Нашрияи Омӯзгор

Модар ва Наполеон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Мавҷудоти олам хеле зиёд аст, бешумор аст ва ҳар яке дар зиндагӣ мавқеи худ, аҳамияти худро дорад. Ҳастии ҳар як ашё ба зоти худ муъҷизаеро мемонад.

Бо вуҷуди ин, аҳли хирад бо қатъият муайян кардаанд, ки бузургтарину муқаддастарин ва муҳимтарин мавҷудоти дунё маҳз модар мебошад. Ҳикмати пурқимати халқии «Модар тоҷи офариниш аст» ба ҳамин маъно башорат медиҳад. Модар офаридгор аст ва ба туфайли эъҷози офариниши ӯ ҳаёт дар сайёра идома меёбад. Аз ин ҷост, ки сарлашкари тавоно ва соҳибхирад Б.Наполеон гуфтааст: «Модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад». Чӣ тавонмандие, чӣ неруи муқтадире! Яъне, бо он ҳама ғуруру мартабаи баландаш, ба он ҳама зафарҳои афсонавиаш, бо он ҳама такаббуру ниҳебаш лашкаркаши камназири фаронсавӣ пеши тавоноӣ ва халлоқияти модар сари таъзим фуруд овардааст. Ин суханони пурҳикмати Наполеон солҳо боз сари забонҳост ва ба лавҳи таълимгоҳҳову фарҳангистонҳо табдил ёфтааст. Умуман, бисёр лашкаркашони маъруф дар ситоиши модар суханони пурмеҳру эътиқод иброз доштаанд, ки ин худ далели барҷастаи тавоноӣ  ва эҳтироми беназири модар аст. Маъмулан сарлашкарон дили сангину бемеҳр ва ҷаҳли шадид доранд, лаҳни суханашон тунд аст. Ва дар ситоиши модар суханони муҳаббатрезу нарму самимӣ ва баландмазмун гуфтани онҳо аз санг рустани гулро мемонад. Боз чанд гуфтаи таърихии Наполеон дар бораи модар маълум мебошад.

Ӯ мегӯяд: «Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар, пеш аз ҳама, ба модарони солиму огоҳ ниёз дорем». Сарлашкари бузург саломативу соҳибмаълумотии модаронро гарави рушди мамлакат ва саодати миллат медонад, на артишу силоҳу зӯрмандиро. Яъне, ӯ маҳз модарро сарвати пурарзиштарин ҳар миллати тамаддунхоҳ муаррифӣ менамояд. Ҷои дигар Наполеони шуҳратманд боз ҳам ба мартабаи волои модар ишора бинмудааст: «Ту зарро бипараст ва ман занро, зеро медонам: зан аст, ки модар аст».

Модар будан занро шарафмандӣ меафзояд, мақомашро дучанд боло мебардорад ва неруи офаридгориашро меафзояд.

Чунонки дар китоби ҳикмате омадааст, сарлашкарон дасти хунолуд доранд, онҳо хоҳ – нохоҳ ба куштор, ба тороҷ даст мезананд, зеро ҷанг қонунҳоро, арзишҳоро қатъи назар мекунад. Сарлашкарон як навъ тимсоли бераҳмию ситезу ғурур шинохта шудаанд, ҳарчанд ин шинохт на ҳамеша ба воқеият мувофиқ аст. Аммо баъзе аз кирдору гуфтори онҳо чеҳраашонро, ниҳодашонро байни мардум ба тарзи дигар бозтоб мекунад. Вобаста ба ин, гуфтаҳои андарзбори Наполеон кирдорҳои мудҳиш ӯро вобаста ба набардҳои хунинаш як қадар ҷуброн мекунанд ва чеҳраи ӯро пеши мардум то ҷое гармтар муаррифӣ менамоянд. Ин ҳам аз шарофату нафосату мартабаи қудсии модарон аст. Аз ин ҷост, ки ҳама пеши модар сари таъзим фуруд меоваранд, эҳтиромаш мекунанд.

Гулнора Аминзода,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи №1 барои

хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш