Зани тоҷик аз банди асорати феодализм озод шуда, баробари мардон ҳуқуқ пайдо карда, дар сохтмони ҳаёти нав фаъолона иштирок мекардагӣ шуд. Дар мақолаи И.Иванкин, аъзои КПСС аз соли 1919 «Якумин зан – раиси Совети қишлоқ», ки дар газетаи «Коммунист Таджикистана» (№261, соли 1957) чоп шудааст, дар ин хусус сухан меравад.
…Аввалҳои баҳори соли 1928 комитети партиявии душанбегии ПК Тоҷикистон ба ман супориш дод, ки дар совети қишлоқи Роҳатии ба шефӣ гирифтанамон маъракаи пешазинтихоботӣ гузаронам. Ман ҳамчун раиси ҷамъиятии шефӣ бо ду аскари сурх ба Роҳатӣ рафтем.
…Бегоҳӣ батракҳо ва деҳқонони камбағал дар як ҳуҷрачаи хилвате ҷамъ омаданд ва мо дар бораи ҳаёти нав, дар бораи сохтмони Ҳокимияти Советӣ самимона суҳбат мекардем. Барои ман бо сокинони маҳаллӣ ҳамсуҳбат шудан душвор буд, бо вуҷуди он, бо мушкилӣ бошад ҳам, мо якдигарро мефаҳмидем. Ин суҳбатҳо, ки баъзан то нисфи шаб давом мекарданд, фоидаи калон доштанд. Дар ин шабнишиниҳо ягона зани иштирокчии ин суҳбатҳо Қундузой фаъолона иштирок мекард. Ӯ зани басо боирода, пешқадам, ҷасур буда, дар байни камбағалон обрӯи калон дошт, вале бесавод буд. Қундузой аз бисёр ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати ташкилӣ актив ва ҳам аз ҷиҳати ошкор намудани рӯҳияи ахлоқӣ ба ман ёрӣ расонд. Аксар вақт Қундузой баъди суҳбатҳоямон занони қишлоқро ҷамъ карда, ба онҳо дар бораи гуфтугӯйҳои мо нақл мекард. Як – ду маротиба ӯ ба суҳбатҳоямон якчанд занро ҳамроҳаш гирифта овард. Дар яке аз суҳбатҳо Қундузой таклиф кард, ки дар Совети қишлоқи Роҳатӣ намоиши батракҳо ташкил карда шавад. Ин фикри ӯро аҳли суҳбат маъқул донист. Мо қарор додем, ки дар рӯзи ҷумъа, дар аснои аз бозор баргаштани халқ намоиш барпо намуда, на фақат қишлоқ ба қишлоқ мегардем, балки ба қишлоқ омадани эшону муридҳояшро намоиш медиҳем. Дар ташкили ин намоиш батракҳо ва камбағалон хеле фаъолона иштирок карданд. Бойҳо намоиши камбағалон ва собиқ хизматгорони худро дида ва якдилии онҳоро ҳис карда, маҷбур мешуданд, ки талаби онҳоро қонеъ гардонанд. Ҳамин тавр, баҳори соли 1928 дар Совети қишлоқи Роҳатӣ хоҷагии коллективӣ ба вуҷуд омад, ки он 18 батраки Совети қишлоқро мутаҳид менамуд. Ногаҳон ба вуҷуд омадани ин хоҷагӣ дар маҷлиси комитети партиявии душанбегии ПК Тоҷикистон муҳокима карда шуд, ки ман барои ташкили чунин хоҷагии коллективӣ, аниқтараш коммуна, ки базаи ҳақиқат надошт, гап шунидам. Ҳангоми пешбарӣ кардани номзадҳо ба Совети қишлоқ аҳолии камбағал ба вазифаи раиси Совети қишлоқ бо як овоз Қундузойро пешбарӣ кард. Ман маҷбур шудам, ки бо Қундузой махсус кор барам, ба вай маслиҳат диҳам, кадом масъалаҳо ва чӣ тавр ҳал кардани онҳоро ёд диҳам, дар навбати аввал ба кадом корҳо машғул шуданашро, чӣ тавр мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советиро фаҳмонда диҳам. Қундузой шогирди болаёқат буд, ба кор аз дилу ҷон мекӯшид, фақат бесаводияш андаке халал мерасонд. Барои нигоҳ доштани обрӯи Қундузой ман бо ӯ бо хати арабӣ дар ҳуҷҷатҳо имзо карданро ёд додам. Ғайр аз ин, котиби Совети қишлоқ камбағали босаводи ба кори Ҳокимияти Советӣ садоқатманд таъйин карда шуд. Қундузой кори Советро нағз пеш мебурд, ӯ обрӯи калон пайдо кард, ба маслиҳату тавсияҳои ӯ ҳатто мӯйсафедон гӯш медоданд. Баъдҳо ӯ аъзои КИМ Тоҷикистон интихоб гардид ва дар маҷлисҳои он хеле фаъолона иштирок карда, бо танқид ва фошкунии думравони босмачиён баромад мекард.
Таҳияи
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр