, ин нидои меҳрбори устод дар айёми мо баландтар ва ҷиддитару мувофиқтар ба гӯш мерасад.
- Шумо аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шудед. Огаҳӣ доред, ки дар он Сарвари кишвар аз вуҷуд доштани ду мушкилот дар соҳаи маориф – номукаммал будани сафи омӯзгорони соҳибихтисос ва паст будани сатҳи таълиму тарбия изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин боб шумо чӣ мулоҳиза доред?
- Чи хеле ки дар ҷаласаи фаъолияти солонаи Вазорати маориф ва илм аввали соли равон вазири муҳтарамамон Нуриддин Саид зикр карданд, эътирозҳои Сарвари кишвар комилан дурустанд ва аҳли маорифи ҷумҳуриро мебояд, ки барои рафъи онҳо ба таври ҷиддӣ тадбирандешӣ намоянд. Воқеан ҳам, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия омили муҳими кулли комёбиҳо дар соҳа мебошад. Барои ин тадбирҳои зиёдеро бояд амалӣ кард. Дар ноҳияи мо сатҳи таълиму тарбия чандон паст нест, вале бояд фаъолиятамонро боз ҳам вусъат бахшем. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, мекӯшем, ки фаъолияти омӯзгоронамон густурдатар бошад. Беш аз 93%-и омӯзгорони ноҳия маълумоти олӣ доранд ва як гурӯҳи калони онҳо ба корҳои таҳқиқотии илмию методӣ низ машғуланд, соҳибкитобанд. Мекӯшем, ки кори иттиҳодияҳои методии фаннии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, конфронсҳои методию амалӣ, баррасии китобҳои тозанашри соҳавӣ ва амсоли инҳо дар таълимгоҳҳоямон босамар ва судманд бошад. Албатта, дар беҳдошти сатҳи таълиму тарбия кабинети методии шуъбаи маориф мавқеи муҳим дорад. Чунончи, дар давоми нимсолаи охир вобаста ба масъалаи омодасозии хатмкунандагон ба имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, навиштани эссе, кор бо тестҳо ва воситаҳои техникӣ кабинети методии шуъбаи маориф бо омӯзгорони фанҳои гуногун чандин машварату ҳамоишу конфронс баргузор намуд.
Омӯзгорони мо дар курсҳои вилоятиву ҷумҳуриявии бозомӯзӣ ва такмили ихтисос муташаккилонаву фаъолона ширкат меварзанд. Дар мо анъанае роиҷ аст, ки омӯзгорони аз ин гуна курсҳо баргаштаву бо донишҳои навин мусаллаҳшуда бо ҳампешагонашон дар мактабҳо вохӯрда, аз таассуроти худ нақл мекунанд ва ба суолҳо посух мегӯянд, дарсҳои кушод баргузор менамоянд.
Мо аз кулли омӯзгоронамон тақозо дорем, ки дар омӯзишу корбасти воситаҳои техникии таълим мумтоз бошанд. Дар маҷмӯъ, масъалаи такмили сатҳи таълиму тарбия таваҷҷуҳу ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ, татбиқсозии силсилаи чорабиниҳоро тақозо дорад.
- Чандест, ки дар доираҳои аҳли маориф масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз нав сари забонҳо шуда. Маълум, ки дар ҷомеаи муосир ниёзмандӣ ба донистани забонҳо пайваста меафзояд.
- Ин масъалаи муҳими рӯз низ иртибот ба Паёми сарвари кишвар дорад. Президенти муҳтарамамон дар Паём таъкид намуданд: «Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ диҳем». Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Мо чанде пеш мониторинги сатҳи таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар мактабҳои ноҳия баргузор намуда, вобаста ба камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастурҳо додем, чанд машварати методӣ ташкил намудем. Ҳоло дар аксари мактабҳоямон Маркази омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таъсис дод шудааст. Махсусан, фаъолияти чунин марказҳо дар гимназияҳои хусусии «Нур», «Сафина» ва чанд муассисаи таълимии дигар ҷолибу самарманд ва шоистаи омӯзишу пайравист. Мо аз он қаноатмандем, ки чанде аз омӯзгоронамон дар заминаи омӯзиш ва таҷрибаи хеш оид ба роҳҳои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастурҳои методӣ таълиф намудаанд. Хонандагон ҳангоми таълими забони англисӣ (дар ҳамаи мактабҳо) ва зимни таълими забони русӣ (дар қисме аз мактабҳо) ба зергурӯҳҳо тақсим карда мешаванд. Барои омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ҳар гоҳ курсҳои фосилавии омӯзишӣ бо ҳадафи корбасти методҳои фаъоли таълим аз ҷониби устодони варзида баргузор мегардад.
Мо ҳам байни устодон ва ҳам байни шогирдон вобаста ба забонҳои англисию русӣ ҳар сол озмунҳо ташкил менамоем.
Муҳим он аст, ки хонандагони таълимгоҳҳои мо зарурат ва моҳияти донистани забонҳои хориҷиро хуб дарк кардаанд ва дарсҳои забони русию англисӣ фаъоланд.
- Вусъатбахшии ҳамкории аҳли маориф бо волидон, соҳибкорон ва муассисаҳои гуногун низ тақозои замон аст.
- Дар ин боб ҳам сухани гуфтанӣ зиёд аст. Бе дастгириву ҳамкории ҳамешагии аҳли ҷомеа рушди соҳаи маориф имконпазир нест. Илова ба маблағгузорию раҳнамоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмиру ободонӣ ва муҷаҳҳазсозии мактабҳо мо аз дастгирии волидону соҳибкорони саховатпеша васеъ истифода мебарем ва барои ин аз онҳо сипосгузорем. Махсусан, дар таъмири мактабҳову бунёди синфхонаҳои илова соҳибкорони мо саховатмандӣ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин ҳамкорию мададгориҳо буд, ки мо дар татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» қадамҳои устувор ба пеш гузоштем. То сухан ба дарозо накашад, ҳамагӣ як мисол меорам. Танҳо барои харидории таҷҳизоти зарурӣ баҳри кабинети химияи мактаби №10 ва ҳамин гуна кабинети мактаби №15 мо дар маҷмӯъ 35381 сомонӣ харҷ намудем.
Ҳамкориро бо аҳли ҷомеа минбаъд боз ҳам вусъат хоҳем бахшид. Дуруст фармудааанд, ки «Ҳар кӣ ӯ бо дӯстон якдил бувад, Ҷумла мақсуди дилаш ҳосил бувад».
- Муаллима, шуморо, ки яке аз бонувони фаъолу соҳибтаҷриба ва собиқадори соҳаи маориф дар ноҳияи овозаадори Бобоҷон Ғафуров мебошед, ба ифтихори Рӯзи модар табрик мегӯем. Инак, метавонед бо истифода аз минбари ҳафтаномаи «Омӯзгор» аҳли маорифро ба ифтихори ин фархундарӯз табрик бигӯед.
- Ба рамзи табрику таманниёти нек қитъаи зерро чун гулдастаи идона ба кулли модарон тақдим менамоям:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост!
Мусоҳибон
А.МУРОДӢ,
Н.РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр