Аз нигоҳи илми муосир омӯзиши фанни биохимия барои донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ аз ду ҷиҳат муҳим мебошад: якум, дар натиҷаи омӯзиши нишондиҳандаҳои биохимиявии мубодилаи сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо дар хун ва пешоби одамони бемор дарди онҳо муайян мегардад ва дуюм, вобаста аз натиҷаҳои ташхис усули табобат тавсия дода мешавад.
Профессори кафедраи биохимияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми биология Анна Сабурова дар ҳамин соҳаи бениҳоят муҳим ва масъулиятнок қариб 60 сол аст, ки фаъолият дорад.
Қиблагоҳи муаллима корманди ҳарбӣ буд ва ба ҳар куҷое, ки ҷиҳати иҷрои масъулияташ мерафт, оилаашро ҳамроҳаш мебурд. Бинобар ин, айёми кӯдакию солҳои мактабхонии Анна Муҳаммадиевна дар минтақаҳои гуногуни кишвар сипарӣ гардидааст. Дар ин сафарҳо Аннаи наврас дарк намуд, ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи тиб ангуштшуморанд ва азм кард, ки дар оянда корманди ин соҳа мешавад. Бо ҳамин орзуҳо ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорид. Пас аз хатми донишгоҳ Анна Сабурова дар кафедраи биохимия ба ҳайси ординатори клиникавӣ ба кор пардохта, то ба имрӯз дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст ва айни замон яке аз мутахассисони шинохтаи соҳаи биохимияи тиббӣ дар ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад.
Мавсуф тавонистааст, ки корҳои таълимиро бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бипайвандад. Соли 1969 таҳти роҳбарии доктори илми биология, профессор Я.А. Эпштейен дар мавзӯи «Механизми муҳофизатии витамини Е ҳангоми осебёбӣ аз таъсири пайвастагии чорхлордоштаи карбон» рисолаи номзади илми тиб ва дар соли 1999 рисолаи докториро дар мавзӯи «Механизми биохимиявии самараноки - токоферол ҳамчун маводи муқобили стрессӣ» бо дастгирию маслиҳатҳои академики АИ ҶТ, доктори илми биология, профессор М. Ёқубова ва доктори илми тиб, профессор Х. Рафиев ҳимоя намуд. Номбурда муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ ва муаллифу ҳамммуалифи зиёда аз 52 дастури таълимию методӣ мебошад. Навиштаҳои илмиаш дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.
Саҳми профессор дар таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ (бо забони давлатӣ ва русӣ) назаррас мебошад. Бо дастгирӣ ва роҳбарии А. Сабурова ва дар ҳаммуаллифӣ ба профессори кафедра Б.Ҷумъаев китоби дарсии «Биохимия» бо забони давлатӣ ва бо теъдоди зиёд барои донишҷӯёни факултаҳои фарматсевтӣ, стоматологӣ, биология ва химияи донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои тиббии кишвар аз чоп баромад. Бо забони русӣ китоби дарсии «Курс лексий по биохимии» нашр шуда, дастраси донишҷӯён гардид. Ҳамчунин, таҳти роҳбарии профессор 4 нафар рисолаи номзади илмро ҳимоя намуданд.
Хизматҳои Анна Сабурова бо нишони фахрии «Аълочии тандурустии СССР» ва ба медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ профессор Анна Сабурова ҷашни мавлуд дорад. Ҳайати устодону кормандони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино соҳибҷашнро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод мегӯянд.
Б.Ҷумъаев,
узви вобастаи АИ ҶТ, профессори
кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи
Абӯалӣ ибни Сино,
З.Давлатназарова,
номзади илмҳои биология,
ходими пешбари илмии
Институти ботаника, физиология
ва генетикаи растании АИ ҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр