Модар! Офарандаи ҷаҳони ҳастӣ, офарандаи насли одамӣ, созандаи розу ниёзи зиндагӣ.
Модар! Пайвандгари ҳамаи аслҳову наслҳо, илҳомгари тамоми орзуву ормонҳо.
Модар! Таҷассумгари дунёи маънавӣ, бахшояндаи умеду ормонҳо ба оянда.
Модар! Муаммои беҷавоби Парвардигор, таронаи умедҳо, зудояндаи ғаму ғусса аз қалбҳо, бахшандаи кинаву адоватҳо.
Ҳангоми ба забон овардани калимаи модар дунёи рангоранг, рӯшании замину замон, зебоии табиат, хурсандию хушбахтии ҳаёт ба назар мерасад.
Модар - шахсест, ки ҳамто надорад . Модар барои фарзанд дӯсти меҳрубон рафиқи мушфиқ ва раҳнамои зиндагонист.
Модар ягона шахсест, ки дар тамоми пастию баландии зиндагӣ ҳамқадами фарзанд мебошад. Шахсест, ки фарзандро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва хайрхоҳи ояндаи нек мебошад.
Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми модар ҳаст,ки моро бо оламу одам ошно месозад.
Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, азияткашиҳои зиёди зиндагиро танҳо ба дӯши худ мегираду хастагию бемадориашро пинҳон медорад ва ба касе ошкор намекунад.
Ай модар, танҳо дуои неки ту моро ба шоҳроҳи зиндагӣ мерасонад, танҳо насиҳатҳои ту моро ба орзуҳои ширинамон мерасонад. Танҳо бо дуои ту мо - фарзандон монеаҳои ҳаётро паси сар мекунем.
Эй модар,ту шахси бузургтарини рӯйи олам ҳастӣ,ки ба фитнаю найрангу бозиҳои тақдир сар фуруд намеоварӣ танҳо ба хотири мо фарзандон.
Хушбахт он рӯзам буд, ки ту хурсанду хушҳол будӣ ва ғамнок ҳамон рӯзам буд,ки ту ғамноку қалбат ноором буд.
Эй кош, ҳар ҷигарбандат ба қадрат дар зиндагиат бирасад ва асои дастат гардад ва барандаи ғам аз қалби покат шавад.
Модарҷон, қалбе пок дорӣ, ки беғараз аст. Қалбе, ки ҳаргиз кинаву адоват надорад. Диле мардона дорӣ, модар, диле,ки барои муҳофизати фарзанд доим тайёр аст.
Аҷаб дунёи рангину пинҳону беназир дорад модар.Ба қадри модар ҳамон рӯз мерасем, ки аз оғӯши гармаш раҳо мегардем.
Шоире барҳақ фармуда:
Тифлию домони модар хуш
биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем,
саргардон шудем.
Оре, дунёву давлат ва дороии фарзанд модар аст. Зиндагии инсон бо аллаи модар сар мешавад ва бо зикри номи муқаддаси ӯ ба анҷом мерасад.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Дар васфи модари бузургу муқаддас агар соатҳо, рӯзҳо, ҳафтаҳо, солҳо, қисса кунем, кам аст. Дар дунё то модар ҳаст, инсон ба ягон чиз ниёз надорад. Пас, шукронаи модарон бояд кард.
Ҳамагон таманнои онро дошта бошем, ки модарон чун офтоби пурсахо дар самои ҳар як хонадон ҷовидон бимонанд.
Турамоҳ БАХТУЛҶАМОЛОВА,
омӯзгори мактаби №101,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр